Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Сарҳади паҳноии илму маърифат боз шуд


Сарҳади паҳноии илму маърифат боз шуд



Имрӯзҳо ду давлати ба ҳам дӯст-Тоҷикистону Ӯзбекистон барои мустаҳкам ва рушд намудани муносибатҳои шарикӣ иқдоми неку созанда нишон медиҳанд. Рамзист, ки вохӯрии сарони ин давлатҳо дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. 


Маҳз ҳамин дӯстӣ буд, ки зимни сафари кории ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон   миёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё  созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. 
Дар ҷараёни гуфтушунид баррасии масъалаҳо дар самти ҳамкории илмӣ ва пешрафти омӯзиши таҷрибаи мутақобила, мусоидат ба ташрифи ҳайати омӯзгорон аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар бо мақсади иштирок дар соҳаҳои тадқиқотии мувофиқашуда, мубодилаи маълумот ва нашри маводҳои илмҳо таҳқиқоти минтақа ва ҷаҳон дар нашрияҳои даврии  илмию таълимӣ сурат гирифт.

Мо аз имзо шудани ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Тирмиз хеле хушҳолем. Ин созишнома ҳадафҳои моро дар ростои пайдо кардани масири ҳамкориҳои наздиктар ва саҳм гузоштан дар ҷомеа расмият мебахшад. Ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо хеле муҳим аст ва ба ин далел ДДБ ба номи Носири Хусрав талош мекунад бо муассисаҳои дигар  ҳамкориҳоро ба роҳ монад. Мо умед дорем, ки ҳамкории Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Тирмиз самарабахш хоҳад буд.  

Айни замон донишгоҳ бо 14 донишгоҳи бонуфузи хориҷи кишвар шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкориро ба имзо расонидааст, ки дар асоси он зиёда аз 200 нафар донишҷӯён аз хориҷи кишвар дар донишгоҳи мо таҳсили илм менамоянд.
Ҳамкориҳои дуҷониба имкон медиҳад, ки раванди таълим бо гирифтани ҳуҷҷати таҳсилоти дудиплома бо таҳсил дар ду донишгоҳи бонуфуз ба роҳ монда мешавад. 

Ҳамчунин, барои олимон имконият медиҳад, то дар арсаҳои муҳим тадқиқоти муштарак анҷом диҳанд.
 
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, 
ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода