ЗАНОН ВА РУШДИ ИЛМИ МУОСИР
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 1 309
Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» конференсияи илмӣ баргузор гардид, ки дар он Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Абдусалом Мирализода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоира Хосият Вализода ва дигар бонувони фаъоли соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ширкат варзиданд.
Конференсияро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода оғоз бахшида, чунин қайд намуд: «Имрӯзҳо нақши занон дар дилхоҳ соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи илм калон мебошад. Бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа баланд бардошта шуда, хизматҳои онҳо қадр карда мешаванд».
Конференсия аз 5 бахш:
- филология;
- табиӣ, риёзӣ ва тиббӣ;
- иқтисодӣ;
- педагогика ва методикаи таълимӣ;
- таъриху сиёсати касбӣ иборат буд.
Ба кори конференсия 112 мақола ворид гардид, ки дар онҳо паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Маърӯзаҳои Шарофат Худойдодова номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ дар мавзӯи «Нақши иттилоот дар рушди тафаккури интиқодӣ», Дилором Маҳкамова номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Н. Хусрав таҳти унвони «Нақши зани мубориз дар публитсистикаи И. Усмонов», Иззатова М.И. доктори илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ дар мавзӯи «Об ва рисолати зан» ва дигарон аз маърӯзаҳои беҳтарин шуморида шуданд.
Дар анҷоми конференсия 30 нафар бонувоне, ки мақолаҳояшон аз ҷониби роҳбарони бахшҳо хуб арзёбӣ гардиданд, бо сипосномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Манучеҳр Сафарзода,
саромӯзгори ДДК
ба номи А. Рӯдакӣ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04