Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ситораи рақси тоҷик


Ситораи рақси тоҷик




Имрӯз санъати рақсии тоҷик бо тамоми унсурҳои миллӣ ба дили бинандагон роҳ ёфта гаштааст. Дар арафаи Рӯзи байналмилалии рақс мусоҳибае доштем, бо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хайринисо Ватанова ва фишурдаи онро пешниҳоди хонандагони гиромӣ менамоем.

-Кадом омилҳо метавонад, ҷавононро ба ин касб ҷалб намояд?

-Сараввал мо - мутахассисон, устодони соҳаи рақс, ансанблҳои рақсӣ бояд санъати зебопарастиро ҳарчӣ бештар дар замири насли наврас бедор намоем. Наврасонро ба ин касб аз даврони кӯдакӣ ҷалб намуда, барои омӯхтани нозукиҳои ин касб онҳоро равона созем. Ҳамчунин ансамблҳои рақсии кӯдаконаро ташкил ва рушд дода, рақси асили тоҷиконаро ба мардум ошно созем.

-Санъати рақс дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Хушбахтона, рақси миллии тоҷик имрӯз мушкилиҳоро паси сар намуда, рӯз то рӯз инкишоф ёфта истодааст. Масалан, мо мебинем, ки дар озмунҳои рақсие, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад, хоҳишмандон хеле зиёданд. Аз ин озмунҳо чеҳраҳои нав ва лаёқатманди зиёдеро рӯи саҳнаи рақси миллии тоҷик овардан мумкин аст.

Таваҷҷуҳи ҷавондухтарон нисбати санъати рақси тоҷик хеле зиёд буда, дастгириҳо аз ҷониби волидайни онҳо низ ба чашм мерасад. Устодони санъати рақси тоҷик бояд ин чеҳраҳоро тарбият намуда, ба онҳо нозукиҳои ин ҳунарро омӯзанд.

-Чаро таваҷҷуҳи мардум ба рақси занона нисбат ба мардона зиёд аст?

-Завқ, таваҷҷуҳ, нигоҳи мардум, нисбати рақси занона имрӯз нисбат ба рақси мардона зиёдтар аст. Зеро рақси занона зебоӣ, шарму ҳаё, нозукиҳое дорад, ки дар рақси мардона онҳо дида намешавад. Ҳамзамон намоиш додани либоси миллӣ, ки дорои махсусияти фарҳанги рақсӣ мебошад, хоси рақси занона аст.

Вале рақси мардона низ имрӯз рӯ ба инкишоф овардааст. Дар ин самт ҷавонписарон низ ба дараҷаи устодӣ расидаанд.

-Коршиносон бар он назаранд, ки мо имрӯз раққосаҳои касбӣ кам дорем. Чаро мисли устодони рақси тоҷики даврони Шӯравӣ дигар чунин чеҳраҳо пайдо намешаванд?

-Устодони санъати рақси тоҷик тавонистанд, як саҳнаи калонро ба тамоми нозукиҳояш пур кунанд. Ҳамзамон бо тамоми нозукиҳои санъати рақсӣ дар дилу дидаи тамошобинон ҷой гирифта тавонистанд.

Рақси асили миллии тоҷикро пешкаш карда, то ба ин рӯз оварда расониданд.

Имрӯз каме андар кам аст, ки як нафар як рақси бутунро, ки 5-10 дақиқаро дар бар мегирад, бо тамоми нозукиҳояш ба мардум нишон диҳад, ки ин корро Зебо Аминзода, Ғаффор Валаматзода, Малика Қаландарова карда тавонистанд.

-Рақси касбӣ чӣ бартариҳо дорад?

-Фарқ миёни раққосаҳои касбӣ ва ғайрикасбӣ дар он аст, ки раққосҳои касбӣ тамоми нозукиҳои онро медонанд ва муаррифгари фарҳанги волоанд.

Ҳоло мардуми санъатдӯсти тоҷик дигар ба он раққосаҳо, ки барои худ мерақсанд, таваҷҷуҳ надоранд.

-Таваҷҷуҳ ба ин касб имрӯз чӣ гуна аст?

-Имрӯз таваҷҷуҳ ба ин касб хело зиёд аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки коршиносон тавонистанд, ки завқу шавқи ин касби дӯстдоштаниро дар қалби ҷавонон бедор намоянд.

А. Абдулмаҷид, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода