Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят аз заминҳои хоҷагии ёрирасони сокинон дидан кард


Раиси вилоят аз заминҳои хоҷагии ёрирасони сокинон дидан кард




Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Гагагини ноҳияи Кӯшониён ҳамчунин аз қитъаи заминҳои хоҷагии ёрирасони сокинон, ки дар миёни мардум ҳамчун “замини президентӣ” маъмул аст, шинос шуд.

Масоҳати заминҳои хоҷагии ёрирасони президентии сокинони деҳа 4 гектарро ташкил дода, дар ин қитъаҳои замин зиёда аз 40 нафар ба кишти маҳсулоти аввалияи ниёзи мардум, аз қабили пиёз, карам, гулкарам, боимҷон ва дар як қисми он бо ташкили гармхонаи мавсимии парвариши маҳсулоти барвақтӣ кишти помидор, бодиринг, картошка ва дигар маҳсулотро ба роҳ мондаанд. 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид самаранок истифода бурдани заминҳоро аз ҷониби сокинони деҳаи мазкур намунаи ибрат хонда, таъкид дошт, ки дар замони муосир ҳар сокини вилоят вазифадор аст, ки ҳар ваҷаб замини дарихтиёрдоштаашро мақсаднок истифода барад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода