Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Чашм у гӯши халқ» Чаро масъулини баъзе шаҳру навоҳӣ ба он таваҷҷуҳ намекунанд?


«Чашм у гӯши халқ» Чаро масъулини баъзе шаҳру навоҳӣ ба он таваҷҷуҳ намекунанд?



Матбуот яке аз воситаҳои расонидани иттилоот, тарғиби арзишҳои миллӣ, равнақ бахшидани корҳои идеологӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, падид овардани заминаҳои нави фаъолияти иҷтимоӣ мебошад, ки дар ҳама давру замон рисолати худро иҷро карда меояд. Аммо дар ҷомеаи кунунӣ нисбати ин шохаи муҳимтарини васоити ахбори омма аз ҷониби баъзе масъулини бахшҳои калидӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мешавад, ки боиси таассуфу нигаронист. Чаро дар бархе шаҳру ноҳияҳо обуна ба нашрияҳои маҳаллӣ хеле кам аст? Муҳаррирони  нашрияҳои музофотӣ аз чӣ норозигӣ мекунанд? Таваҷҷуҳ нест ва ё масъулият?

БА ҶОЙИ САРСУХАН

Ҳадаф аз фаъолият намудани нашрияҳои даврӣ дар маҳал инъикоси воқеъбинонаи рӯйдоду ҳаводис, тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии дастовардҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагии мардум дар маҳал, ҳамчунин дар ин раванд, пурзӯр намудани ҷанбаи иттилоотӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мебошад. Дар ҷаҳони муосир муборизаҳои иттилоотӣ шиддат гирифта истодааст, ки ба тафаккур ва вазъи иҷтимоӣ таъсири амиқ мегузоранд.

Матбуот низ яке аз воситаҳои муҳими иттилоотонӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти иҷтимоӣ ва идеологӣ нақши бориз дорад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҷомеа баланд ҳисобида, чунин изҳор медоранд: “Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ маҳсуб ёфта, ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад”.

Аммо имрӯз қариб дар ҳамаи нашрияҳои даврии маҳаллии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мушкилоти зиёде дида мешавад. Аксари нашрияҳои маҳаллӣ бинои муносиби корӣ надоранд, ки дар он ҷо фаъолияти худро пеш баранд. Маоши вазифавии кормандон хеле кам аст, ки бо он миқдор аксари мутахассисони соҳа фаъолият намекунанд. Теъдоди нашрашонро низ метавон ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд. Дар ин раванд, баъзе нашрияҳо аз дастгириҳои муассиси худ бархӯрдор нестанд. 

Ин омилҳо метавонад ба таври чашмрас ё қаноатбахш фаъолият намудани нашрия халал ворид созад. Ҳамчунин, дар чунин шароит мазмуну мундариҷаи маводи интишоршудаи нашрия низ паст мешавад.

ЧАРО ТАВАҶҶУҲ НЕСТ?

Тибқи иттилои шуъбаи иттилоотӣтаҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, пасттарин нишондиҳандаи обуна дар нашрияҳои маҳаллии “Паёми Дӯстӣ” (ноҳияи Дӯстӣ – 600 нусха), “Гулистон” (ноҳияи Фархор – 850 нусха), “Ҳаёти нав” (ноҳияи Панҷ – 980 нусха), “Истиқлол” (ноҳияи Темурмалик – 1000 нусха), “Насими Терай” (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – 1000 нусха), “Саодатнома” (ноҳияи Носири Хусрав – 1000 нусха), “Навиди Ҳамадонӣ” (ноҳияи Ҳамадонӣ – 1080 нусха), “Навиди Кӯлоб” (шаҳри Кӯлоб – 1100 нусха), “Навиди Ховалинг” (ноҳияи Ховалинг – 1170 нусха), “Навиди Балҷувон” (ноҳияи Балҷувон – 1300 нусха), “Баҳористон” (ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – 1430 нусха), “Нури Норак” (шаҳри Норак – 1500 нусха), “Навиди Ҷайҳун” (ноҳияи Ҷайҳун – 1500 нусха), “Нури Сарбанд” (шаҳри Левакант – 1500 нусха), “Набзи Бохтар” (шаҳри Бохтар – 1500 нусха), “Навиди Балх” (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – 1600 нусха), “Гулхани Восеъ” (ноҳияи Восеъ – 1630 нусха) ба назар мерасад, ки ин нигаронкунанда аст.

Воқеан, барои ноҳияе, ки зиёда аз 100 ҳазор аҳолӣ дорад, обуна шудан ба нашрияи маҳаллии худ дар теъдоди 600-2000 нусха айб аст. Нашрияи маҳаллӣ инъикоскунандаи воқеоти рӯзмарраи худи ҳамон маҳал ба ҳисоб меравад, ки метавонад натиҷаву дастовардҳои соҳаҳоро ба омма нишон диҳад.

Аммо боиси таассуф аст, ки аз ҷониби мутасаддиёни мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва масъулини бахшу шуъбаҳои дахлдор ба рӯзномаву рӯзномахонӣ ба таври лозима таваҷҷуҳ карда намешавад. Обунаи ками онҳо ба нашрияҳои худӣ далели гуфтаҳои боло шуда метавонад.

МУҲАРРИРОН МЕТАРСАНД?

Баъзе муҳаррирони нашрияҳои даврӣ аз суҳбат бо мо дар мавзуи шароити корӣ худдорӣ карданд. Бидуни шубҳа, гуфтан мумкин аст, ки омили суҳбат накардани муҳаррирон тарс доштан аз муассисони худ мебошад.

Муҳаррири як нашрияи даврӣ бо шарти ифшо нашудани номаш, зимни суҳбат изҳор дошт, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия фақат маоши кормандон ҷудо мешавад.

“Маблағе, ки аз ҳисоби обунаи нашрия ҷамъ мешавад, ҳамагӣ барои чопи 30 шумораи рӯзнома дар шакли сиёҳсафед барои як сол басандагӣ мекунаду халос. Агар шумораҳои ранга чоп кунем, хароҷоти калон дорад. Ҳамчунин, мо барои ободонии идора, ҳавасмандгардонии кормандон ва ҷалби бештари коргарон имконият надорем”, - бо таассуф изҳор медорад ҳамсуҳбати мо.

Ҳамин тариқ, Ҳусейн Мирзоев, сармуҳаррири рӯзномаи “Нури Норак”, зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки на аз лиҳози молиявӣ ва на аз лиҳози кормандон танқисӣ намекашанд. Нақшаро низ сари вақт 100% иҷро кардаанд.

-Барои чопи рӯзнома касеро ташвиш намедиҳем, худамон чоп мекунем. Шароити кориамон хуб аст. Айни замон ба дастгирӣ низ ниёз надорем, – илова намуд ҳамсуҳбати мо. Аммо муроҷиатҳои мо барои пайдо намудани рақами телефони муовини соҳавӣ (ва ё игар масъулин) бенатиҷа анҷомид.

Ҳамчунин, саволе ба миён меояд, ки барои шаҳре, ки наздики 60 ҳазор аҳолӣ дорад, нашр шудани 1500 нусхаи рӯзномаи маҳаллӣ то кадом андоза метавонад фазои иттилоотиро пур карда, дастраси аҳолӣ гардад? Гузашта аз ин, «Нури Норак» ягона нашрияе дар вилоят аст, ки суратҳисоби алоҳида надорад.

9 МАКТУБИ БЕПОСУХ...

Чуноне ки дар боло ишора кардем, баъзе нашрияҳои маҳаллӣ аз дастгирии муассисони худ ба таври лозима бархӯрдор нестанд. Нақшаи обунаи рӯзномаи “Гулистон”-и ноҳияи Фархор аз 2960 нусха ҳамагӣ 850 нусха (26%) иҷро шудааст, ки ин нисбат ба аҳолии ноҳия (зиёда аз 170 ҳазор) хеле кам аст. Саидаҳмад Исмоилов, сармуҳаррири ин нашрия, дар  суҳбат ба мо изҳор дошт, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор умуман дастгирӣ наёфтаанд. “Борҳо ба масъулини  мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, хусусан ба раиси ноҳия муроҷиат намудем, аммо ҳамааш бенатиҷа анҷомид. Аз нигоҳи молиявӣ низ ба ғайр аз маош дигар ҳеҷ дастгирие намебинем. Ҳамагӣ ду кабинети корӣ дорем, ки дар онҳо 7 корманд фаъолият мекунад ва дар ин ҷо низ аз мизу курсӣ танқисӣ мекашем”,- гуфт сармуҳаррир.

Дар ин раванд, Мустафои Ҳорун, сармуҳаррири нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – “Насими Терай”, низ бо норозигӣ изҳор медорад, ки масъулини ноҳия зиёд шудани шумораи умумии обунаро баҳона карда, ба рӯзномаи маҳаллӣ хунукназарӣ мекунанд. “Аз нигоҳи нашри мавод, кормандон ва ҳамкории шаҳрвандон мушкилӣ надорем, аммо аз дастгирии мақомот бенасибем. 9 маротиба ба масъулин мактуб кардем, вале натиҷа надод. Маблағи обуна барои чопи рӯзнома намерасад. Соли 2022 маблағ барои чопи рӯзнома нарасид, аз ҳисоби маблағҳои обунаи соли 2023-юм боқимондаи рӯзномаҳоро чоп кардем. Соли гузашта низ ҳамин тавр шуд. Иҷрои нақшаи обуна аз ҷониби аксари ҷамоатҳои ноҳия ба миқдори хеле кам ба назар мерасад”. 

Ҳамин тариқ, бо Фирӯзҷон Ғоибов, сармуҳаррири рӯзномаи “Навиди Кӯлоб” - нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, суҳбат намудем, ки ӯ низ аз дастгириҳои муассиси худ норозигӣ баён кард. «Азбаски обунаи нашрияи мо дар нақшаи вилоятӣ нест, аз ҷониби мақомот ба мо кам таваҷҷуҳ карда мешавад. Аввал нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, хусусӣ ва пасон ба нашрияи маҳаллӣ обуна мешаванд, ки дар охир теъдоди он хеле кам мешавад»,- афзуд ӯ. Дар сатҳи маҳал барои шаҳре, ки зиёда аз 230 ҳазор аҳолӣ дорад, обуна шудан ба 3000 нусхаи нашрияи маҳаллӣ вазнинӣ мекунад? Ин дар ҳоле аст, ки тахминан ба сари 7000 шаҳрванд 1 шумораи рӯзнома рост меояд. Аммо дар айни муддао ин рақам шумораи расмӣ нест. Теъдоди обуна айни ҳол 1100 нусхаро ташкил медиҳад.

МАСЪУЛИН ЧӢ МЕГӮЯНД?

Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ – “Паёми Дӯстӣ” яке аз нашрияҳое мебошад, ки камтарин теъдоди обунаро дар байни нашрияҳои музофтии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дорад. Ноҳияи мазкур наздики 130 ҳазор аҳолӣ дорад, аммо теъдоди обунаи рӯзнома 600 нусха мебошад, ки ин бениҳоят кам аст. Ҳамчунин, то ҷое иттилоъ дорем, идораи нашрия низ ба талабот муносиб набуда, шароити хуби корӣ надорад.

Зимни суҳбат оид ба ин масъала, Шамсиддин Мирзосафарзода, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, изҳор дошт, ки ҷиҳати зиёд намудани обунаи рӯзнома  нақшаи иловагӣ пешбинӣ шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ин замина, аз ҷониби раиси ноҳия дастур дода шуд, ки барои таъмири бинои идораи рӯзнома нақша тарҳрезӣ намуда, корро шуруъ кунанд.

Дар ин раванд, бо муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав Машҳура Азимзода суҳбат доштем, ки нисбатан вазъи нашрияи маҳаллӣ ва дастгирии мақомотро хуб арзёбӣ намуд: Ҳар сол нақшаи обуна 1000 нусха буд, дар маъракаи обуна то 800 нусха иҷро мешуд. Соли равон онро ба 1200 нусха расондем, то имрӯз нақша 1000 нусха иҷро шудааст Ҷиҳати таваҷҷуҳ ба рӯзномаи маҳаллӣ аз ҷониби сокинон ва масъулини ҷамоату шаҳарак усули хона ба хона ташкил намудем. Дар ин замина, якуним саҳифаи рӯзномаро бо забони ӯзбекӣ баровардем. Зеро аксари аҳолии ноҳияи мо ӯзбекзабонанд ва ин иқдом то як андоза натиҷа дод”.

Аммо Сумангул Асадбекова, сармуҳаррири нашрияи “Саодатнома”-и ноҳияи Носири Хусрав, дастгириҳои мақомоти иҷроияи маҳаллиро нокифоя номида, изҳор дошт, ки “дар маҷлисҳо боре ҳам гуфта намешавад, ки ба нашрияи маҳаллӣ обуна шавед ва имрӯз мо дар як идора иҷора истодаем”.

Дилбар Раҳматуллозода, муовини раиси ноҳияи Фархор, дар рафти суҳбати телефонӣ изҳор дошт, ки ин масъулиятро тӯли 10 рӯз мешавад, ки ба уҳда гирифтааст ва ҷиҳати рафъ намудани мушкилӣ дар мувофиқа бо роҳбарият ҷораҷӯӣ мекунад.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён низ зимни суҳбат ба мо айнан чунин ҷавоб дод: “Мувофиқи сметаи пешниҳоднамудаи масъулини рӯзнома ҳамасола дастгирии молиявӣ мекунем. Барои зиёд намудани обуна низ чораҷӯӣ менамоем”.

НАМУНАИ ИБРАТ Ё...

Имрӯз дар баробари нашрияҳои маҳаллии теъдоди камдошта, инчунин ҳастанд нашрияҳое, ки теъдоди нашрашон нисбатан хубтар аст.

Дар сатҳи маҳал нашрияҳои “Тахти Қубод” (ноҳияи Қубодиён – 4000 нусха), “Кӯшониён” (ноҳияи Кӯшониён – 3200 нусха), “Вахш” (ноҳияи Вахш – 3000 нусха), “Субҳи Ёвон” (ноҳияи Ёвон – 3000 нусха), “Субҳи Шаҳритус” (ноҳияи Шаҳритус – 2620 нусха), “Хуросон” (ноҳияи Хуросон – 2500 нусха), “Симои Данғара” (ноҳияи Данғара – 2200 нусха), “Кулябская правда” (шаҳри Кӯлоб - 1900 нусха) нисбатан бо теъдоди хуб нашр мешаванд. Аммо ин низ ба талабот ҷавобгӯ нест. Зеро аҳолии баъзе аз ноҳияҳо зиёда аз 200 ҳазор нафар мебошанд, ки дар қиёс хеле кам ба назар мерасад.

АНДЕШАИ МУАЛЛИФ Ё ЧАНД ПЕШНИҲОД

Чуноне ки аз маълумоти дар боло овардашуда маълум гардид, вазъи фаъолияти нашрияҳои даврии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон қонеъкунанда набуда, аксарият аз ҷониби муассисони худ ба таври лозима дастгирӣ намеёбанд. Бо мақсади беҳтар намудани сифати фаъолият дар нашрияҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо чанд пешниҳод менамоем:

-пеш аз ҳама, аз лиҳози молиявӣ маоши кормандони нашрияҳои маҳаллӣ ба таври имконпазир боло бурда шавад;

-дар маъракаи обуна таваҷҷуҳи  масъулин ба нашрияҳои маҳаллӣ бештар гардад;

-муовинони соҳавӣ фаъолияти нашрияҳои давриро бо мақсади пурқувват намудани самти идеологӣ дастгирӣ кунанд, на ба хотири мақоли “Хоҷам, боғ дорӣ? – Дорам!”;

-шароити кории мусоид барои кормандон фароҳам оварда шавад;

-аз муҳаррирони нашрияҳои маҳал ҳамчун котиби матбуотии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ истифода нашавад;

-барои зиёд намудани нашри рӯзнома (ҳадди ақал ҳафтае як маротиба) мусоидат кунанд;

-инчунин, муҳаррирони нашрияҳоро низ зарур аст, ки беаҳамиятӣ зоҳир накарда, аз таҷрибаҳои нашрияҳои фаъолияти хубдошта истифода кунанд.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода