Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Истифодаи самарабахши замини наздиҳавлигӣ


Истифодаи самарабахши замини наздиҳавлигӣ




Имрӯз, 26 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои саҳроӣ, мулоқоту суҳбат бо сокинон, боздид аз корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Кӯшониён сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст, раиси вилоят аз раванди истифодаи самарабахши замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Гагарини Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” Абдураҳмон Иззатуллоев дидан кард. 

Замини наздиҳавлигии ӯ аз 0,10 гектар иборат буда, айни ҳол бо мақсади таъмини хонаводаи худ ва таъмини бозор бо маҳсулоти хушсифати барвақтӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигиаш барои парвариши маҳсулоти  кишоварзӣ 4 гармхона ташкил намудааст. Дар 3 гармхона парвариши барвақтии қаланфури булғорӣ ва дар яктои дигар парвариши бодирингро ба роҳ мондааст. Дар 0,2 гектар қитъаи боқимондаи замини наздиҳавлигиаш картошка кишт кардааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода