Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «Иброҳим, кай ба ватанут мерай?»


«Иброҳим, кай ба ватанут мерай?»



Ин суоле буд, ки ҳар боре афғонҳо бо нешу истеҳзо аз ман мепурсиданд, мисли ханҷар ба синаам мехалид, - мегӯяд Иброҳим Ҳалимов, ки соли 1992 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба Мазори Шарифу Ҳирот ҳиҷрат карду бо амри тақдир 16 сол он ҷо монд. Тӯли ин муддат Иброҳиму 8 фарзандаш ҳатто як лаҳза ҳам худро дар Афғонистон муқимию ватандор эҳсос накарданд, чун ҳамеша ангуштнамо буданд, ки «ту тоҷикӣ, бегонаӣ…».
 
Хонаи обод, дастурхони пурнозу неъмат, хоҷагии деҳқонии пурмаҳсул, замини ҳосилхез, ҳайвоноти аҳлӣ ва рӯзгори таъмину осоишта - ин ҳамаро то 6 сол пеш Иброҳим Ҳалимов, сокини деҳаи «Авесто»-и ҷамоати деҳоти «Тахти сангин»-и ноҳияи Қубодиён, надошт. Вай, ки ҳанӯз тирамоҳи соли 1992 ҳамроҳи зану фарзандонаш ба Афғонистон ҳиҷрат карда буд, 16 сол дар мулки бегона ранҷи ғарибӣ кашида, соли 2008 ба Ватан баргашт.
 
Хонаводаи Иброҳим дар Ҳирот маскан гирифта буд. Хаймаеро барояш дода буданд. Бо чаҳор фарзандаш он ҷо сукунат дошт. Азбаски маълумоти олии иқтисодӣ дошт, ӯро дар идораи гумруки Ҳирот ба кор пазируфта буданд.
 
- Аз ман гоҳе мепурсанд, ки «Чаро ранҷи ғарибиро 16 сол таҳаммул кардӣ, дар ҳоле ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хеле пештар аз ин хатм шуда буду дар Ватан сулҳу субот ҳоким шуд?», - мегӯяд Иброҳим. - Пештоз бояд бигӯям, ки мо аслан намехостем гуреза шавем.
 
Дарди ғарибӣ бисёр сахт аст. Дар ҳар нафас ба ёди Ватан будам. Ҳеҷ гоҳ дил ба кишвари бегона набастам. Он ҷо мардум қавмгаро ҳастанд. Баъзеяшон ҷоҳиланд ва муҳоҷиронро асло ҳамчун ҳамватан қабул надоранд. 4 фарзанди мо дар Ҳирот зода шуданд, аммо ҳатто онҳоро мегуфтанд, ки «бачаи тоҷикӣ, бегонаӣ». Аммо азбаски ҳамлу нақл дар дохили Афғонистон ҳам бехатар набуд, ҳеҷ имкон намеёфтем, ки ба Ватан баргардем…
 
Иброҳим дар ҳасрати Ватан ва пайвандонаш боре тариқи радио пайғоме фиристод:
Аз ин ҷо то Ватан якрӯза роҳ аст,
Ду чашми модари пирам ба роҳ аст.
Паём бар модари пирам расонед,
Нигаҳдорам фақат Парвардигор аст.
 
Хумори боғу бӯстони Ватан, дидори пайвандону дӯстон, бемактабу камсавод мондани фарзандон, дарди ғарибию бегонаситезии бархе афрод дар Афғонистон ва орзуи ояндаи озоду ободу рӯзгори осоишта хонаводаи Иброҳим Ҳалимовро барои бозгашт ба зодгоҳ таҳрик дод…
 
Ҳамдеҳаҳо аз бозгашти деринтизори Иброҳиму хонаводааш бисёр хуш шуданд. Ба ӯ дар бозсозии манзили харобшудааш кӯмак карданд. Муддате ғизову ашёи рӯзгорашонро таъмин менамуданд, то ин оилаи муҳоҷир лаззати соҳибватан буданро бичашад, бидонад, ки Тоҷикистон ба сарнавишти ҳар як тоҷикистонӣ беаҳамият  нест.
 
Ҳоло Иброҳим шукронаи ваҳдати саросарӣ ва тинҷию амонии Ватан мекунад, ки тӯли 6 сол зиндагии дубораашро аз сифр шурӯъ карда, тавонист хонаву дар бисозад, дар замини наздиҳавлигиаш маводи кишоварзӣ бипарварад, чорводорӣ кунад ва рӯзгорашро ба сомон орад. «Субот дар зиндагӣ бисёр муҳим аст. Дар мулки ғарибӣ мо ин чизро надоштем. Асоси суботу осоиштагӣ маҳз ваҳдату якдигарфаҳмӣ аст, ки шукр, дар кишвари азизамон пойбарҷост», - мегӯяд ӯ.
 
Фарзандони Иброҳим Ҳалимов, ки дар зарфи 16 соли муҳоҷират имкони таҳсил дар Афғонистонро надоштанд, баъди бозгашт ба Ватан ба таълим дар дабистонҳо фаро гирифта шуданд. Иброҳим аз дараҷаи дониши онҳо қонеъ аст ва мехоҳад, ки фарзандонаш дар оянда таҳсилашонро дар мактабҳои олии кишвар идома диҳанду ба халқу Ватан хизмат кунанд. Аллакай яке аз писарони ӯ пас аз хатми мактаб ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ шомил гардида, ҳамзамон дар кори хоҷагидорӣ дастёри падар шудааст.
 
- Тоҷикистони мо рӯз аз рӯз ободтару зеботар мешавад, ки нишонаи пойдории сулҳу Ваҳдат аст, - зикр кард И. Ҳалимов.  – Бо талошҳои давлату Ҳукумат ва Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳоло некуаҳволии мардум беҳтар шудааст. То замони ҷанг банда ба ҳайси муҳосиб кор мекардам, зиндагии таъмин доштам, аммо харидани мошин даст намедод. Ҳоло шукри тинҷию амонӣ ва ваҳдати миллӣ мекунем, ки ҳамагӣ доротар шудаем. Дар ҳар хона камаш як мошини сабукрав ҳаст, ки нишонае аз беҳбуди зиндагист. Аз ин рӯ, бояд ваҳдату ягонагиро бештару пештар аз ҳама нигоҳ дорем.
 
Ба иддаои Иброҳим Ҳалимов, муҳоҷири сарсахти тоҷик, ки азияти ғарибиро чашидааст, маҳз ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва муттаҳидию заҳматнописандии халқ боиси боз ҳам пешрав шудани кишвари азизамон –Тоҷикистони биҳиштосо мегардад.
 
Н. Мустафо
26 июни соли 2014. №25 (2966)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода