Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «Ризқе, ки мо имрӯз дорем, дар давраи СССР надоштем»


«Ризқе, ки мо имрӯз дорем, дар давраи СССР надоштем»




Хоҷагии деҳқонии «Муҳаммади Шафеъ»-и ҷамоати деҳоти «Нури Ваҳдат»-и ноҳияи Панҷ зодаи замони ваҳдати миллӣ буда, дар вилоят яке аз пешқадамон маҳсуб меёбад. Масъулияти роҳбарии он бар зиммаи марди шариф Ҳоҷӣ Ҷумъа Самиев вогузор гардидааст.


Ин суоле буд, ки ҳар боре афғонҳо бо нешу истеҳзо аз ман мепурсиданд, мисли ханҷар ба синаам мехалид, - мегӯяд Иброҳим Ҳалимов, ки соли 1992 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба Мазори Шарифу Ҳирот ҳиҷрат карду бо амри тақдир 16 сол он ҷо монд. Тӯли ин муддат Иброҳиму 8 фарзандаш ҳатто як лаҳза ҳам худро дар Афғонистон муқимию ватандор эҳсос накарданд, чун ҳамеша ангуштнамо буданд, ки «ту тоҷикӣ, бегонаӣ…».

Хоҷагии мазкур корро аз чорводорӣ сар карда, ҳоло соҳиби 400 гектар чарогоҳ ва беш аз 70 гектар замини корами обӣ мебошад. 
 
- Дар баъзе хоҷагиҳо комплексҳои чорвопарвариро валангор карда, ҳама дороияшро аз байн бурданд, - мегӯяд Маъруф Нуруллоев, коршиноси арсаи кишоварзӣ. 
 
- Вале хурсандибахш аст, ки бобои Ҷумъа фермаи куҳнаро бо заҳмати шабонарӯзӣ аз нав эҳё намуда, саршумори чорвои калони шохдорро ба 240 сар расонид. Дар замоне, ки нархи сӯзишворӣ, нуриҳои маъданӣ ва қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишоварзӣ ҳар лаҳза тағйир меёбад, истодагарӣ карда тавонистан ва гузашта аз ин, чорводор ва ҳам кишоварзи муваффақ будан кори осон нест. Маҳз бинобар ин омилҳо Ҷумъа Самиев дар ноҳияи Панҷ ва атрофи он ҳоҷат ба муаррифӣ надорад.
 
- Обрӯи ман аз ҳисоби ҳамин фермаву заминҳоям ва соҳибкориам аст, - мегӯяд Ҷумъа Самиев. - 10 фарзанд дорам, ки ҳар кадомаш барои иҷрои коре дар хоҷагӣ вазифадор гардидааст. Шумораи умумии кормандон аз 50 нафар ҳам зиёд буда, ба онҳо бо изофаи маош аз ҳосили бадастомада маҳсулоти дилхоҳашон дода мешавад, ки агар дар маҷмуъ ҳисоб кунем, ҳар моҳ қариб 1000 сомонӣ мешавад.
 
Зимнан, бобои Ҳоҷӣ Ҷумъа кулли комёбиҳои истеҳсолиашонро аз ҳукмфармоии сулҳи сартосарӣ дар кишвар ва якдилии мардуми тоҷик арзёбӣ кард. «Мо агар шабу рӯз шукри ваҳдатро кунем, кам аст, зеро тамоми дастовардҳои хоҷагии «Муҳаммади Шафеъ» маҳз аз самари он аст. Шукри Худо, шукри Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ризқе, ки мо имрӯз дорем, дар давраи СССР надоштем. Дар рӯйи дастархонҳоямон, дар бозорҳо ҳама чиз ҳаст. Ё масъалаи диниро бигирем. Ҳозир аз як ноҳияи Панҷ ҳамасола 66 нафар ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегардад. Аммо дар дар замони Шӯравӣ, он ҳам дар солҳои ахири суқуташ, аз тамоми ҷумҳурӣ 10-15 кас ҳоҷӣ шуда метавонисту бас», - гуфт ӯ.
 
Хоҷагии деҳқонии мазкур даъватҳои инсондӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, пайваста ба эҳтиёҷмандон кӯмак мерасонад.
 
Соли гузашта дар варзишгоҳи ноҳия хатнасури 128 кӯдаки оилаҳои ниёзмандро пуршукӯҳ барпо намуда буд. «Ман бештар ба сарҳадбонҳо кӯмак мерасонам. Зеро ҳам хонаам ва ҳам ҷойи корам дар марз аст. Кӯшиш мекунам, ки дар ҳама маъракаҳояшон ба онҳо маводи ғизоӣ бидиҳам. Ин корро фақат ба он хотир мекунам, ки онҳо фарзандвор посбони амнияту оромии мо ҳастанд, вагарна, шукри ваҳдати Худодода, ин қисмҳои низомӣ ҳоло аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашанд», - изофа кард Ҳоҷӣ Ҷумъа.
 
Бешак, маҳз ваҳдати миллӣ аст, ки ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳам арсаи кишоварзӣ дар тамоми вилояти Хатлон беш аз пеш рушд кардан дорад. Пас, ба қадри он мебояд расид ва монои гавҳараки чашм ҳифзаш кард.
 
М. МУҲАММАДЗАКӢ
 
Рӯзномаи “Хатлон” №25 (2966) аз 26 июни соли 2014

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода