Чаро афсонагӯӣ аз байн меравад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 492
- Ку бачаҳо, зуд хоб кунед!
-Модарҷон, аввал ба мо афсона гӯед.
- Не, ман хастаам, ку тез гузашта хоб кунед.
- Ба мо афсона гӯед, баъд хоб мекунем.
- Чӣ, шумо магар маро нафаҳмидед?! Хоб равед гуфтам, ки ҳоло «баба»-ро ҷеғ мезанам, омада мехӯрадатон…
Ана, ҳамин тавр кӯдаконро маҷбур мекунем, ки хоб раванду мо ба онҳо афсона нагӯем. Афсона гуфтан, ин анъанае буд аз замонҳои қадим, ки ҳангоми хобонидани дӯстрӯйякон нақл мекарданду кӯдакон бо хаёлоти рангин ба хоби ноз мерафтанд. Аммо, мутаассифона, ҳоло ин анъана қариб, ки аз байн рафтааст ва ба замми ин, кӯдаконро бо ҳар гуна суханони ваҳмангез тарс дода, мехобонем. Ва дар ҳоле, ки кӯдак нақли афсонаеро интизор аст, бархе аз волидон намехоҳанд афсона нақл кунанд ва ана, “баба“ омада мехӯрад гӯён кӯдакро метарсонанду, бо ин роҳ ӯро хоб мекунонанд. Вале фикр намекунанд, ки ин метавонад ба руҳияи кӯдак таъсири манфӣ расонад. Яъне кӯдак тарсида хоб мекунад ва шояд хобҳои даҳшатнок ҳам бубинад ва нороҳату гирёну асабӣ аз хоб бедор гардад.
Модари ҷавоне, ки нахост номаш зикр шавад, чунин гуфт: -Ҳоло мо аз телефонҳо як сурудро мемонем, кӯдак худаш хоб меравад, корамонро мекунем, меистем афсона гуфта. Шабона аз телевизион филми тасвириро тамошо карда хоб мекунанд. Замонҳои пеш телевизион, радио, телефон набуд. Аз ҳамин сабаб ҳангоми хобонидани кӯдак афсона нақл мекарданд. Ман афсона намедонам, ки гӯям. Филмҳои тамошокардаамро бошад, худашон медонанд.
Аммо, андешаи бархе аз калонсолон нисбат ба ин масъала дигаргуна аст.
Ризқинисо Мирзоева мегӯяд, ки ман аз аввал афсона нақл карданро дӯст медоштаму медорам ва ҳоло, ки бибӣ ҳастам, ҳар бегоҳ ба набераам афсонаю ҳикоя ва қиссаҳои «Бозоргон ва тутӣ», «Подшоҳ ва ғулом» ва монанди инҳоро нақл мекунам ва агар ӯ куҷое аз ин афсонаҳоро нафаҳмида монаду пурсон шавад, ман мефаҳмонам.
Вақте ки афсонаҳои тарбиявӣ нақл мекунӣ, аллакай кӯдак хубро аз бад фарқ мекунад. Ҳоло модаронро майли афсона гуфтан намондааст, ё худ афсона намедонанд. Агар онҳо бо забони ширин гӯянд, ки писарҷон, биё, ман афсона нақл кунам, ту хоб рав, кӯдак розӣ мешавад ва оҳиста-оҳиста ба афсонашунавӣ одат мекунад. Кӯдакро аз хурдиаш тарбия кардан даркор, - афзуд номбурда.
Ба ақидаи Рухшона Шоинова, равоншинос, аҳамияти ҳамарӯза зоҳир сохтан ба кӯдак аз тарафи волидайн ин худ як афсонаи ширин аст. «Зеро ҳар як зӯроварие, ки дар ҳамон хонавода мешавад, аллакай ба худи кӯдак низ таъсирашро мерасонад. Яъне вақте, ки шаб кӯдакро бо нақли як афсонаи хуб мехобонӣ, субҳ ӯ бо як руҳи болида аз ҷой мехезад. Вақте кӯдак афсонаро мефаҳмад, худро дар ҳамон олами афсонавӣ тасаввур карда, хоб мекунаду асабҳояш ором мегардад. Хуб мешавад агар волидон кӯдаконро барои тамошои телевизион камтар рухсат диҳанд, зеро филмҳои гуногунро дида, асабҳои онҳо хароб мегардад- изофа кард Р. Шоинова низ ин фикрро ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки Муаллима М.Баротова дар ташаккули сифати кӯдак афсона таъсири мусбӣ мерасонад. Яъне пас аз синни 2-солагӣ мо бояд ба кӯдак афсона гӯем. Дар ин вақт тафаккури кӯдак ба монанди варақи холӣ аст ва ҳар чизеро, ки гуфтӣ, зуд қабул мекунад, маърифатнокиашон зиёд мегардад. Афсонаро низ ҳар кас қисса карда наметавонад. Зеро он бояд тавре нақл карда шавад, ки кӯдак барои хеш чизи мусбиеро қабул кунад», - зам кард мавсуф.
Шояд талаби замон бошад, ки ҷойи афсонаро имрӯз телевизиоу радио ва ё телефон гирифтааст, аммо ба андешаи ин ҷониб, ҳар як чиз ҷойи худро дорад ва афсона бошад, замина мегузорад ба маърифатноку хушхулқ шудани кӯдак.
Низомиддин ИСОЕВ5 декабри соли 2013. №46 (2939)