Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДОНАИ ОФТОБПАРАСТУ САҚИЧ ХОИДАН ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ЗЕБАНДА НЕСТ


ДОНАИ ОФТОБПАРАСТУ САҚИЧ ХОИДАН ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ЗЕБАНДА НЕСТ




Ҳамарӯза мушоҳида мекунем,  ки баъзе бонувони зебои мо дар кӯчаву бозор, хонаву рӯйи ҳавлӣ,  ҳатто  дар  дохили  нақлиёти мусофирбару ҷойҳои ҷамъиятӣ гоҳо  аз  бекорию  серкорӣ,  бо баҳонаи «асаборомкунӣ», шояд барои рафъи бӯйи даҳон соатҳо сақичу семичка мехоянд. Биёед, дар ин маврид андешаи мардҳоро бифаҳмем.

-  НАХОД  ЗАН  ДАР  КӮЧА  САҚИЧ ПАҚ-ПАҚ  КУНАД? - мегӯяд  сокини шаҳри Бохтар Шариф Тӯраев: -Мавзуе,  ки  рӯзномаи“Хатлон”  ба муҳокимаи хонандагон гузоштааст, хело бамаврид аст. Зеро дар фасли гармо ин амали  занону  духтарон  бештар  ба  назар  мерасад.  Махсусан  дар  роҳу  кӯча,  вақте аз паҳлуи бонуҳо мегузарем, пақ-пақу  қасар-қусури  сақичхоӣ  гӯшхарош садо медиҳад. Ҳини донаи офтобпараст хоидан пӯчоқи он аз даҳонашон ба пешу қафо ва паҳлу пош мехӯрад, баъзан ба сару рӯ ва чашми роҳгузар расида, боиси нороҳатӣ мегардад.

Рӯзе нисфирӯзӣ буду аз кор ба хона меомадам  ва  ҳамин  ҳангом  ба  чунин ҳолат  дучор  шудам.  Пеш-пеши  ман  як гурӯҳ духтаракони донишҷӯ роҳро банд карда,  қадамзанон  мерафтанд.  Ҳама баробар семичка хоида, пӯчоқи онро ба ҳар  тараф  пош  медоданд.  Чанд  маротиба майли аз онҳо гузаштан намудам, вале  онҳо  роҳ  надоданд.  Банохост  аз даҳоне нафаре аз онҳо пӯчоқи семичка парида, ба чашмам расид. Ростӣ, нороҳат шуда, ба духтарҳо гуфтам: “Агар семичка хоиданӣ бошед, дар як ҷо нишаста ин корро кунед. Роҳравон семичка шикастан  аз рӯйи одоб нест, махсусан ба шумо-духтарони ҷавону зебо ин кор намезебад. Бо ин амали худ ҳам кӯчаро ифлос мекунеду ҳам асаби атрофиёнро хароб мегардонед”. Онҳоро насиҳат карда дар бало мондам.

-Ба  ин“псих” роҳ  диҳед, “пуржин”-и сарро вайрон накунад,-гӯён яке аз онҳо роҳро кушод. Дигар духтарон низ“фу-фу!”  гӯён яктарафа шуданд.

Болои сӯхта намакоб, бо хона омада,  завҷаамро  ҳамроҳи  дигар  ҳамсоязанҳо дар  даромадгоҳ(подъезд) машғули  донаи  офтобпарастхоӣ  дида,  асабҳоям якбора  хароб  гашт.  Пеши  пойи  занҳо тӯдаи пӯчоқи офтобпараст буд. Завҷаам авзои беҷоямро дида, аз пасам ба хона омад. Акнун дар даҳонаш жевачка буду онро  қасар-қусур  мехоид.  Ин  амали  ӯ иштиҳоямро баста карду сарзанишаш намудам.  Худоё,  чаро  занҳо(баъзеашон)  маҳалу бемаҳал ва ноҷо семичкаю сақич мехоянд? Охир, ин амалҳо ба онҳо зеб надорад.

ИЛЛАТ МЕРАВАДУ ОДАТ НЕ 

БАХТИЁР, тоҷир: - Бемории живач-каю семичкахоӣ ба оилаи мо (ба занҳо)  низ  сироят  кардааст.  Баробари  дастур-хонро густурдан ҳама сақичи даҳонро гирифта, рӯйи дастурхон мемонанд. Баъзан он фаромӯш мешаваду болояш чойнику пиёлаи гармшударо мегузоранд. Аз гармӣ сақич об шуда, ба дастурхону чойнаку пиёла мечаспад.

Боре  баъди  хӯроки  нисфирӯзӣ  дастурхонро  ҷамъ  карда,  завҷаам,  духта-рону  келинҳо  ва  набераҳо  сарҷамъона ба  семичкашиканӣ  даромаданд.  Кадоме  аз  онҳо  сақичи  даҳонашро  болои кӯрпача  гузошта,  онро  фаромӯш  намудааст. Завҷаам тасодуфан болои он нишастаю сақич ба куртаи кориаш часпида монд.  Банохост  доду  войи  занак  баромад. Ман аз ин завқ бурда, механдидам.  

Зеро борҳо онҳоро таъкид доштам, ки ин амалҳо барояшон одат шуда мемонаду рӯзе“подош”-и  онро  мебинанд.  Ҳамин тавр ҳам шуд. Охир, иллат мераваду одат не-ку?!

ТАКСИЧИРО РАНҶОНИДАНД

ЗИКРУЛЛО,  муваққатан  бекор: -савори нақлиёти мусофирбар ба самти ноҳияи  Восеъ  мерафтам.  Дар  курсии қафо  се  зани  миёнасол  менишастанд. Онҳо гарми суҳбат семичка низ мехоиданд. Ронанда борҳо аз онҳо хоҳиш на-муд, ки пӯсти офтобпарастро ба фарш напартоянд. 

-Аки таксичӣ, моро беақл гумон кардӣ магар? Барои кутоҳ кардани роҳ семичка  хӯрда,  пӯсташро  дар  даруни  коғаз гирифтаем,-ранҷида гуфт яке аз занҳо. 

-Мебахшед,  хафа  нашавед.  Борҳо чунин  ҳодиса  рӯй  дода  буд.  Аз  пӯчоқи семичка дохили мошин ифлос мешаваду табъи мусофирон хира мегардад ва дубора ба таксӣ намешинанд, - узрпурсӣ намуд ронанда. 

Вақте ки ба гардиш (развилка)-и самти ноҳияи Фархор расидем, он се зан аз мошин фаромаданд. Ронанда дар истгоҳи охирон мушоҳида намуд, ки занҳои мусофиру “боақл” пӯчоқи семичкаро ба фаршу рӯи курсии қафо партофта, ҳама ҷоро ифлос намудаанд. Ронанда аз ин амали мусофирзанҳо сахт ранҷид. 

Пас, хонандаи азиз, аз амали занҳо худ хулоса бароред...

АНДЕШАҲОИ ДИГАР

Бозори НАИМ, 30-сола: - Пайваста сақичу семичка хоидан албатта, одати бад аст. Баъзе бонувони мо ба ин амал ҳусни худро коҳиш медиҳанд. Фаромӯш мекунанд, ки ин амалҳо мисли нашъамандӣ касро ба худ вобаста(пойбанд) мекунанд. 

Яъне ин одатҳо монанди бемории зуком аст, ки ба кас часпида мегирад.

ФАРИДУН, донишҷӯ: - Семичка хоидан оғоз дораду анҷом не. Агар ба семичка хоидан сар кунӣ, соатҳо онро мехӯрию мехӯрӣ...

ДИЛШОД,  фурӯшандаи  бозор:  -  Семичка  шикастану  жевачка  хоидани завҷаам ба ман маъқул аст. Зеро дар ин муддат ӯ аз ҷақ-ҷақу ғур-ғур бозмемонад.

АМИРШО,  сохтмончӣ:-
  Рӯзе  дар нақлиёти  ҷамъиятӣ-автобусҳои  нав  ба самти шаҳр мерафтам. Ҳаво гарм буду дохили автобус боз гармтар. Дар як курсӣ паҳлуи  якдигар  бонуи  худро  зебу  ородода ва зани аз 60-сола боло менишастанд.  Духтар  ба  касе  эътибор  надода, қасар-қусур  живачка  мехоиду  бо  телефон бозӣ мекард. Ин амали ӯ ба асабҳои зан сахт расид, ки духтарро аз сақичхоӣ боздоштанӣ  шуд. “Насиҳат”-и  ҳампаҳлу ба духтар нафорид. Зан боз таъкид кард:  “Бас кун, чақ-чақат”-ро асабамро вайрон кардӣ! 

-Асабонӣ бошӣ, ба таксӣ рав!-омирона посух дод духтар.

Зан ҳам истодагарӣ кард, ки вай дар ҷойи ҷамъиятӣ сақич нахояд. Духтар бо иллат живачкаро аз даҳонаш бароварда, дар оинаи автобус часпонд ва“девона!” гӯён дар истгоҳи навбатӣ аз нақлиёт поин шуд...

ЗАНҲО МЕГӮЯНД, КИ...

С.  ДАВЛАТОВА,  корманди  тиб:  - Рост  аст,  ки  жевачкаю  семичка  хоидан бештар хоси занону духтарон мебошад. Махсусан семичка хӯрдан занро танбал мекунаду аз кор мемонад. Чирки он дасту даҳонро ифлос гардонда, ҷоғро ба дард меорад, мағзаш серравған аст, касро бемор мекунад, гулӯ ба хориш медарояд, баъзан зардаҷӯш шудан аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, онро бо меъёр бояд истифода бурд.

МАМЛАКАТ, 45-сола:-  Вақти семичкахӯрӣ  ғайбат  кардан  гуворост.  Дар  ин  маврид  кас  семичкахӯриашро нафаҳмида мемонад.

ФОТИМА,  хонашин:-  Мардҳо  низ он  қадар  парҳезкор  нестанду  аз  занҳо монданӣ  надоранд.  Онҳоро  дар  хонаву роҳҳо живачка ба даҳон мебинем. Ё Шумо инро мушоҳида накардаед?

P.S. Мо бо ин эродҳо гуфтанӣ нестем, ки бонуҳо ин амалро накунанд.  Охир, семичкаю сақич хоидан ҳам як меъёри худро доштагист?! Вале баъзе бонувони азиз, бахусус духтарони ҷавон, бамавриду бемаврид ин амал-ро  такрор  намуда,  ҳусни  ботинию зоҳириашонро коста мегардонанд...

С.АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода