Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮДАКОН — ШУКУФАҲОИ БОҒИ ВАТАН


КӮДАКОН — ШУКУФАҲОИ БОҒИ ВАТАН




1 июн дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорон, волидон ва кӯдакону наврасон иштирок намуданд.

Меҳмонон нахуст аз намоиши дастовардҳои кӯдакон, маҳсули эҷод ва барномаҳои фарҳангии онҳо боздид намуда, ба истеъдоду маҳорати кӯдакон баҳои баланд доданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки кӯдакон сарвати бебаҳои миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор мераванд. Қайд гардид, ки бо дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбияи шоиста, донишандӯзӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар доираи чорабинӣ як қатор ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳои гуногун бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, барномаи фарҳангиву фароғатӣ бо иштироки кӯдакону наврасон пешкаши ҳозирин шуд. Қироати шеърҳо, иҷрои сурудҳои ватандӯстона, рақсҳои дилнишин ва саҳнаҳои ҳунарӣ ба ин ҳамоиш шукуҳу тароват бахшиданд.

Рамазони МИРЗОМИДДИН, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода