ИСТИҚЛОЛИЯТ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 6
![]()
Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун аз муҳимтарин арзишҳое мебошанд, ки пояҳои давлатдории муосири Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ин се мафҳум ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, рушди устувори ҷомеа ва пешрафти давлатро таъмин менамоянд. Агар истиқлолият рамзи озодиву соҳибихтиёрии миллат бошад, ваҳдати миллӣ омили муттаҳидкунандаи ҷомеа ва волоияти қонун кафили субот, адолат ва тартибот дар кишвар мебошад.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 барои мардуми тоҷик рӯйдоди таърихии сарнавиштсоз гардид. Бо истиқлолият миллати тоҷик имконият пайдо кард, ки роҳи рушди худро мустақилона муайян намояд, арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро эҳё созад ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр шинохта шавад. Истиқлолият барои Тоҷикистон оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва худшиносии миллӣ гардид. Бо вуҷуди ин, солҳои аввали истиқлолият барои кишвар давраи санҷиши ҷиддӣ буд.
Низоъҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба давлат ва ҷомеа хисороти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ расониданд. Дар чунин шароити мураккаб аҳаммияти ваҳдати миллӣ ҳамчун омили наҷоти давлат ва миллат бештар эҳсос гардид. Ба шарофати иродаи сиёсӣ, талошҳои созанда ва хиради мардуми тоҷик сулҳу субот барқарор шуда, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдод барои таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарини даврони истиқлолият ба шумор меравад.
Он танҳо набудани ҷангу низоъ нест, балки ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат Тоҷикистон тавонист иқтисодиёти худро барқарор намуда, инфрасохтори кишварро рушд диҳад, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар созад ва мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳким бахшад.
Дар баробари Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, волоияти қонун низ нақши калидӣ дорад. Давлате, ки дар он қонун ҳукмрон аст, метавонад ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳифз намояд, адолати иҷтимоиро таъмин созад ва шароити мусоидро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварад. Волоияти қонун маънои онро дорад, ки ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳеҷ кас аз доираи талаботи он берун нест. Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд қонун на танҳо воситаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, балки кафили субот ва амният мебошад. Эҳтиром ба қонун, риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон барои рушди ҷомеаи демократӣ аҳаммияти махсус дорад. Маҳз тавассути волоияти қонун метавон манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрвандро ҳифз кард.
Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва густариши волоияти қонун қадамҳои устувор мегузорад. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд арзиши ин дастовардҳоро амиқ дарк намуда, барои ҳифзу таҳкими онҳо саҳмгузор бошанд. Зеро ояндаи давлат аз сатҳи худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванд вобаста аст.
Хулоса, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун се рукни асосии давлатдории тоҷикон буда, заминаи сулҳу субот, руш-ди иқтисодӣ ва пешрафти ҷомеаро таъмин мекунанд. Ҳифз ва таҳкими онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, то кишвари мо ҳамеша ободу пеш-рафта ва соҳибнуфуз боқӣ монад.
Азим АЗИЗЗОДА,
ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00