Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ


МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ




Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) таҳти роҳбарии хонум Стейскал Сандра Мари мулоқот анҷом доданд. 
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди соҳаи тандурустӣ, мубориза бо бемориҳои саратонӣ, такмили ихтисоси мутахассисон ва истифодаи технологияҳои муосири тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси вилояти Хатлон зимни мулоқот аз сатҳи баланди ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ин ҳамкорӣ дар солҳои охир барои рушди инфрасохтори тиббӣ ва беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Зикр гардид, ки имрӯз мубориза бар зидди бемориҳои саратонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва омодасозии кадрҳои баландихтисос тадбирҳои муассир меандешад.

Дар доираи ҳамкориҳои МАГАТЭ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, як қатор лоиҳаҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Марказҳои саратоншиносии вилоят бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои ултрасадо, рентгени рақамӣ, маммографияи рақамӣ ва томографияи компютерӣ таъмин шудаанд, ки барои ташхиси барвақтии бемориҳои саратонӣ ва баланд бардоштани сифати табобат аҳаммияти калон доранд.

Давлаталӣ Саид инчунин аз дастгирии МАГАТЭ дар самти такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки табибони вилояти Хатлон тавассути барномаҳои байналмилалӣ имкони омӯзиш ва азхудкунии таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро соҳиб гардидаанд.

Раиси вилоят омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро барои густариши ҳамкориҳо бо МАГАТЭ дар самтҳои рушди технологияҳои тиббӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва таъмини амнияти радиатсионӣ иброз намуда, изҳор доштанд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза барои татбиқи лоиҳаҳои нав ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Бояд таъкид намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 аз ҷониби МАГАТЭ Барномаи TAD6009 «Бехатаргардонии имконоти ташхисии Маркази вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб» тасдиқ гардид. Дар доираи ин барнома солҳои 2023–2025 ба марказ таҷҳизоти муосири ташхисӣ, аз ҷумла дастгоҳи ултрасадои ESAOTE, рентгенографияи рақамӣ, маммографияи рақамӣ ва томографияи компютерӣ ворид ва насб карда шуданд.

Аз ҷумла, моҳи июли соли 2023 дастгоҳи замонавии ултрасадои ESAOTE ба маблағи зиёда аз 26 ҳазор евро ба марказ дастрас гардид. Соли 2024 дастгоҳи рентгени рақамӣ ба маблағи беш аз 203 ҳазор евро ворид шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Моҳи феврали соли 2025 бошад, дастгоҳи маммографияи рақамӣ ба маблағи зиёда аз 141 ҳазор евро насб ва ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, дар доираи барнома як қатор мутахассисони марказ дар хориҷи кишвар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро гузашта истодаанд. 

Тибқи иттилои пешниҳодшуда, намояндагони МАГАТЭ аз раванди корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои идомаи дастгирии техникӣ ва омӯзиши мутахассисони тоҷик таъкид карданд.

Дар анҷоми мулоқот раиси вилояти Хатлон ба роҳбарият ва намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо комёбиҳои нав орзу карданд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода