ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 154
![]()
Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти инсон таъсири амиқ мерасонанд, масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ табдил ёфтааст. Ҷавонон ҳамчун неруи асосии ҷомеа ва ояндаи давлат бештар мавриди таваҷҷуҳи гурӯҳҳои ифротӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, ҳифзи онҳо аз таъсири ақидаҳои бегона ва тундравона вазифаи муҳимми давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд мебошад.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳар миллате, ки фарҳанг, забон, анъана ва арзишҳои миллии худро ҳифз намудааст, тавонистааст дар муқобили таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ устувор бимонад. Фарҳанги миллӣ ҳамчун рукни асосии худшиносии миллӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи ҷавонон нақши муҳим мебозад. Маҳз тавассути омӯзиши таърих, фарҳанг, адабиёт ва арзишҳои маънавии миллат ҷавонон эҳсоси ифтихор аз Ватан, миллат ва давлатро пайдо намуда, дар муқобили ҳар гуна ғояҳои ифротӣ масунияти фикрӣ ба даст меоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави давлатсозӣ ва миллатсозиро оғоз намуд. Истиқлолият барои мардуми тоҷик на танҳо рамзи соҳибдавлатӣ, балки имконияти эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг, забон ва ҳувияти миллиро фароҳам овард. Дар ин давра ҷомеаи Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувор қадамҳои муҳим гузошт. Аммо нигоҳ доштани ин дастовардҳо масъулияти бузург буда, аз ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, сатҳи баланди худшиносӣ ва ватандӯстиро тақозо мекунад.
Гурӯҳҳои ифротгаро аксаран ҷавононеро ҳадаф қарор медиҳанд, ки дониш ва ҷаҳонбинии кофӣ надоранд ё аз фарҳанг ва арзишҳои миллии худ дур мондаанд. Онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои муосир кӯшиш менамоянд афкори ҷавононро тағйир дода, онҳоро ба амалҳои зиддиҷамъиятӣ ҷалб намоянд. Дар чунин шароит баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Ҷавоне, ки таърихи миллат, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатро хуб медонад, ба осонӣ фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ намегардад.
Дар ин самт нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма хеле муҳим аст. Оила ҳамчун нахустин мактаби тарбия бояд дар қалби фарзандон муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносиро ҷой диҳад. Муассисаҳои таълимӣ бошанд, тавассути таълиму тарбия ва корҳои фаҳмондадиҳӣ метавонанд ҷавононро ба роҳи донишандӯзӣ, созандагӣ ва ватандӯстӣ раҳнамоӣ намоянд.
Имрӯз ҳифзи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ нест, балки рисолати ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки рушди Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз фаъолияти созанда ва мавқеи шаҳрвандии онҳо вобастагӣ дорад. Танҳо ҷавонони донишманд, худшинос ва ватандӯст метавонанд дар муқобили таҳдидҳои замони муосир устувор истода, барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Исмоил ОДИЛЗОДА,
директори Маркази таҳсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...