Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БА КӮДАКОН ГӮШ ДИҲЕД


БА КӮДАКОН ГӮШ ДИҲЕД



Дар  Паёми  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зарурати тақвияти омодагии  пешазмактабии  кӯдакон  таъкид  шудааст. Аз  ин  рӯ,  истифодаи  маводҳои  омӯзиши кӯдакон  дар  асоси  Барномаи  тарбиявӣ- таълимии Маркази  инкишофи кӯдакон(барои  кӯдакони  аз4 то7 (6)-сола  барои  мо - мураббияҳо аз фоида холӣ нест.

Ҳамзамон,  такмили низоми тарбия ва таълими кӯдакони  синну  соли  томактабӣ  яке  аз  самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат  ва Ҳукумат ба ҳисоб рафта, барои  дастрас  ва  бонуфузтар  гардонидани мақоми он дар ҷамъият шароити мувофиқ фароҳам оварда  мешавад.  Вазорати  маориф  ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани кӯдакони синни 4-7 (6)-соларо  ба  мактаб,  ки  ба  муассисаҳои томактабӣ  фаро  гирифта  нашудаанд,  муҳим  ва зарур  шуморида,  онро  тибқи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи  маориф”  ва “Стандарти  давлатии  таҳсилоти  томактабӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон”  бо  таъсис  додани  синфҳои  тайёрӣ ба  мактаб  дар  назди  мактабҳои  таҳсилоти  умумӣ, таъсиси  Марказҳои инкишофи кӯдак  тасдиқ намуд.

Дар барномаи таълимӣ ба усули  ҳамгиро диққати махсус  дода  мешавад.  Фалсафаи  усули  мазкур  аз он иборат аст,  ки фаъолияти гуногуни кӯдак (инкишофи  нутқ, санъати тасвирӣ, тасаввуроти  одитари-ни  математикӣ,  шиносоӣ  бо  шарҳи  бадеӣ,  меҳнати дастӣ дар доираи машғулияти муайяншуда ҳамгиро  мегарданд. Ин усул имконият медиҳад, ки фаъолияти омӯзиши кӯдак ба таври гуногун, яъне мувофиқи шавқу  майли  ӯ (тасвире  меофарад,  ашёҳоро  бармекашад,  месанҷад  ва  ё  китобро  тамошо  мекунад)  қарор  дода  шавад.  Дар  машғулият  ҳамагуна таҷрибаҳои омӯзишӣ ба ҳам пайвастагӣ дошта, дар як  вақт  кӯдакро  бо  мафҳумҳои  нав  шинос  намуда, барои  такрори  донишҳои  пештара  ва  санҷишҳои гуногуни  омӯхташаванда  шароит  фароҳам  меоварад.  Мақсади  асосии  он  инкишофи  ҳамаҷонибаи кӯдакони хурдсол мебошад.

Муассисаи томактабӣ барои муоширати кӯдакон ҳам бо калонсолон ва ҳам ҳамсолон, барои ташаккули  ҳисси  шаҳрвандии  онҳо  имкониятҳо  фароҳам меоварад.  Оилаҳо  низ  аз  барномаҳои  муассисаи томактабӣ  нафъ  мегиранд,  зеро  кӯдакон  ва  волидон  тавассути  омӯзиш  ва  таъсир  дар  ҷомеа  бо имкониятҳои  иҷтимоӣ  ва  таълимӣ  рӯ  ба  рӯ  мешаванд. Бозӣ барои кӯдакон фаъолияти  пешбаранда аст. 

Бештар  бозиҳо  ташкил  кунед,  чунки  ҳангоми  бозӣ кӯдакон  ахбороти  зиёдро  аз  худ  мекунанд.  Агар кӯдакон  саргарми  бозӣ  бошанд,  онҳоро  набояд  халалдор  кард. Ба  кӯдакон  гӯш  диҳед  ва  мушоҳида кунед,  ки  онҳо  чӣ  гуна  мекӯшанд  мафҳумҳои  гуногунро  аз  худ  кунанд,  маънои  онҳоро  дарк  намоянд ё  дар  нутқашон  истифода  баранд. Барои  фаъолияти  мустақилонаи  кӯдакон  шароит  фароҳам  созед. 

Мавриди  суҳбат  ба  фикру  нуқтаи  назари  онҳо гӯш  диҳед.  Вақте  ки  кӯдакон  дар  интихоби  кори мустақилона  дастгирӣ  меёбанд,  дар  онҳо  хоҳиши мустақилона амал  кардан пайдо мешавад ва онҳо эҳсос  мекунанд,  ки  талаботашон  қонеъ  шуда  истодааст. Бикӯшед,  ки  кӯдакон  худро  эмин,  соҳиби  қадр,  кунҷков ва  салоҳиятҳо эҳсос  намоянд.

Дилрабои ҲОТАМШО,
мураббияи Муассисаи давлатии таълими томактабии №7-и “Булбулакон”-и шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода