Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
«…Сарфи назар аз талаботи зиёди шарикони асосии тиҷоратиамон ба меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи мо, имконияти мавҷуда дар самти коркард, бандубаст ва содироти онҳо ба таври зарурӣ истифода нашудаанд ва сохтору мақомоти марбута дар ҳалли ин масъала бояд мунтазам чораҷуӣ намоянд». (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Душанбе, 22 декабри соли 2017)
Чаро коҳишу тағйироти ферментҳои шифобахшии таркиби сабзавотро касе эҳсос намекунад? Оё он ба вазъ ва таъмини амнияти экологӣ бетаъсиранд?
Ба вуҷуд омадани андешаи мазкур аввал дар ниҳоди мардуми кишоварз сар зада, он ба бозору бозаргон ва сипас ба харидорон печид. Вале чунин менамояд, ки он то ҳол дар муассисаҳои дахлдор ба таври зарурӣ мавриди назар қарор нагирифтааст.
Насли ҳозира фикр мекунад, ки ҳама шаҳду лаззат дар ҳамин сабзавоту меваҷоти бозор аст, вале калонсолон, аз он афсӯс мехуранд, ки лаззати даҳонашон гум шудааст. Ин мулоҳизаҳои баҳсангезро ҳар кас ба таври худ шарҳ медиҳанд:
Хӯҷавалӣ Мирзоеви 91-сола, ки як умр дар идораҳои ҷамъияти матлуботи ҷумҳурӣ ронанда буд , мегӯяд: - Тобистони соли сипаришуда, ҳатто як помидори ба табъи диламон пухта расидаро нахӯрдем. Помидорҳое, ки пеш истеъмол мекардем аз дарун сурх мешуданд. Ҳоло бошад помидори сурхро мехарӣ, дарунаш сап- сафед аст. Маҷбур мешавӣ нисфи помидори ба нархи гарон харидаатро бурида партоӣ. Дидам, ки баъзеҳо онро мисли себ пӯст карда, баъд истеъмол мекунанд. Хосияти дигараш – дер намепояд, аз таъсири дору об мешавад. Кош он ҳам лаззат дошта бошад!
Ҳадаф аз гуфтаҳои боло чист? Дар сархати Феҳристи давлатии навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ омадааст: «Бо баробари ба қайд гирифтани навъи нави растанӣ кафолат дода мешавад, ки он ба талаботи маҳаллии истеҳсолоти кишоварзӣ ҷавобгӯ буда нисбат ба дигар навъҳои парваришшаванда аз ҷиҳати аломатҳои муфид афзалият дорад».Ҳадафи дигар экология .
Солҳои 60-80–уми асри ХХ - мегӯяд профессори кафедраи меваю сабзавоткорӣ ва токпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Турсунбой Ахмедов дар соҳаи навъсозӣ (навъофарӣ) як қатор олимони номдори ҷумҳурӣ -А. И. Филов, Г. О. Земан, В. В. Триппель, З. Т. Козлова, А. Воҳидов, М. Сулангов, Т. Ахмедов, Гулом Шамсов ва дигарон дар асоси муаяйн кардани намуду навъҳои зироат дар миқёси ҷумҳурӣ ва ба «Феҳристи навъҳои зироатҳои сабзавотӣ» ворид кардани онҳо ба офаридану интихоби якчанд навъи зироати сабзавотӣ; пиёз – «Ленинободии кулчаи сафед», «Самарқандии сурх - 172», «Сурхпиёзи маҳаллӣ» , «Пешпазак», «Дӯстӣ», «Ҳисорӣ», «Испанӣ – 313»; помидор-«Файзободии сурх», ки офаридаи Гулом Шамсов мебошад, «Подарок», «Волгоград 5\ 95, « Ракета». «Восток», «Утро»; бодиринг –«Тоҷикӣ -118», «Ҳисорӣ-132», «Марғелонӣ-822», «Парад», «Беназир»; карам – «Душанбегии дерӣ», «Июнӣ-30», «Слава» ноил гаштанд, ки ҳосилнокӣ ва сифати истеъмолии хубу бехавф доштанд ва боиси шӯҳрати олимони тоҷик гардида буданд.
Ба гуфти олими соҳа мушоҳида ва таҳлилҳо нишон доданд, ки навъҳои хушсифату хушмазаи сабзавоту полезӣ ва меваҷот, ки пештар истеҳсол мекарданд ва кас аз истеъмоли он ҳаловат мебурд, имрӯз кам парвариш ёфта, ҷойи онҳоро мутаассифона навъҳои хориҷӣ ишғол карда истодаанд ва маҳсули ин навъҳо то чӣ андоза ба муносибати экологӣ мувофиқат мекунад инро бояд экологияшиносон як рӯз не як рӯз бояд гӯянд.
Фурӯшандагони тухмӣ , навъҳои хориҷиро чунон муаррифӣ карданд, ки деҳқон мафтун шуд. Ӯ фикр кард, ки акнун маҳсулоти фаровони хушсифат мерӯёнад. Ба ин мақсад ноил гашта бошад ҳам, аммо дид, ки маҳсулоти истеҳсолкардааш таъму лаззати навъҳои маҳаллиро надоранд ва боварӣ ҳосил кард, ки гирифтани тухмӣ, махсусан аз анвои дурагаҳо ғайри имкон аст.Ба болои ин дид, ки аз дурагаҳо тухмӣ гирифтан амри маҳол будааст. Акнун маълум шуд, ки тухмиҳои дар маҳал мутобиқшуда ё бобоиро ёфтан аз он мушкилтар.
Аз рӯйи мушоҳидаҳои экологӣ, анвои бештари маҳсулоти кишоварзии ниёзи мардум, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешуд, безарару шифобахш, таъму бӯй ва лаззати хос дошт.
Тоҷикистон , маҳз бо сабзавоту меваҳои шаҳдбораш машҳури олам буда, мамлакати маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолкунанда маҳсуб мебошад. Ҳоло навъҳои хуштаъму хушбӯ дар ҳоли аз байн рафтан аст. Масалан, баъзе навъҳои гандуми маҳаллӣ, ки деҳон бевосита аз он тухмӣ мегирифт ва нӯриҳои минералӣ зиёд талаб намекард, кам вомехӯранд. Дар истеҳсолоти кишоварзӣ кишту парвариши навъҳои гуногуни зироат ва меваю сабзавоти қисман бурунмарзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин аз як тараф, аз рушду инкишофи соҳа гувоҳӣ диҳад, аз тарафи дигар, вақте ки кас вориди бозор мешавад, меваю сабзавоти дилхоҳро пайдо кардан душвор аст. Дар бозор фурӯшандаҳо дар ҳайратанду дар киштзор деҳқон. Харидорон бошанд ба як чиз одат кардаанд – ба қаноат, чунки дигар илоҷ надоранд.
Чаро навъҳои маҳаллӣ кам парвариш карда мешаванд? Масъулини соҳа, ки барои ба навъҳои хубтару беҳтар таъмин кардани истеҳсолоти кишоварзӣ саъй карданд, бояд ҳаройина навъҳои маҳаллиро, ки истеҳсолашон аз ҷиҳати экологӣ бехавфтаранд, ҳифз намоянд, чунки ин рисолати кори онҳост.
Баъзе навъҳои гандум , ки худи деҳқон аз он тухмӣ мегирифт аз байн рафтанд. Имрӯз, деҳқон тухмии гандуми «Шухак», «Сафедак» «Сурхак»(бобоӣ) ё дигар; навъи сирпиёзи маҳаллии бунафш ё «Душанбегии – 2»- ро, ки назираш набуд, пайдо карда метавонад? Гиёсиддин Ҷазоирӣ дар китоби «Забони хӯрокиҳо» аз номи сирпиёз чунин овардааст: «Ман ранги рухсорро боз мекунам. Таъсири ман дар фурӯ бурдани варамҳо ва хурд кардани санги гурда қатъӣ аст». Сирпиёз бактерияҳои сирояткунандаро нобуд мекунад, одамон барои пешгирӣ аз сироятҳо дар гарданашон ҳамели сирпиёз меовехтанд. Оё ҳамин сирпиёзи сафеди бурунмарзӣ ҳамаи хосиятҳои сирпиёзи гуфтаи мутафаккири бузургро дорад, ки он ҷойи сирпиёзи тоҷикии маъмулро танг карда, ин қадар мавриди истеъмол қарор гирифтааст? Ҳоло сирпиёзи тоҷикиро дар бозор ками дар кам пайдо кардан мумкин аст.
Мусаллам аст, ки меваю сабзавот ба ғайр аз аҳамияти ғизоӣ, хосияти шифоӣ ва парҳезӣ низ доранд. Маҳз, хосияти шифоӣ ва парҳезиро ба инобат гирифта, дар тибби халқӣ онҳоро тавсия медиҳанд. Олими навъофар (селексионер) муваззаф аст, ки кафолати баъди дурагакунии мева ё сабзавот ва гум нашудани хусусияти шифобахшӣ ё хосияти молиро диҳад. Он на танҳо баъди дурагакунӣ ё пайвандкунӣ хосияти ғизоӣ ва шифоии худро нигоҳ дорад, балки бартарии истеъмолӣ низ дошта бошад. Як мисоли оддӣ: Ангур меваи шаҳдбори ғизоӣ, манбаи витаминҳои барои организм зарур аст. Дар таркиби ангур миқдори зиёди қанд (18-25 фоиз), карбогидратҳо, туршиҳои органикӣ ва витаминҳо мавҷуд аст. Дар таркиби мавизи он бошад, то 70 фоиз карбогидратҳо, кислотаҳои органикӣ ва витаминҳо мавҷуд аст. Магар дар таркиби ангури навъҳои бурунмарзӣ, ки хеле маъмул шудааст, ҳамин миқдор ферментҳо ҳастанд? Дар Тоҷикистон аз рӯйи маълумоти расмӣ зиёда аз 190 навъу дурагаҳои ангур парвариш меёбад. Сабаб чист, ки маҳз, ҳамин навъ ангурҳо маъмул гардиданд, ва чаро аз онҳо кам мавиз истеҳсол карда намешавад? - Чунки ферментҳое, ки дар таркиби дигар навъи ангурҳои маҳаллӣ, масалан ангури сиёҳи калондона, сиёҳи ҳисорӣ, ҳусайнӣ, тойфӣ, кишмишҳо мебошанд, дар ангури навъҳои хориҷӣ нест. Ин ангурҳо хушхӯр нестанд, гарчанде дар бозор арзиши хеле қимат дошта, дар рақобат фаъол гардидаанд. Дурусттараш онро намоишкорҳо барои зиннати дастурхон мемонанд. Яъне, ангуре, ки нисбат ба дигар навъҳои парваришшаванда аз ҷиҳати аломатҳои муфид бартарӣ надорад, то дараҷае дар истеҳсолот паҳн гардидааст. Ҳадаф аз ин мисолҳо, фақат ёдрас гардонидани сифати яке аз ин навъи меваҳои нигароникунанда мебошад. Дар бораи баъзе навъҳои бурунмарзии нок, зардолу, гелос бошад, баҳсҳо зиёданд.
Дар мадди аввал, меваю сабзавоте, ки мо истеҳсол, коркард ва содирот мекунем шарикони тиҷоратии мо аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар эътироф намоянд, чунки сараввал онҳо ин хусусияти молии маҳсулотро ба инобат мегиранд. Дар кори коркарди маҳсулот бояд «Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия в нозироти савдо»«Тоҷикстандарт» назоратро пурзӯртар намуда саҳмгузор бошад.
Аз мутахассиси собиқадори соҳа- Файзалӣ Шарифов , ки солҳо ба парвариши помидор машғул аст, дар бораи навъҳои он пурсидам. Ӯ аз помидорҳои навъҳои таъомбоб «Файзободии сурх», «Утро», «Новичок», «Ракета», «Восток», «Подарок», «Титан», ки хело хуштаъму писандида буданд, ёдовар шуда ба онҳо баҳои баланд дод. Дурагаҳои бурунмарзӣ, - гуфт ӯ, «Скиф-F1», «Шеби-леби F-1», «Султон F-1», ки нархи як килограм тухмиашон дар дуконҳои тухмифурӯшӣ ҳоло то ба 6 ҳазор ва аз ин зиёд сомонӣ дакка хурдааст, барои деҳқони одӣ гарон мебошад. Аз ин мушкилтар, касе кафолати нешзании пурра ва нерӯи сабзиши ин навъҳоро дода наметавонад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки расм ва нишондодҳои навъе, ки дар қуттиҳои ин тухмиҳо сабт гаштааст, нисбат ба зарфияти қуттӣ ҷавобгӯ нестанд. Вақте тухмиҳои истеҳсоли бурунмарзиро бо нархи гарон харида кишту нигоҳубин мекунед, баъди чанд муҳлат мебинед, ки на помидор , балки ба таъбири халқӣ «олучапомидор» мебандад ё ба ҷойи турб як чизи кадумонанди хафак . Ин сардаргумии дигари деҳқон ҳангоми хариди тухми зироат мебошад.
Ҳоло таҷрибаи кишоварзӣ нишон дода истодааст, ки навъҳои хориҷӣ бидуни доруи зиёд ҳосил нахоҳанд дод. Нисбати навъҳои маҳаллӣ талаботи зиёд ба нуриҳои химиявиро доранд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехавф мусоидат намекунад. Истифодаи миқдори зиёди нуриҳои маданӣ бошад ба муҳити зист таъсири калони манфӣ мерасонад ва қисме дар замин боқӣ монда таркиби хокро вайрон мекунанд. Дар як вақт истифодаи зиёди нуриҳои маъданӣ, гарчи натиҷаи хуб барои ба даст овардани ҳосили баланд гардад, аз тарафи дигар боиси паст гардидани ҳосилхезии табии замин – воситаи асосии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мегардад ва қисме аз ин нитратҳо бо об шуста шуда боиси ифлосшавии обҳо гардида, боиси коҳиши ҳадафҳои экологӣ мегардад. Агар шахсе барои гирифтани ҳосили фаровон манфиатдор аст, чунин шахсе барои муҳофизату нигоҳубини обу замин, ки сарчашмаи ҳамаи неъматҳою фаровонист, бояд масъул бошад, то дар пешгири намудани таъсири номатлуб дар амнияти экологӣ саҳм гузорад. Ин масъул,бешубҳа қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Дар бораи экспертизаи экологӣ» ва «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мебошад, агар муқарароти он пура риоя карда шавад. Агар мақсад аз экология - тозагӣ, бехавфию нуринокии кимиёвии маҳсулот, дар маҷмуъ муносибати дилсӯзона ба организм ва муҳити зист бошад, пас мо инро ақалан дар ин самт истифода барем, як рукни дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, ҳалли худро меёбад. Мо бояд ҳеҷ гоҳ манфиати тиҷоратиро аз манфиати истеъмолӣ боло нагузорем, чунки дар урфият мегӯянд: «Сарнеъмати ҳамаи неъматҳо тани сиҳат аст».
Ҳеҷ кас ба васеъ кардани майдони парвариши навъу дурагаҳои гуногун зид нест, вале дар маҷмуъ, инро ҳам ба назар гирифт, ки маҳсулот бояд кафолати таъм дошта, ҳосили хушсифатро таъмин намояд, то ки лаззати даҳони мардумро набарем. Шахс мехоҳад маҳсулоти дилхоҳашро на ба хотири тиҷорат, балки барои истеъмоли хонавода истеҳсол кунад, вале тухмии писандидаро пайдо кардан мушкил шудааст. Барои дастрасии тухмии кафолатнок нотавон мемонад ва ба қавле ба таври «рӯ ба раҳми Худо» ба замин тухми зироат мекорад, ки дар натиҷа аз маҳсули меҳнаташ комёб намегардад. Мавриди ба тазаккур аст, ки навъҳо як ҷузъи фарҳанги кишоварзии мо маҳсуб меёбанд ва ҳифзи навъҳои маҳаллӣ як навъ таъмини амнияти экологӣ буда, ҳифзи онҳо ҳифзи як рукни кишоварзии миллист.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки қаблан, дар навоҳии ҷумҳурӣ 3-4 навъи карам истеҳсол мешуд, ки қабатковоки хушмазза буданд. Ҳоло дар бозорҳои кишвар як ё ду навъ аз ин намуди маҳсулоти маъмул фурӯхта мешавад, ки тухмии истеҳсоли хориҷӣ мебошад ва он таъми навъи «каллакарами сафед»-ро ба пуррагӣ надорад. Кӣ мегӯяд, ки бодиринг, гашнич, райҳон, шибит, ниёзбӯю қаламфур накҳату бӯйи хоса ва хосияти шифобахшии худро гум накардааст? Ҳол он ки мақсад аз селексия, беҳтару хубтар ва афзалият бахшидан ба навъ ва намуди зироату меваҷот буда, аз дигар навъҳои парваришшаванда аз ҷиҳати аломатҳои муфид фарқкунанда бошад ва ин кафолатро навъсоз (навъпарвар) бояд дода тавонад.
Дар собиқ хоҷагии ба номи Амиршоеви шаҳри Кӯлоб, ки солҳои 1980 - 1997 сабзавоткорӣ рушд ёфт, аз навъҳои дар маҳал мутобиқгаштаи зироатҳо, аз ҷумла , аз як гектар помидори навъи «Волгоград-5\95», то 500 сентнер ҳосил мегирифтанд. Дар ин хоҷагӣ аз пиёзи навъи «Испанӣ- 313» 700, лаблабӯи хӯроки чорво 900, ҷуворимаккаи навъи югославӣ 97 ва аз гандуми навъи «Шарора» ва «Бахт» 50-60 -сентнерӣ ҳосил мебардоштагӣ шуданд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин буд.
Ҳоло нақши мутахассисону тухмипарварони соҳаи кишоварзӣ кам ба назар мерасад ва мушкилоти дастрасии тухмии навъҳои хушсифати маҳаллӣ ва ҳифзи онҳо имрӯз ба масъалаи ҳалталаби рӯз мубаддал гардидааст.
Солҳои навадуми асри гузашта ва аввали асри ХХ1 хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи тухмипарварӣ асосан таҷдид шуданд. Он замон тухми зироат дар асоси «нақша-талабот» истеҳсол шуда, харидори муайян дошт ва фурӯши он ба воситаи иттиҳодияи «Тоҷиксортсемовощ» амалӣ мегашт.
Дар гузашта пирони рӯзғордида ҳарсола , барои талаботи хоҷагидории худӣ аз ҳар намуду навъе мехостанд, аз маҳсулоти парваришнамудаашон ба қадри кофӣ тухмӣ мегирифтанд ва ҳатто мефурӯхтанд. Ҳоло онҳо фикр мекунанд, ки дар дӯконҳо ҳамон помидорҳои гулобӣ ё бодиринги «Марғелонии- 822» ё «Таджикский ранний -118» фурӯхта мешавад, ки замоне мардум аз он тухмӣ мегирифтанд. Агар мефаҳмиданд, ки имрӯз ин навъҳои хушмаза ва хушбӯй гум мешаванд, ин қадар ғофил намемонданд.
- Солҳои охир ба ҷумҳурӣ навъу дурагаҳои зиёди анвои сабзавотӣ, полезӣ ва меваҷот ворид шуда, аксарияти онҳо нишондиҳандаҳои беҳтарини ҳосилнокиро соҳиб мебошанд ва намуди зоҳирии хуб доранд, аммо сифати истеъмолии баъзеашон ба талабот ҷавобгӯ нест, ҳол он ки тамоми ин кӯшишҳо барои некуаҳволӣ ва ғанигардонии дастурхони мардум, дар маҷмуъ, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза парвариш кардан мебошад, мегӯяд - Турсунбой Ахмедов
Барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани сифати истеъмолии маҳсулоти парваришшавандаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва истеҳсоли он мувофиқи шароити хоку иқлими минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, дар асоси риояи талаботи биологии ин зироатҳо бояд ба роҳ монда, дар муҳлатҳои зарурӣ парвариш карда шавад. Барои дар шароити баҳрабардорӣ бо маҳсулоти тозаи аз ҳама ҷиҳат аълосифати истеъмолӣ, таъмин кардани хоҷагиҳои гуногунҷабҳа, фикри ба истеҳсоли тухмии ватании зироатҳо ва меваҷот дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистонро бо назардошти кафолати фурӯши тухмию ниҳоли парваришшуда амалӣ кардан, вазифаи имрӯзу фардои олимону мутахассисон мебошад. Барои ҳалли ин масъала бояд, ташкили хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи тухмипарвариро ба роҳ монд. Чаро шаклҳои маъмулии таҷрибаю собиқадоштаро фаромӯш карда, ба умеди навъҳои воридотӣ шуда, худ дастнигари дигарон шавем? Мо бояд дар ин самт маҳсули дониши хешро вобаста ба шароити минтақа ба кор барем, - афзуд Турсунбой Ахмедов.
Ба ақидаи академик Т. Ахмедов масъалаи нигоҳдории захираҳои генетикии навъҳо- ин кори заҳматталаб, вале ояндадори олимону мутахассисони соҳа мебошад. Назарафкании мутахассисону деҳқонони собиқадор ба ин раванд, боиси афзун намудани парвариши намуди тухмию ниҳоли навъҳои гуногуни зироатҳои маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ гардида, ояндаи неки соҳа таъмин гардад.
Бояд ёдрас шуд, ки дар ҳайати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон , Маркази миллии нигоҳдории захираҳои генетикии растаниҳо фаъолият дорад ва он барои ғун кардани намуду навъҳои маҳаллию интродуксионии зироатҳо ва нигоҳдории онҳо вобаста шудааст. Ҳоло дар захирагоҳи муассисаи мазкур зиёда аз 12 ҳазор номгӯйи намуду навъҳо гирд оварда шудааст, ки онҳо боигарии давлат маҳсуб меёбанд. Вале, бояд ворид кардани намуду навъҳои бурунмарзӣ ба ғанигардонии номгӯйи онҳо барои истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси омӯхтани сифату хусусиятҳои онҳо ва дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҷорӣ намуданро, амалӣ гардонем. Ин кор ба истиснои аз байн рафтани захираҳои генетикии анвои истеъмолии парваришшавандаи зироатҳои маҳаллӣ бояд ба роҳ монда шавад.
Дар маҷмуъ, масъулини соҳаро лозим меояд, таҷрибаю собиқаи мутахассисони соҳибтаҷрибаро сармашқи кори худ қарор дода, дар баробари воридоти навъу намунаҳои хориҷӣ, навъҳои минтақабандишудаи қаблиро, ки ба шароити табиии маҳал ҷавобгӯй ҳастанд барои дастрас кардан ба деҳқон осон намоянд, то кишоварз тавонад маҳсулоти дилхоҳи худро парвариш ва истеъмол намояд. Ин масъулиятро нигоҳбони ваколатдор -идораҳои зерсохтори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон - раёсатҳои растанипарварӣ ва тухмипарварӣ, Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо», Маркази миллии нигоҳдории захираҳои генетики растаниҳо ва «Тоҷикстандарт» барин муассисаҳои дахлдор бар дӯш доранд, агар ин масъулиятро ончунон, ки ҳаст (доранд), ба ҷо оранд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.