Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХАТЛОН ДАРВОЗАИ НАВИ ФОРУМИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


ХАТЛОН ДАРВОЗАИ НАВИ ФОРУМИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ




Рӯзҳои 4-5 июни соли2026 дар яке аз мавзеъҳои нодир ва зебоманзари Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеи сайёҳии Чилдухтарони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон- сарзамини тамаддунҳо ва  саёҳат» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ нахустин форуми байналмилалии  соҳаи  сайёҳӣ  дар  Тоҷикистон  маҳсуб шуда, бо иштироки намояндагони давлатҳои гуногуни ҷаҳон, ширкатҳои сайёҳӣ, сармоягузорон, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа баргузор мешавад. Аҳаммияти ин чорабинӣ танҳо ба як ҳамоиши соҳавӣ маҳдуд намешавад,  зеро  он  метавонад  барои  рушди минбаъдаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя ва муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи нав ба вуҷуд оварад.

ДАР СОЛҲОИ ОХИР РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ БА ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИММИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ БИСЁР ДАВЛАТҲОИ ҶАҲОН ТАБДИЛ ЁФТААСТ. ТОҶИКИСТОН НИЗ БО ИСТИФОДА АЗ ИҚТИДОРҲОИ ТАБИИВУ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ ХУД ТАЛОШ ДОРАД МАВҚЕИ ХУДРО ДАР ХАРИТАИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ  МУСТАҲКАМ НАМОЯД. МАҲЗ БАРГУЗОРИИ ЧУНИН ЧОРАБИНИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИМКОНИЯТ МЕДИҲАД, КИ КИШВАР ЗАХИРАҲОИ МАВҶУДАИ ХУДРО БА ҶАҲОНИЁН МУАРРИФӢ НАМОЯД ВА БАРОИ РУШДИ СОҲА ШАРИКОНИ НАВ ПАЙДО КУНАД.

Интихоби  мавзеи  Чилдухтарон  барои баргузории  форум  низ  аҳаммияти  рамзӣ  ва амалӣ  дорад.  Чилдухтарон  яке  аз  маконҳои машҳур  ва  афсонавии  Тоҷикистон  ба  ҳисоб меравад, ки бо табиати ғайриодӣ, кӯҳҳои баланд  ва  манзараҳои  ҷолибаш  машҳур  аст. Дар бораи ин минтақа ривоятҳои зиёде миёни мардум паҳн гардидаанд ва маҳз ҳамин омезиши табиат, таърих ва фарҳанг онро ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил додааст. 

Баргузории форуми сатҳи байналмилалӣ дар чунин минтақа нишон медиҳад, ки Тоҷикистон танҳо бо шаҳрҳои бузург маҳдуд нашуда, метавонад минтақаҳои дорои иқтидори табииро низ ҳамчун марказҳои муҳимми сайёҳӣ муаррифӣ намояд.

Дар назар аст, ки намояндагони зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон дар форум иштирок намоянд. Дар  миёни  иштирокчиён  намояндагони  Туркия,  Эрон,  Россия,  Қазоқистон,  Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо ҳузур хоҳанд дошт. Ҳамчунин намояндагони  ширкатҳои  сайёҳӣ,  сармоягузорон, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ,  шарикони рушд ва намояндагони воситаҳои ах-бори омма иштирок мекунанд.

Ҳунарҳои  мардумӣ  қисми  муҳимми фарҳанги  миллӣ  мебошанд.  Чакандӯзӣ,  кулолгарӣ,  зардӯзӣ,  кандакорӣ  ва  дигар намудҳои  ҳунарҳои  суннатӣ  метавонанд диққати меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб намоянд.  Дар  бисёр  кишварҳои  ҷаҳон  маҳз ҳунарҳои  мардумӣ  яке  аз  бахшҳои  муҳимми рушди туризм ба ҳисоб мераванд.

Дар  доираи  форум  инчунин  маросими расмии  ифтитоҳ  баргузор  мегардад.  Дар  ин чорабинӣ масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи сайёҳӣ, дурнамои ҳамкориҳо ва имкониятҳои нави сармоягузорӣ баррасӣ мешаванд.

Яке  аз  бахшҳои  асосии  форум  панелҳои байналмилалӣ мебошанд. Дар онҳо мутахассисон  ва  коршиносон  масъалаҳои  мубрами соҳаи  сайёҳиро  муҳокима  менамоянд.  Дар миёни  мавзуъҳои  асосӣ  сайёҳии  рақамӣ  ва зеҳни сунъӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Имрӯз  технологияҳои  рақамӣ  қариб тамоми  соҳаҳои  ҳаётро  фаро  гирифтаанд  ва  соҳаи  сайёҳӣ  низ  истисно  нест. 

Платформаҳои  электронӣ,  системаҳои рақамии  хизматрасонӣ,  таҳлили  маълумот ва истифодаи зеҳни сунъӣ метавонанд сифати  хизматрасонӣ  ва  имкониятҳои  ҷалби сайёҳонро  беҳтар  намоянд.  Истифодаи технологияҳои нав ба рушди рақобатпазирии соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад. Самти дигари муҳокимашаванда сайёҳии табобативу  солимгардонӣ  мебошад. 

Тоҷикистон  дорои  захираҳои  бойи  табиӣ,  чашмаҳои  шифобахш  ва  минтақаҳои  гуногуни табобатӣ мебошад. Дар шароити имрӯз талабот ба чунин намуди сайёҳӣ дар ҷаҳон зиёд шуда истодааст ва Тоҷикистон низ метавонад дар ин самт имкониятҳои худро истифода барад Ҳамчунин масъалаи фарҳанги эҷодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Муаррифии фарҳанг ва ҳунарҳои миллӣ метавонад на танҳо барои ҳифзи мероси таърихӣ, балки барои рушди иқтисоди маҳаллӣ низ саҳмгузор бошад.

Дар доираи форум вохӯриҳои соҳибкорӣ дар шакли B2B баргузор мешаванд, ки барои  ташкили  ҳамкориҳои  нав  ва  ҷалби сармоягузорӣ мусоидат мекунанд. Дар чунин мулоқотҳо  намояндагони  ширкатҳо  метавонанд лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуда, роҳҳои нави ҳамкориро муайян созанд.

Тибқи  маълумот,  танҳо  дар  соли 2025  ба вилояти Хатлон як миллиону 647 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст. Ин нишондиҳанда аз афзоиши таваҷҷуҳ ба минтақа ва рушди тадриҷии соҳаи сайёҳӣ шаҳодат медиҳад.

Рушди сайёҳӣ ба иқтисоди минтақа таъсири мусбат мерасонад. Бо афзоиши шумораи сайёҳон талабот ба меҳмонхонаҳо, нақлиёт, хизматрасонӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ низ зиёд мешавад.  

Дар баробари ин, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд ва имкониятҳои соҳибкорӣ бештар мешаванд.

Форум  ва  Намоишгоҳи  байналмилалии сайёҳии«Хатлон-  сарзамини  тамаддунҳо ва саёҳат» метавонад як қадами устувори Тоҷикистон дар роҳи табдил ёфтан ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии минтақа бошад. 

Ин чорабинӣ на танҳо имкониятҳои вилояти Хатлон, балки иқтидорҳои тамоми кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Тоҷикистон дорои табиати нотакрор, таърихи қадима ва фарҳанги ғанӣ мебошад ва истифодаи дурусти ин имкониятҳо метавонад дар оянда барои рушди иқтисодӣ ва мустаҳкам гардидани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.

Набиҷони САИДАБРОР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода