Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Этикети шаҳрнишинӣ


Этикети шаҳрнишинӣ



Чаро риояи он мушкил ба назар мерасад ?

Шаҳри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Хатлон аст. Ҳар рӯз садҳо нафар аз манотиқи гуногуни кишвар ва ҷаҳон ба ин ҷо меоянд ва дар симои Қӯрғонтеппа тамоми вилоятро мебинанду оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангу маданияти мардуми Хатлонзамин хулоса мебароранд. Суоли матраҳ ин аст, ки оё маркази вилоят ба ҳамин тарҳи меъморию этикети шаҳрнишинӣ ва чеҳраи имрӯзиаш ғановати фарҳангию тамаддунофарии азалии миллати тоҷик, суннати деринаи шаҳрсозию шаҳрдории моро ифода карда метавонад? 

Тӯдаҳои партов ва «нишонаи маданият»…
 
Ишораи роҳбари вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов пеш аз ҳама ба вазъи начандон хуби экологии маркази маъмурии вилоят хеле баҷо буда, аксари сокинони маҳаллӣ аз он истиқбол карданд. Зеро дар ҳақиқат, ба кори идораҳои дахлдори поккорию партовғундории шаҳр баҳои баланд додан мушкил аст. Тӯдаҳои партов, кӯчаву хиёбонҳои норӯфта зиёд ба чашм мерасанд. Роҳбарони ин соҳаро борҳо ба кишварҳои аврупоӣ барои такмили ихтисосу таҷрибаомӯзӣ фиристоданд, ба корхонаи коммуналии шаҳр техникаи нав харидорӣ карданд, аммо ҳамоно проблема доғ боқӣ мемонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳар шаҳрванд моҳона аз 3 (сокинони биноҳои баландошёна) то 6 (сокинони ҳавлиҳо) сомонӣ ҳаққи хизматрасонии партовро пардохт мекунанд (Барои муқоиса: Дар шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти Суғд, хизматрасонии партов барои ҳар сари оила дар хонаҳои баландошёна 2 сомонию 75 дирам ва барои сокинони хонаҳои заминӣ 4 сомонию 50 дирам муқаррар шудааст).
 
Албатта, ба ин вазъ то ҷое худи шаҳрвандон ҳам «гунаҳкоранд». Зеро борҳо шоҳиди ин ҳол шудаем, ки волидон сатили партовшонро ба дасти кӯдакон дода, онҳоро амр мекунанд, ки бурда партоянд, аммо кӯдакон бинобар қади кӯтоҳ доштану нерӯманд набуданашон наметавонанд, партови сатилро ба даруни қутии ахлот холӣ намоянду онро ба замин сарозер мекунанд. Ин магар нишонаи баланди маданияти шаҳрнишинист?
 
«Маромномаи сокини шаҳр»-ро қабул кунем…
Бояд барномаи мушаххаси шаҳрдорӣ оид ба ободонию созандагӣ таҳия шуда, дар татбиқи амалии он натанҳо роҳбарону масъулон, балки кулли сокинон масъулияти баланди шаҳрвандию ташаббускорӣ нишон диҳанд. Соли нави мелодӣ ва санаҳои таърихӣ, аз ҷумла 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) кишварро бояд бо дастовардҳои беназири меҳнатӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баҳри бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ ва бо ибрати шахсии худ арзанда пешвоз гирем.
 
Мароми асосии Президенти тозаинтихоби кишварамон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як инсон муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҷисмонию маънавӣ мебошад. Барои ноил шудан ба ин мақсад сокинони Қӯрғонтеппа низ чун бошандагони шаҳру навоҳии дигари кишвар ба ҷойҳои нави корӣ, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва табобатию фароғатӣ ниёз доранд. Кош роҳбарони муассисаву корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ потенсиали мавҷудаашонро ба ҳалли мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ сафарбар намоянд ва шаҳрдории Қӯрғонтеппа дар навбати худ ба онҳо имтиёзҳои андозию дигар пардохтҳои маҳаллиро муҳайё созад.
 
Масалан, шаҳрдории пойтахт ва маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пайваста бо қабули муроҷиатнома ба унвонии сокинон аз онҳо даъват ба ободкорию созандагӣ мекунад. Ин амали хубу қобили пайравист, зеро иртиботи мустақим бо мардум эътимоди онҳоро ба мақомоти шаҳрдорӣ афзуда, онҳоро ба ҳамкории зичу густарда моил мекунад. Дар яке аз чунин муроҷиатномаҳо, ки соли 2010 қабул шудааст, аз ҷумла омадааст: «Мо, вакилон, бо Муроҷиатномаи нахустини худ ба пиру барнои шаҳри гулпӯшу ҳамешасабзамон як нуктаи муҳимро хотиррасон карданием. Шаҳри ман – хонаи ман, гуфтаанд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳамагон мешуморем, ки тариқи муносибати бомасъулиятона ба моликияти коммуналию ҷамъиятӣ, ҳифзи муҷассамаҳои меъморӣ ва муҳимтар аз ҳама, одоби ҳамидаи инсонӣ Душанберо ба зеботарину дилработарин шаҳр дар олами муттамаддин табдил медиҳем. Поку тоза, гулпӯшу ҳамешабаҳор нигоҳ доштани роҳу пайроҳа, гулгашту хиёбон, ҳавз ва боғу варзишгоҳҳои онро чун ҳавлию манзили худ бояд донем. Тозагӣ, накҳату таровати ҳамешагии шаҳрамон ин баёнгари покии дилу тинат ва симои дилкаши ҳар кадоми мо – сокинони пойтахт дар чашми дигарон мебошад...
 
Мо, вакилон, фаъолони шаҳраку маҳаллаҳо бояд дар ташаккули маърифати шаҳрнишинӣ, риояи суннатҳои шаҳрдорӣ, анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ ташаббускор ва ибратбахши дигарон бошем”.
 
Фикр мекунем, бо истифода аз таҷрибаи шаҳрдории пойтахт, дар Қӯрғонтеппа низ қабули Маромномаи сокини шаҳр ва таҳияи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа муҳим аст.
 
Бемаданиятӣ, асабҳои хаста ва пешниҳоди ҷаримабандӣ 
Дар сурати қабули ин санадҳои меъёрӣ, онҳо метавонанд ба ҳайси роҳнамо ва барномаи кору амалу зиндагии ҳамешагии хурду калони маркази маъмурии вилоятамон хизмат намоянд.
 
Чун шаҳри Қӯрғонтеппа имсол аз ҷиҳати масоҳат ва аҳолӣ бамаротиб афзуд ва он маркази маъмурии вилояти Хатлон мебошад, баъзе коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои риоя накардани қоидаҳои шаҳрнишинӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ ҳатто ҷаримаи муайяне таъин карда шавад. Ин таҷриба дар шаҳри Душанбе ба кор бурда мешавад. Масалан, агар касе дар кӯчаву нақлиёт, манзилу хобгоҳҳои умумии зист ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баъди соати 11-и шаб доду фарёд кунад, ҳуштак кашад, бо садои баланд суруд хонад ё мусиқӣ шунавад, аз 40 то 80 сомонӣ ҷарима хоҳад супурд. Дар сурати такрори чунин амал ҳаҷми ҷарима то ду-се маротиба бештар мешавад. Ҳамчунин барои риоя накардани тозагӣ ва қоидаҳои ободонии шаҳр ва барои дар маҳалҳои аҳолинишин нигоҳубин ва беназорат гузоштани чорво ба андозаи аз 10 то 35 маоши ҳадди ақал (нишондиҳанда барои ҳисобҳо), ҷарима таъин шудааст.
 
Чанде аз сокинони Қӯрғонтеппа низ ҷонибдорӣ қабули чунин Қоидаҳо аз ҷониби шаҳрдорӣ шуданд, зеро бо сабаби халалдор шудани оромӣ аксар вақт миёни ҳамсояҳо ҷангу хархашаҳо сар мезананд. Муҳаббат Салимова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ин иртибот гуфт: «Мо рӯзи дароз кор мекунем ва бегоҳ бо асабҳои хаста ба хона омада мехоҳем, ки дар муҳити ором бошем. Аммо баъзан аз манзилҳои боло ё поён ин оромии мо халалдор мешавад. Ё овози баланди асбобҳои таъмири хона, ё мусиқии баланд садо медиҳад ва дар хонаи худ истироҳат карда намешавад. Баъзеҳо ҳатто дар хонаҳояшон сехҳои гуногун кушода, то поси шаб одамонро бо овози баланди дастгоҳҳояшон нороҳат мекунанд. Ба мо ҳам асаб даркор, вале ба кӣ ва куҷо муроҷиат карданамонро намедонем». 
 
Як масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки риоя нашудани қоидаҳои шаҳрнишинӣ чанд сабаб дорад, ки афзоиши аҳолӣ аз ҳисоби кӯчидани мардум аз деҳотҷой ба шаҳр, корҳои сусти тарбиявӣ дар мактабу донишгоҳҳо, нодида гирифтани қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, маърифати начандон баланди шаҳрвандӣ ва ноогоҳӣ аз қонунгузории ҷории кишвар аст. Вай ба унвони мисол афзуд, ки ҳоло дар манзили 2 ё 3-ҳуҷрагӣ дар Қӯрғонтеппа то 2-3 оила зиндагӣ мекунанд, ки ба талабот ҷавобгӯ нест. Аз рӯйи меъёри муқарраршуда дар 9 метри квадратӣ бояд як нафар зиндагӣ кунад. Аммо ин меъёр низ ҳоло бахусус аз сӯйи бошандагони биноҳои чандқабатаи маскунӣ риоя намешавад. Аз ҷониби дигар, вақте зиндагӣ дар шаҳрро интихоб мекунем, бояд аз тарзи зиндагии деҳотӣ даст бикашем ва ба қавле “ҳамранги ҷамоа” бошем. Ҳамон гуна, ки бо тарзи зиндагии шаҳрӣ дар деҳот наметавон рӯз бурд.
 
«Оё шармамон намеояд?!»
Барои исботи ин иддао, ки этикети шаҳрнишинӣ аз ҷониби на ҳама сокинони Қӯрғонтеппа риоя мешавад, кофист, ки як ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, мурур кунем. Агар ба биноҳои баландошёнаи маскунӣ назар афканем, ба осонӣ дармеёбем, ки дар айвону берун аз хонаҳо баъзан аз ҷойхобу либосҳо, то, бубахшед, поҷомаю таҳпӯши занона ба чашм мехӯранд, ки хеле нанговар аст. Магар ин аз рӯйи одоб аст, ки чунин пироҳанро ба маърази ом гузорем? Магар чунин манзара хилофи фарҳангу маданияти шарқиёна ва ба оламиён намунаи ибрати мо нест? Оё шармамон намеояд, ки ин саҳнаро даҳҳо ва шояд садҳо хориҷие, ки ҳамарӯза аз маркази вилоятамон дидан мекунанд, бубинанд?!
 
Санавбар, сокини яке аз манзилҳои кӯчаи «Дӯстии халқҳо», бинои 52, дар суҳбат бо мо гуфт, ки ҷойи дигаре барои хушк кардани либосвориаш надорад. «Дар хона болои печкаҳои барқӣ хушк кардан хатарнок аст, сӯхтор шуданаш мумкин. Замони Шӯравӣ системаи барқдиҳӣ кор мекард ва либосҳоро дар батареяҳои хона хушк мекардем. Ҳоло чӣ? Бале, шармам меояд, ки либосро дар сими айвон мехушконам, аммо ин корро фақат ман не, ҳама мекунанд», - афзуд ҳамсуҳбати мо.
 
Ваде Моҳира, сокини кӯчаи «Хатлон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар бинои баландошёна зиндагӣ дорад, бар ин андеша аст, ки дар маҳалли зисташ аз овехтани ҷойхобу таҳпӯшҳо, мутаассифона, касеро шармаш намеояд ва ин «як кори маъмулӣ» мебошад.
 
- Баъзе ҳамсоязанҳои мо, ки хонашин ҳастанд, гоҳе аз бекорӣ рӯз то шом дар ҳавлии бино нишаста, суҳбатҳо меороянд ва ба тори либосҳо ишора намуда, аз нарху навои гарони таҳпӯшу либосҳои хоси овехташудаи худ ситоиш мекунанд. Ман имкони харидани ин гуна чизҳои гаронбаҳоро надорам. Аз ҳамин хотир, либосамро бештар шабонгаҳ шуста, мехӯшконам ва субҳи барвақт онро аз тор меғӯндорам, то ба ҳолам наханданд…
 
- Дар деҳае, ки ман калон шудам, атрофи ҳавлии одамон девор гирифта шудааст, - гуфт Оиша, зани дигаре аз кӯчаи Кайҳоннавардон, ки ду сол пеш аз ноҳияи Шаҳритус ба Қӯрғонтеппа кӯчидааст. – Он ҷо занон либоси таҳпӯшашонро пас аз шустушӯ дар ҷойҳое мехушконанд, ки ҳатто мардони хонаводаи худашон набинанд. Аз болои либосҳои занона рӯймоле мепӯшонем, то ба чашми одамон натобад, ин аз рӯйи одоб нест. Бо фикри онҳое, ки мегӯянд, деҳотиён одоби шаҳрнишиниро риоя намекунанд, розӣ нестам. Мо ҳам тарбия дидаем ва хубу бадро аз ҳам фарқ мекунем. Аслан, фикр мекунам, ки риояи одоби шаҳрнишинӣ ба фаросати одамон вобастагӣ дорад, чӣ шаҳрӣ бошанд, чӣ деҳотӣ…
 
Ба ҷойи охирсухан
Тазаккур бояд дод, ки сокини шаҳр будан шарафи бузург мебошад ва масъулияти бемислро тақозо мекунад. Аҳли зиё, фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки барои таъмини сатҳи муносиби зиндагӣ, маърифати баланди шаҳрнишинии ҳар як сокини он ҳамеша бо даъвату ташаббусҳои ватандӯстонаю созандаи шаҳрвандӣ, бо андешаву гуфтору рафтори неки худ дар пешрафти ҷомеаамон саҳм гузоранд.
 
Насби мониторҳо дар шаҳр ва таҳияву нашри навору саҳнаҳои омӯзанда, таблиғи маданияти шаҳрнишинӣ тавассути шабакаҳои телевизионии «Хатлон» ва «Қӯрғонтеппа», гуфтугӯҳои инфиродии фаъолони ҷомеа бо шаҳрвандон, баргузории мулоқотҳои масъулони шаҳрдорӣ ва аҳли зиё дар маҳаллаҳо бо шаҳрвандон аз иқдомоти хубу мусоиде мебошад, ки ба ислоҳи вазъ кӯмак хоҳад кард.
 
Симои меъморӣ ва шароити имрӯзаи шаҳр низ ҳанӯз чандон қонеъкунанда нест. Барои ба маркази воқеии маъмурии вилоят табдил додани Қӯрғонтеппа бояд иншооти зарурӣ бо дарназардошти суръати тараққиёти ҷаҳони муосир барои даҳсолаҳои оянда сохта шуда, раванди ободониву кабудизоркунӣ тақвият бахшида шавад. Роҳбари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтааст, ки «миллати мо аз қадим шаҳрсозу шаҳрдор буд, яъне шаҳрсозӣ ва маданияти шаҳрдориву шаҳрнишинӣ суннати деринаи мардуми мо ва ҷузъи муҳими тамаддуни он ба ҳисоб меравад». Пас, моро мебояд пойбанди ин суннати қадимию намунаи ибрат барои миллатҳои дигар бошем ва бо маданияти ба ланди шаҳрнишинию шаҳрсозию шаҳрдории худ ба сӯйи ояндаи дурахшон роҳ пеш гирем.
 
Чӣ гуфтед?
 
Ҳангомаи ИСМАТ 
26 декабри соли 2013. №48 (2941)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода