Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Хуршеди саҳнаи тоҷик


Хуршеди саҳнаи тоҷик


      Соли 1989. Толори театри давлатии академӣ - драммавии ба номи А. Лоҳутӣ. Пас аз чанде намоиши спектакли дипломии мо «Шаби гирифтани моҳ»-и Мустай Карим, дар таҳияи роҳбари бадеии курси мо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон устод Марям Исоева оғоз мешавад.



      Мо-хатмкунандагони шуъбаи маҳорати актёрӣ аз сӯрохии хурдакаки пардаи саҳна бонавбат, бо як ҳаяҷону тарс, хушбахтӣ ва интизорӣ ба толор нигоҳ мекунем, чунин овозҳо садо медоданд: «Бачаҳо, ректор Меҳрубон Назаров омаданд!», «Ана, устод Низом Нурҷоновро дидам!», «Ҳабибулло Абдураззоқову Шамсӣ Қиёмов бо устод Ато Муҳаммадҷонов!», «Хушназар Майбалиев омаданд!», «Ман, устод Убайдулло Раҷабовро мебинам бо Тамара Абдушукурова!» Бале, иштироки чунин шахсиятҳои шинохтаи санъати театрӣ дар дили мо ҳаяҷону масъулиятро дар намоиши дипломӣ бештар мекард.
     Баъди намоиш устод Марям Исоева гуфтанд: «Спектакл дар як нафас гузашт. Офарин фарзандонам, нағз, «темп», яъне набзи намоишнома буд, нақшофариатон, бисёр самимиву табиӣ баромадаст”. Ин суханонро гуфта моро табрику таҳният гуфтанд муаллимаи мо. Аз се намоиши кори дипломии мо танҳо чанде аз устодону ҳунарпешагони шинохта ба паси парда омада, маро табрику таҳният мегуфтанд, ки дар миёни онҳо устоди хайрхоҳу некбин Убайдулло Раҷабов низ буданд.
     Пас аз ду ҳафтаи намоишҳои кори дипломиамон маро устод Убайдулло Раҷабов ба наздашон даъват намуданд. Устод дар бораи ба фаъолият оғоз намудани Театр - студияи «Оина» ва оид ба идома додани фаъолияти кориву эҷодиям, ҷойи истиқоматам пурсиданд. Даъват самимӣ ва хайрхона буд… Ман гуфтам, фикр мекунам. Ана, зиёда аз 30 сол боз фикр мекунам, ки шояд хело имконият ва вақти хуберо аз даст додаам... Ман низ ба мисли бисёре аз ҳаводорону пайравони санъату ҳунару истеъдоди устод, гаштаву баргашта китоби «Дар паси оина»- ро хондам. Тамоми ҳаёти устод, муҳити хонаводагӣ, деҳаи зебоманзари Давлатшоиён, сафар барои хондану касбомӯзӣ ба сӯи Душанбе, хулоса роҳи тайкарда ва зиндагиномаи устод пеши назар меояд, ки ҳама саршор аз нури маърифату фарҳанг аст. Бале, устод зебопарастӣ, эҳтирому меҳрубонӣ, табъи нозук, дӯст доштанро аз волидон мерос гирифтаанд. Миёни мардум як мафҳуме, вожае ҳаст: «Озодазодагон», яъне шахси зиёӣ, озодфикр, бофарҳанг, инсондӯсту хайрхоҳ, назаркардаи худованд буданро мефаҳмонад. Устод Убайдулло Раҷабов яке аз шахсони озода буданд. Дар ҳақиқат, чун ба зиндагӣ ва фаъолияти устоди соҳибэҳтиромамон назар менамоем, пеши назар муносибати некхоҳона, чеҳраи нуронии устод Убайдулло Раҷабов меояд.
      Боре устод маро барои иштирок дар барномаи консертии давлатӣ «Рӯзи модар», ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузашт, даъват намуд. Бо тавсия ва маслиҳату раҳнамоии устод ман як баромади эстрадӣ, яъне монолог бо тақлидкориҳо тайёр намудам. Дар пайи чанд рӯзи тамрин устод гаштаву баргашта, ҳар бор маро ба саҳна даъват мекарданду тамрин ва роҳнамоӣ менамуданд. Оҳиста - оҳиста ҳаяҷонам кам шуд, ба гуфти мардум «шерак» шудам, чунки монолог пухта шуда буд. Ман аҳамият додам, ки устод Убайдулло Раҷабов нисбати ҳар як ҳунарманд чунин муносибат мекарданд. Аз 24 қисмати консертӣ, устод бо ҳар як ҳунарманд дар алоҳидагӣ тамрин мегузарониданд, аз саҳна баромадан, то сару либос пӯшидан, тарзи иҷроишу пешниҳоди суруд ва ё рақсҳо. Тамринҳои устодро медидему меомӯхтем.
       Дар ҳақиқат, устод хело маданияти баланду нигоҳи касбии коргардонӣ доштанд. Дарк ва фаҳмиши хуби мусиқӣ, ҳофиза ва табъи нозуки модарзодиву серталабиву меҳнатдӯстиро дар корашон дида, эҳтиром ва эътиқодамон нисбати устод Убайдулло Раҷабов афзуд. Боре дар идораи дубляжи ТВ «Сафина», ман ба дубляжи филми «Муҳаббати ҳамкорон» (“Служебный роман”)-и Элдар Рязанов дар коргардони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мастура Ортиқзода даъват шуда будам. Дар рафти кор, нақши ман, ки Самохвалов буд, режиссёри дубляж Мастура ба ман эрод гирифта 2-3 маротиба хоҳиши «боз ҳам бурротар талаффузи матнрову ба назар гирифтани таҳтулматни ҷумла»-ро аз ман талаб намуданд. Ман каме асабонӣ шуда баҳона пеш оварда гуфтам, ки «тезтар сабт кунед, ки ман бениҳоят кори зарур дорам». Мастура каме хомӯш истода гуфтанд: «Аловуддин, сабру тоқат, таҳаммул ва муносибати ҷиддӣ ба касбу корамонро аз устод Убайдулло Раҷабов бояд омӯзем. Ман то 7-8 маротиба ҳар сухан, ҳар як ҷумларо бо устод тамрин ва сабт карда мегирам, дар охир устоди меҳнатдӯсти мо ба хастагиашон нигоҳ накарда чунин мегӯянд: «Мастура, як бори дигар сабт мекунем!». Ҳамин тавр, устод давоми ду ҳафта барои овоз додани нақши Новоселсев бо мо ҳамкорӣ намудаанд.
      Намоишнома ва саҳнаҳои бо коргардонӣ ва ҳунарнамоии устод Убайдулло Раҷабовро дида, оид ба маҳорат ва истеъдоди баландашон мехоҳам чанд ҳарфе бигӯям. Устод дар баробари офаридану иҷрои ин ё он нақшашон санъати таҷассумкорӣ, санъати иртибот бо тамошобин, санъати зебои «импровизатсия», яъне бадоҳатан эҷод ва иҷро намудани саҳна, ба бозӣ даровардани ҳар як ҷузъу ашёи саҳна, маҳорати бузурги хандонидани тамошобинон табиӣ буд. Чун мураббии хайрхоҳ омӯзондани касб, таълиму маслиҳат доданро дӯст медоштанд. Ҳамаи мо аз устод Убайдулло Раҷабов нозукӣ, равшанӣ ва бадеиятро дар пешниҳод ва иҷрои ҳар як нақш омӯхтаем. Чи сирре ниҳон аст дар маҳорату истеъдоди ӯ? Ман фикр мекунам, бурди ӯ, пеш аз ҳама дар серталабиву меҳнатдӯстӣ ва сабру тоқат буд. Устод Алишер Навоӣ мефармояд: «Онеро, ки сабру тоқат аст, аз барги сабз абрешим ва аз гул ангубин месозад». Рисолати устод Убайдулло Раҷабов ҳамин гуна буд, ба санъату фарҳанг хизмат кардан, шод гардонидани мардум, ба ҳар як хонадони тоҷик ҳадя намудани рӯҳи болидаву табъи хуш. Чун ба ҳаёту фаъолияти устоди соҳибэҳтирому соҳибному соҳибҳунарамон назар мекунем, мебинем, ки дар давоми зиндагиашон устод Убайдулло Раҷабов бо чӣ қадар хандаҳову гиряҳо, афтиданҳову хестанҳо, баландиҳову пастиҳо, муҳаббату хиёнатҳо, мардиву номардиҳо рӯ ба рӯ шудаанду обутоб ёфтаанд. Рӯҳи бузург, дили беғараз, муҳаббати самимӣ, дидадароӣ, садоқату вафодории устод Убайдулло Раҷабов барои мо-шогирдону пайравонаш мактаб аст. Мактаби Убайдулло Раҷабов, ин мактаби меҳру муҳаббати санъат аст барои шогирдон.

Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода