Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Боздид аз рафти барқарорсозии маҳаллаҳои зарардидаи Кӯлоб ва татбиқи лоиҳаҳо


Боздид аз рафти барқарорсозии маҳаллаҳои зарардидаи Кӯлоб ва татбиқи лоиҳаҳо




Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардида ва рафти татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ боздид намуд.

Зимни боздид раиси вилоят бо рафти сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд намудани манзилҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки корҳои барқарорсозӣ бояд дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо риояи пурраи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом ёбанд, то шаҳрвандон ҳарчи зудтар соҳиби манзилҳои муносиб гарданд.

Дар идомаи сафар Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии варзишгоҳи «Кӯлоб Арена» дидан намуда, барои босифат ва саривақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастурҳои иловагӣ пешниҳод кард. Ба иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, тадбирҳои зарурӣ барои мутобиқ намудани иншоот ба талаботи замони муосир амалӣ мешаванд.

Ҳамчунин раиси вилоят аз корҳои мумфаршсозии роҳи мошингард ба масофаи 6 километр боздид намуда, барои баланд бардоштани сифати корҳои роҳсозӣ ва мутобиқ намудани роҳ ба талаботи байналмилалӣ ба масъулин тавсияҳои муфид дод.

Қайд гардид, ки дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб бо маром идома доранд.

Тавре иттилоъ дода шуд, аз рӯзҳои аввали ба амал омадани офати табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои ҳамаҷониба ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офат тадбирҳои фаврӣ андешидааст. Дар натиҷа имрӯз сокинон ба барқарорсозии манзилҳои истиқоматӣ, сохтмони анборҳо ва дигар иншооти ёрирасон машғул мебошанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаҳои осебдида бо ҷалби мутахассисон ва сохтмончиёни маҳаллӣ шабонарӯзӣ идома дошта, барои ҳарчи зудтар ба истифода супоридани хонаҳои нав тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷараёни корҳои барқарорсозиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва таъмини ниёзҳои аҳолии зарардида чораҳои иловагӣ меандешанд.

Тибқи маълумот, дар натиҷаи офати табиӣ зиёда аз 10 маҳаллаи шаҳри Кӯлоб ба дараҷаҳои гуногун зарар дидааст. Бо вуҷуди мушкилоти пешомада, сокинон бо рӯҳияи баланд дар корҳои барқарорсозӣ фаъолона иштирок намуда, барои ҳарчи зудтар ба ҳолати муқаррарӣ баргардонидани шароити зиндагии худ саҳм мегузоранд.

Сокинони маҳаллаҳои зарардида аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дастгириҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин дастгириҳо барои онҳо мояи рӯҳбаландӣ ва бовар ба ояндаи нек гардидааст.

Мувофиқи нақша, корҳои барқарорсозӣ дар маҳаллаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом ёфта, аксари иншооти осебдида пурра аз нав барқарор ва барои истифодаи сокинон омода карда мешаванд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода