Эмомалӣ Раҳмон - чеҳраи намоёни арсаи сиёсат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 ноябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 258
Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ифтихор менамоянд, ки тавассути сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор миёни давлатҳои ҷаҳон пазируфта шудааст.
Рушди давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷасорат, мактаби бузурги сулҳофарӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, пешрафти иқтисодиёт, расидан ба ҳадафҳои муҳими давлатсозӣ боиси он гардид, ки Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахси барҷастаи таърихсоз, эҳёгари расму оин, бо андешаҳои поку беназир мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.
Дар пеши назари мардуми тоҷик ҳамеша сухани Эмомалӣ Раҳмон: “Ман ба шумо сулҳ меорам” садо медиҳад. Танҳо бо иродаи устувор ва садоқату ватандӯстии Эмомалӣ Раҳмон ва иттиҳоду ҳамбастагии халқи Тоҷикистон буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба сулҳу ваҳдати комил расидем ва зиндагӣ ба маҷрои созанда баргашт.
Пешвои миллат тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.
Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро кишварҳои бузурги дунё ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатии худро бо Тоҷикистон мустаҳкам намуданд, ки ин аз сиёсати дарҳои кушоди роҳбарияти олии сиёсии кишвар башорат медиҳад.
Дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ кишвари мо таҳти сарварии Пешвои миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақилу демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Имрӯз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби ватандории Президенти мамлакат мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ, мактаби ҷасорату матонат буда, баҳри роҳнамоӣ намудани ҷомеа нақши муҳим дорад.
Хизматҳои Сарвари давлат дар барқарории сулҳу амният, бунёди низоми давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, амалисозии ҳадафу ормонҳои миллӣ, аз ҷумла раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, гомҳои устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии кишвар, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ беназир мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пайкори созандаву устувор, истеъдоди фавқулода, рисолати тавонои ҷомеашиносӣ ва сиёсатмадорӣ ҷомеаро ба сӯйи ягонагӣ, муттаҳидӣ, ватанпарварӣ, парвариши андешаву шуури миллӣ ҳидоят намуд ва сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллиро таъмин сохт. Маҳз бо кӯшишу талош ва ҷоннисориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти давлатдориаш баҳри ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамон ҳамеша талошу ҷонбозиҳо менамуд ва пайкараи давлатсозӣ ва бақои миллати тоҷикро бунёд сохт.
Набояд фаромӯш кард, ки таҳкими Истиқлоли давлатӣ дар заминаи эҳсоси баланди ифтихори ватандории мардум пойдор монда метавонад. Таҷрибаи таърихӣ ва давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ миллати сарбаланди тоҷик тавонист муттаҳиду сарҷамъ гардида, ба ҳадафҳои олии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардад. Мо эҳсос менамоем, ки имрӯз ҷаҳониён таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ҳамчун падидаи нави таърихӣ пазируфта, бо ҳидояти коршиносону ҷомеашиносон дар минтақаҳои ноамни ҷаҳон ҳамчун мактаби сулҳофарӣ истифода мебаранд.
Подоши ин ҳама корномаҳо маъруфиятест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ҳамаи ин заҳматҳо, ҳамчунин, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки мунтазам нисбат ба сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон минбаъд низ дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳиду сарҷамъ шуда, дар таҳкими сулҳу субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...