МАРДОНИ РАҚҚОС ТАРКИ САҲНАИ ҲУНАР МЕКУНАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 октябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Таҳқиқи журналистӣ / Хабарҳо, Боздид 506
То рафт тарки саҳнаи ҳунар намудани мардони раққос масъулин ва мутахассисони соҳаро дар Тоҷикистон нигарон кардааст. Инро бархе аз сокинон ва дӯстдорони санъати рақс низ пай бурда, борҳо фикру мулоҳизаҳои худро дар матбуот ва сомонаҳои иҷтимоӣ баён намуданд.
Агар якчанд сол пеш дар ансамбли касбии рақсии “Ситора”-и шаҳри Бохтар – маркази маъмуриии вилояти Хатлон дар баробари духтарон 18-20 ҷавонписари раққос фаъолият мекард, имрӯз ҳамагӣ 3 нафар боқӣ мондаасту халос.
Коршиносон сабаби инро дар муносибати бади ҷомеа ба мардони раққос,камтаваҷҷуҳии ҷавонон ба ин намуди санъат, норасоии мутахассисони ҳирфаӣ, монеъаи волидайн, камии маош, мавҷуд набудани шароити муносиби корӣ, тағйири касб ва ба муҳоҷирати меҳнати рафтани ҳунармандон медонанд.
Аммо таҳлилгарон ба ин назаранд, ки агар бархурди сарди мардум ба ҳунарнамоии мардони раққос омили асосии тарки касб намудани онҳо бошад, дар саҳнаи ҳунар бо ҳаракатҳои занона рақсидани мардон боиси ба вуҷуд омадани чунин афкор гардидааст.
СИЁВУШ АЛАЙҲИ МУНОСИБАТИ БАДИ ҶОМЕА ДАР САҲНАИ ҲУНАР МЕРАҚСАД
Сиёвуш Алиев, аз замони таъсиси ансамбли “Ситора”-и шаҳри Бохтар (2016) ҳамчун раққос фаъолият мекунад. Ӯ аз гуруҳи 18-20 нафараи мардони раққос, ки 5-6 сол пеш якҷо рӯи саҳнаи ҳунар буданд, ягона нафарест, ки новобаста ба муносибати бади ҷомеа, фишори равонии ҳамсолони худ ва мушкилоти дигар рисолати касбиашро идома дода истодааст. Ин ҳунарманди ҷавон низ сабаби аз байнравии рақси касбии мардона дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ва тарки саҳна намудани ҳампешагонашро ба муносибати бади мардум нисбат ба онҳо рабт медиҳад.
“Дар кӯчаву деҳа моро дашном мекунанд, дағал гап мезананд, суханҳое мегӯянд, ки ба иззати нафсамон мерасад, нисбатамон ақидаи бад доранд, дар миёни ёру рафиқон мазоқ мекунанд ва барои ҳамин ҳам аксарияти ҷавононписарон дилмонда шуда, тарки касб намудаанд”- мегӯяд Сиёвуш.
Ба гуфтаи ӯ вақте инсон касбашро дӯст медорад бояд таъсири равонии атроф, бархурди ҷомеа ва ҳар мушкилоти дигарро таҳаммул кунад. Аксарияти мардони раққос донишҷӯён будаанд, ки барои ба даст овардани маблағ ба ансамбл шомил мешуданд. Ҳамагӣ як сол пеш ҳамкорони ӯ Неъматулло, Фирдавс, Камолиддин фаъолияти худро дар ансабли “Ситора” қатъ намудаанд.
Онҳо баъд аз хатми донишгоҳ ба деҳаҳои худ рафта, аз рӯи ихтисосашон фаъолият намуда истодаанд. Баъзеашон бошанд муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр намуда, барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии оилаи худ ба Русия рафтаанд. Дар ин миён шумораи хеле ками ҷавонписароне низ ҳастанд, ки ба бахшҳои фарҳанги ноҳияҳо ба кор рафта, онҷо гуруҳи рақсии кӯдакона ташкил кардаанд.
Сиёвуш Алиев он иддаоеро, ки гӯё мардони раққос занона мерақсанд рад намуда мегӯяд, ки ҳаракатҳои марду зан аз ҳамдигар куллан фарқ мекунанд. Тарзи помонӣ, дастбардорӣ, чархзанӣ, имову ишораи зан дигар асту аз мард дигар. Вале Сиёвуш дар баробари рақси мардона ҳаракатҳои мавзуни занонаро низ омӯхта истодааст. Зеро ба гуфтаи устодаш бояд ӯ идомадиҳандаи ин кор бошад ва дар оянда ба писарону духтарон назокати рақси ҳарду ҷинсро дар алоҳидагӣ омӯзонида тавонад.
САҲНАИ РАҚС БЕ МАРДОН КАМРАНГ АСТ
Муассисаи давлатии ансамбли касбии рақсии “Ситора” дорои 54 воҳиди корӣ буда, ҳоло ҳадди ақал ба 20 нафар ҳунарманд ниёз дорад. Масъулини ансамбл тасмим доранд, ки бо ҷалби ҷавондухтарону писарони соҳибзавқ фаъолияташонро беҳтар намоянд.
“Мехоҳем дар ансамбл гуруҳи рақсии мардона низ ташкил намоем. Аммо хоҳишмандон хеле каманд. Аз 40 ҳунарманд, ҳадди ақал 10 нафарашон агар мард бошад барномаҳои фарҳангӣ боз ҳам рангинтар мегардиданд. Таъминоти кадрии мо асосан аз ҳисоби хонандагони мактаб, донишҷӯёни колеҷу донишгоҳҳо мебошад. Барои ҳамин якчанд маротиба бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва мактаббачагону донишҷӯён вохӯрдем ва барои ҷалби наврасону ҷавонон аз ҳамаи василаҳо истифода бурда, онҳоро ҳавасманд месозем, шароити муносиби кор ва бо сарулибос таъмин мекунем, вале қариб, ки натиҷа надода истодааст. На ҳар кас санъатро мефаҳмад ва моҳияти кори раққосон дарк мекунад. Барои ҳамин дар соҳа мушкилоти кадрӣ ҳамеша пеш меояд”, - иброз менамояд Фарҳод Куганов, директори муассисаи номбурда.
САРБАЛЕТМЕСТОР БА МАРДОН РАҚСИ ЗАНОНА ҲАМ МЕОМӮЗАД
Сарбалетместори ансамбли “Ситора” Шуҳрат Бобоев мегӯяд, ки аз пушти гапу калоча аксари мардони раққос тарки касб намудаанд. Ин аст, ки рақси мардонаи тоҷикӣ аз байн рафта истодааст. Бо сабаби кам будани писарон дар ансамбли “Ситора” онҳо номераҳои алоҳидаи рақсии мардонаро дар барномаҳои фарҳангӣ гузошта наметавонанд. Барои ҳамин мардони раққосро дар якҷоягӣ бо духтарон ба саҳна мебароранд. Ба гуфтаи ӯ ин мушкилот на танҳо дар ҷануби Тоҷикистон аст, балки дигар минтақаҳои кишвар низ эҳсос мешавад. Шӯҳрат дар мисоли ансамбли касбии рақсии “Лола”, ки дар пойтахти мамлакат фаъолият мекунад зикр намуд, ки солҳои пеш онҷо 28-30 мард мерақсид, ҳоло бошад, 8-10 нафар мондаанд.
Шӯҳрат Бобоев бахши харогеорафияи колеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро хатм намуда, солҳои дароз дар театри касбии шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Ба гуфаи ӯ соли 1995 онҳо ҳудуди 18 мард ва 20-22 нафар зан мерақсиданд. Ҳоло бошад ба ҷуз 2-3 нафар устодони кӯҳансол дигар касе аз мардони раққос боқӣ намондаанд. Ин устоди рақс мегӯяд, ки ӯ дар колеҷ ва коргоҳашон ҳам ҳаракати мардона ва ҳам занонаро омӯхтааст ва барои ҳамин ин ҳардуро ба ҷавононписарон имрӯз омӯзонида истодааст.
“Одатан мо устодони рақс мулоим гап мезанем. Чун мо бо ҷавонписарону духтарон кор мекунем ва барои ба дили шогирдон роҳ ёфтанду ба онҳо омӯзонидани нозукиҳои касб нарм суҳбат мекунем. Агар мо муносибати сахт кунем ҷавононро нигоҳ дошта наметавонем. Барои ҳамин мардум моро нодуруст мефаҳманд ва нисбатамон бо назари бад менигаранд”- идома дод Шӯҳрат Бобоев.
Ба андешаи ин устоди рақс қаду қомат, дасту миён ва кашиши узвҳои бадани зану мард бояд дар саҳна якхел бошад. Мард кори худро иҷро мекунад, зан хоси худ мебошад. Барои ҳамин ба назари одамон рақси мардонаю занона яксон менамоям. Аммо диққат диҳем мушоҳида мекунем, ки агар дар саҳнаи ҳунар марди раққос мушт кунад зан ҳатман дасташро мекушояд.
Шӯҳрат Бобоев таъкид намуд, ки корашон мушкил, вале маошаш паст аст. Барои ҳамин ҳам ҳатто иддае аз устодони соҳа низ тағйири касб ё тарки саҳна намудаанд.
Саҳнагузори рақс Дилангези Зафарзода, мегӯяд, ки дар баъзе сурудҳо тибқи мазмуну муҳтаво мардони раққос бештар лозим меояд. Аммо бо сабаби хеле кам будани писарон дар ансамбл онҳо ё пурра номераи рақсии занона ва ё омехта бо мардони раққосро ба саҳна мегузоранд.
ДАР ТЕЛЕВИЗИОН РАҚСИ МАРДОНА ДИДА НАМЕШАВАД
Санъатшинос Саидмурод Боймуродовро низ аз камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба рақси мардона суҳбат намуда, иброз дошт, ки дар фарҳанги бойи миллати тоҷик даҳҳо намуди рақси мардона мавҷуд аст, вале аксари онҳо аз байн рафтаанд ва ё иҷро намешаванд. Масалан: "Рақси чӯпон"-рақси мардонае мебошад, ки иҷрокунандаи он таёқро ба даст гирифта, гӯё рамаи гӯсфандонро пеш-пеш мекунад. Ӯ мазмуни рақси худро бо ҳаракатҳои назди чашма омадан, дасту рӯйро шустану об нӯшидан тасвир менамояд. Чӯпон таёқро гирифта ба ин ва он тараф мераваду рамаро як ба як ҳисоб мекунад... Ба ин монанд рақсҳои халқӣ, ҳаҷвӣ, анъанавии мо пештар дар соҳаи кино ҳам васеъ истифода мешуд. Дар филмҳои "Рустам ва Суҳроб", "Ҳасани аробакаш","Ман бо духтаре вохӯрдам" рақси асили мардонаи тоҷикиро дидан мумкин аст, -гуфт санъатшинос.
Саймурод Боймуродов ҳамчунин зикр дошт, ки испаниҳо, туркҳо, русҳо, гурҷиҳо ва доғистониҳо бо рақсҳои мардонаи худ машҳуранд. Вале мардуми тоҷик бо пайдо ва мӯд шудани суруду оҳангҳои замонавӣ санъати қадимаи меросии худро фаромӯш мекунанд.
“Дар ёд дорам, ки солҳои пеш дар тӯю маъракаҳо мутасаддиён мардони раққосро ба саҳна мебароварданд ва ҳама ҳангоми бо раққоса рақсидани вай кафкӯбиву мухлисӣ менамуданд. Ё ки дар деҳаҳои куҳистон мардону мӯйсафедон аввал ба рақс мебаромаданд...”- нақл мекунад ӯ.
С.Боймуродов гуфт, ки на ҳамаи ансамблҳои касбӣ ва халқии кишвар ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ба ин масъала диққати зарурӣ медиҳанд. Дар назди қасрҳои фарҳанг ва мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагона маҳфилҳои рақсӣ ангуштшуморанд. Дар барномаҳои ҳунарии санъаткорони шаҳру ноҳияҳо намунаҳои рақси мардонаи тоҷикӣ кам дар кам мебошанд. Дар барномаҳои телевизионӣ рақсҳои мардона қариб, ки ба назар намерасанд. Ҳамчун дар низомномаҳои озмунҳои ҷумҳуриявие, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд, рақсҳои мардона ба назар гирифта намешаванд...
Дар идома ҳамсуҳбатамон таъкид намуд, ки бояд сар карда аз коллеҷу донишкадаҳои ҳунарӣ ва консерватторияи миллӣ барои эҳёи намунаҳои рақси мардона чораҳо андешида, дар барномаҳои консертии шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ баромади устодони рақс ва гуруҳҳои рақсии писарона ташкил намоянд.
Тибқи иттилои Раёсати фарҳанги вилоят дар 18 ансабли касбӣ, тарона, рақс ва филармонияҳои халқии шаҳру ноҳияҳои Хатлон ҳамагӣ 51 зан ва 17 нафар мард ҳамчун ҳунарманди рақс фаъолият мекунанд. Дар вилоят 12 ансабли тарона ва рақс мавҷуд аст, ки ба ҷуз “Ситора”-и шаҳри Бохтар, ки 3 марди раққос дорад, дар боқимонда як нафар ва ё умуман мардони раққос мавҷуд нестанд.
АКСАРИЯТИ УСТОДОНИ РАҚС МАРДҲОЯНД
Масъулини Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон гуфтанд, ки воқеан рақси касбии мардона на танҳо дар ҷануби Тоҷикистон, балки дар дигар минтақаҳои кишвар низ оҳиста-оҳиста аз байн рафта истодааст. Онҳо таъкид доштанд, ки барои ҷалби ҳунармандон талош доранд, вале аксарияти мардони соҳибзавқ низ дар саҳнаи ҳунар рақсидан намехоҳанд. Агар майл дошта бошанд ҳам афкори ҷомеа намегузорад, ки онҳо ҳамчун раққос фаъолият кунанд.
Қариб ҳамаи устодони рақс дар вилоят марданд. Аксарияти онҳо кадрҳои замони шӯравӣ мебошанд. Албатта аз ҷавонон ҳам ҳаст, вале хеле кам. Дар воҳидҳои кории аксарияти муассисаҳои фарҳангӣ ҷойи мардони раққос холианд.
Мувофиқи маълумот дар соли таҳсили 2022-2023 ягон нафар аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз рӯи ихтисоси хареография ба колеҷу муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил нашудаанд. Ба гуфтаи мутахассисон ба ҷуз риштаи рақс ҳамасола даҳҳо нафар ҷавонон аз ин вилоят ба факултаҳои сарояндагию навозандагӣ, коргардонию ҳунармандӣ ва дигар навъи санъат шомили муассисаҳои фарҳангии таълимӣ мешаванд, аммо чанд соли охир нафаре ҳам бахши хареографияро хатм накардааст.
МАРДОНИ РАҚҚОС ТАҒЙИРИ КАСБ МЕКУНАНД
Шариф Азизов, балетместори ансамбли фолклорӣ ва этнографии “Хутал”-и вилояти Хатлон мавҷуд набудани шароити корӣ ва маоши нокифояи ҳунармандонро сабаби тағйири касб ё тарки соҳа намудани раққосон донист. Ба нақли ӯ вақте ансамбли “Хутал” ва “Шашмақом”-ро, ки дар гузашта як буд, аз ҳам ҷудо карданд дар гуруҳи рақсии худ 12 духтар ва 12 писар дошт. Аммо дере нагузашта онҳо аз кор рафтанд. Ҳоло вай танҳо ба чанд духтар рақс меомӯзаду халос. Шариф Азизов мегӯяд, ки рақси мардона буд, ҳаст ва мемонад. Ба шарте, ки ҳунари онҳо қадр гардаду шароити кориашон муҳайё ва маоши раққосон баланд бардошта шавад.
“Аз аввал одамон ба мардони раққос каҷ менигаристанд. Лекин нафарони низ кам набуданд, ки баракс раққосро дӯст медоштанд ва ҳунари ӯро қадр мекарданд. Имрӯз ҳам чунин аст. Лекин ба назари ман ин боиси аз байн рафтани рақси мардона набояд шавад. Зеро ниёз ба мо дар чорабиниҳои фарҳангӣ рӯз то рӯз зиёд мешаваду кам не. Вале роҳашро ёфта ҷавононро ҳарчи бештару беҳтар ҳавасманд кардан лозим. Дар вилояти Суғд 8 ансамбли касбии рақсӣ фаъолият мекунад. Дар миёни онҳо ансабл ва гуруҳҳои рақсии сирф мардона ҳам мавҷуд аст. Чаро дар Суғду ВМКБ мешудаасту дар мо не?!”- қайд намуд ӯ.
Ҳар балетместр ҳаракати мардонаро ба гуруҳи рақсӣ фаҳмонида наметавонад ва ҳар кас ҳам онро ба саҳна гузошта наметавонад”- афзуд сарбалетместр.
МАРДОНИ РАҚСИ МАРДОНА БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАНД
Ба гуфтаи ин мутахассиси соҳа якчанд сол пеш ӯ як номераи рақсии мардонаи кӯлобигиро, ки дар он писарон бо дафҳо мерақсиданд ба саҳна гузошт ва раиси вилояти вақт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба он баҳои баланд дода ба раққосон аҳсан хонд. “Вақте роҳбарият дастгирӣ мекунанд мо руҳбаланд мешавем ва аз ҳарвақта дида бештар заҳмат мекашем. Ҳунарманд ба таваҷҷуҳ эҳтиёҷ дорад. Агар ӯро суроғ накунӣ дилсард мешавад”- иброз меорад Шариф Азизов.
Низом Нурҷонов, муҳаққиқи санъат намудҳои мухлалифи рақси занонаю мардонаи тоҷикиро омӯхта дар китоби худ бо номи “Оламе беканори рақси тоҷик” чунин навиштааст: “Рақси мардона дар ҳамаи ноҳияҳои тоҷикнишин вуҷуд дошт. Мардҳо, хусусан ҷавонон ҳамдигарро бо навбат таклиф намуда таҳти хониши сурудҳои рақсии ҳофизон ё навозиши дойра, сурнай, таблак (Кӯлоб) мерақсиданд. Баъди пайдо шудани “бача”, “ҷувон” мардҳо камтар мерақсиданд ё худ тамоман аз рақс даст мекашиданд. Чунончӣ, мардҳо то инқолоби октябр дар баъзе ноҳияҳои Қаротегин ва водии Ҳисор умуман намерақсиданд. Мардҳои деҳаҳои ҷудогонаи Фалғар, Лангаришо (қалъаи лаби об ҳозира Тоҷикобод), Лахш (Ҷиргатол), Дийити (Комсомолобод) аз рақс ҳазар менамуданд”.
Ҳамчунин ин муҳаққиқи соҳа дар китоби номбурда қайд намудааст, ки дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон рақси мардона аз байн рафтааст.
“Дар Шаҳрисабз рақси мардона барҳам хӯрд. Дар баъзе ноҳияҳо ба рақс таклиф кунанд, ӯ “ман ба ту ҷувон-мӣ”-гӯён ба ғазаб меомад. Дар он ҷойҳое хусусан Қаротегену Дарвоз, Кӯлоб, Фалғар рақси мардона вуҷуд дошт, онро асосан писарбачаҳо ва ҷавонони муҷаррад яккаса ва гоҳо дукаса инҷо менамуданд”- нигоштааст Низом Нурҷонов.
Назарсанҷии мо оид ба ин мавзӯъ дар кӯчаву хиёбонҳо бозгӯи он аст, ки аксарияти мардум ҷонибдори рушди рақси мардона нестанд. Онҳо ин ҳунарро барои мардон шармовар номида, ҳатто берхе мардони раққосро дағалона дашном ҳам медиҳанд. Аммо дар ин миён мусоҳибоне низ буданд, ки аз рақси миллии мардона хуш пазируфтанд.
РАҚС ХОСИ МАРД НЕСТ?
Ҷомеашинос Дилороми Юнус мегӯяд, ки дар миёни мардуми вилояти Хатлон стереатипҳое мавҷуданд, ки гӯи мард бояд рақс накунад ва рақс ҳам хоси мард нест. Ин мавзуъ албатта ҷанбаҳои гендерӣ дорад. Аммо чаро рақси мардон дар Суғду Бадахшон роиҷ асту дар Хатлон мисле, ки аксарият қабул надоранд? Чунин андеша кардан аз тафаккур ҳам вобаста аст. Масалан дар туйу хурсандиҳои кӯҳистон аввал мардон ба рақс мебаромаданд, имрӯз ҳам ин анъана дар навоҳии Кӯлобу ВМКБ боқӣ мондааст. Аммо ба ҳар ҳол зери таъсири фарҳанги ғайр иддае аз мардум рақси мардонро ба дину мазҳаб рабт дода, раққосро хуш надоранд.
БАҲСИ РАҚСИ МАРДОНА ДАР ИНТЕРНЕТ
Чанде пеш гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” маводи газетаи “СССР”-ро бо номи “Рақси мардона аз байн меравад?” бознашр намуд, ки дар зери он даҳҳо нафар сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар фикру мулоҳизаҳои худро баён доштаанд.
Дар маводи номбурда Абдулқаюм Кенҷаев, донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода гуфтааст, ки рақси мардона аз байн рафта истодааст.
“Ҳарчанд мутахассиси соҳаи рақс ҳам набошам, вале 1 чизро мушоҳида мекунам, ки солҳои охир дар чорабиниҳои давлатӣ ва ҷумҳуриявӣ рақси мардона дида намешавад. Солҳои пеш ба назар мерасид, ҳол он ки рақси мардонаи тоҷикӣ диданбоб аст”- омадааст дар матлаб.
Ҳамчунин Абдулқосим афзудааст, ки дар донишкадаи онҳо шуъбаи рақс амал мекунад, ки дар он донишҷӯписарон ангуштшуморанд. Ва мардум ба ҷавонмардоне, ки дар ин ришта таҳсил мекунанд ҳар гуна амалро нисбат медоранд.
“Агар мо имрӯз рақси мардонаи тоҷикиро эҳё накунем, пас кӣ мекунад? Хуб мешуд, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сари ин масъала ҷиддӣ андешад, зеро рақс 1 ҷузъи асосии соҳаи фарҳанг аст”- менависад муаллиф.
Акбар Шарипов корбари фейсбук зери матлаби мазкур навиштааст, ки “мард рақс намекунад”. Дар посух ба ӯ Назршо Раҷабов мегӯяд, ки мард нону таъом мепазад, генеколог мешаваду чаро раққос набошад.
Корбари дигар дар зери маводи “Рақси мардона аз байн меравад?” чунин менависад: “...Рақси мардона дар Бадахшон мавҷуд аст...Санъати рақси мардона маънои онро надорад, ки мардҳо занакмиҷоз гарданд...”
Шаъмигул Муҳсинова дар шарҳ гуфтааст, ки давраҳои пеш мардон мардона мерақсиданд, мардҳои имрӯза бошанд, мисли занҳо мерақсанд.
Забоншиноси маъруф Умед Ҷайҳонӣ низ доир ба рақси мардона фикри худро баён намудааст: “...Рақси паҳлавонӣ буд, ки куштигирҳо пас аз пирӯзӣ иҷро мекарданд, рақси шамшербозӣ буд, рақси чӯпон доштем, ки худам иҷро мекардам, рақси аспак буд. Ҳанӯз ҳам дар рустоҳо ин рақсҳо дар ҷашну сурҳо иҷро мешаванд. Аммо бояд ин рақсҳоро гирдоварӣ ва пажуҳиш карду дар донишкадаи фарҳангу ҳунар омӯзиш дод. Вагарна як намуд рақсҳое миёни ҷавонон ривоҷ ёфта, ки бештар маймунбозӣ ҳастанд то рақсу ҳунар”.
Корбари дигари фейсбук Гулсара Юсупова ҷонибдорӣ аз рақси мардона намуда гуфтааст, он хеле зебо аст. “Мафкураи мардуми мо ҳамин хел аст. Раққос бошад мардро таҳқир мекунанд. Бо рақс кардан агар мардҳо зан мешуданд якум раққоси машҳури ҷаҳон аз Чеченистон Эсамбоев мешуд”.
Толиб Исмоилов бошад хареографияи тоҷикро ба сифр баробар кардааст. “...Ин хел рақс ба тоҷикон аз шармандагӣ беш нест. Марди тоҷик вақти рақсаш бо виқор ва хеле ҷиддӣ бояд бошад, ҳаракати раққосазанҳоро такрор накунад ва дар рӯяш умуман табассум, ханда набошад. Дар симои марди раққос бояд шуҷоат, сипоҳӣ, ҷасорат, ғурури мардӣ намоён бошад...”.
Абдулфаттоҳ Шарипов ҳам дар шаҳр чунин менависад: “Вақте ман дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мехондам, медидам, ки ба бачаҳову духтарон элементҳои рақси занонаро нишон медоданд ва рақси бачаҳо ба духтарҳо монанд буд ва ҳоло ҳам мебинем, ки онҳо рақси занона мекунанд...Рақси мардони ҳақиқиро шодравон Ҳабибулло Абдураззоқов мекард. Ва як рақси зебои мардонагиро дар филми “Майдони парвоз” дидаам, ки онро як ҷавон аз минтақаи Кӯлоб иҷро мекунад”.
Журналист Лолаи Саидакбар низ ба ин мавзӯъ дахд карда, дар сомонаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон ” андешаи худро баён дошта, аз вазъи кунунии рақси мардона изҳори нигаронӣ кардааст.
"Ба ёд биёред филми “Ҳасани аробакаш”-ро, Бембулат Ватаев иҷрокунандаи нақши Ҳасан бисёр зебо мерақсад. Дар наворҳо рақсҳои мардонаи устодон Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноатро дидаам...Чанде пеш дар як маҳфил шоҳиди рақси устод Аскар Ҳаким шудам, ки ниҳоят зебову мардона буд... Имрӯз мардони раққоси мо дар нозу хирому ҳаракатҳои нозук аз бонувон чанд қадам пешанд, онҳо занона мерақсанд. Ба саҳнагузорандаи рақс шудани ҳамин гуна мардон буд, ки ин ҳунари миллӣ чеҳраи тоҷиконаи худро қариб гум кардааст"- менависад муаллиф.
Ин бону ҳамчунин дар идомаи матлаби худ афзудааст, ки рақси мардонаи тоҷикро эҳё кардан ғайри имкон аст, зеро ҷавонони тоҷик дар тӯйу маъракаҳо “лезгинка”-ю “валс”-ро авлотар медонананд...
БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ: РАҚСИ МАРДОНА БОЯД БОШАД!
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон касбҳоро ба мардонаю занона ҷудо мекунанд. Аммо дар шароити баробарии гендерӣ дар интихоби касбу кор миёни ҳарду ҷинс тафовут гузошта намешавад. Султонмурод Қурбонов устоди рақс дар ансамбли “Шашмақом”-и вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар баробари рақси занона рақси мардона ҳам бояд бошад ва он ривоҷ ёбад.
“Мардҳое дорем, ки воқеан хеле зебо ва мардона мерақсанд. Занҳо низ ҳамчунин. Ман миёни инро фарқ намегузорам. Ба худи шахс вобаста аст. Вақте марди раққос нозукона рафтор кард, хоҳем нахоҳем мардум ҳар чиз мегӯянд. Лекин барои ба шогирдон нишон додании ҳаракатҳои занона боке надорад. Вақте худат рақсро иҷро мекунӣ, бояд ҳатман ҳаракатҳои мардона бошад, чунки ту мард ҳасти охир. Ин ҷамъия аст. Даҳони ҳамаро пӯшонида намешавад. Чи гунае, ки дар оила тарбия ёфтаанд ҳамин тавр одамон дар кӯча рафтор мекунанд”- мегӯяд устоди рақс.
Дар замони кунунӣ ҳарчанд баробарии занону мардон таъмин аст, аммо омилҳое мавҷуданд, ки таваҷҷуҳи ҷавононро ба ин ҳунар кам кардааст. Ин аст, ки дар саҳнаи ҳунар бонувон мерақсанду ба қавли коршиносон ҷойи мардони раққос холӣ монда истодааст.
“Дар ансамбл бояд омехтагӣ бошад. Яъне ҳам писарон ва ҳам духтарони раққос фаъолият кунанд. Дар ансамбли рақсии “Ситора” солҳои пеш ин баробарӣ мушоҳида мешуд. Дар саҳна ҷавонписарону духтарон якҷо мебаромаданд. Аммо аз чи бошад, ки аксарияти онҳо касбашонро такр кардаанду имрӯз хеле кам мондаанд. Муносибати ҷомъият низ ба ҷавонон таъсир мекунад. Вақте ки одамон ва ҳатто роҳбарон ба онҳо хунукназарона назар мекунанд аз ҳамин ҷиҳат дилхунук мешаванд”, -илова намуд Султон Қурбонов.
РАҚҚОСИИ СИЁВУШРО БА ҶУЗ ВОЛИДАЙУ ҲАМСАРИ ОЯНДААШ ДИГАРОН ҚАБУЛ НАДОРАНД
Раққоси ансамбли “Ситора”-и шаҳри Бохтар Сиёвуш гуфт, ки ҳар рӯз ба фишорҳои равонии атроф рӯ ба рӯ мешавад, вале ба он эътибор намедиҳад. Зеро ба гуфтаи ӯ барояш розиии волидайнаш кифоя аст, ки раққос бошаду дар саҳна монад.
Сиёвуш дар ин баробар омӯзгори мактаби рақами 11-и ноҳияи Кӯшониён мебошад. Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буда, бо даст додани имконият тасмим дорад, ки дар шуъбаи хареографияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода боз ҳам таҳсил намояд.
Ӯ ҳоло ба тӯйи хонадоршавии худ омодагӣ мебинад ва арӯсе муносибе ҳам ба худ ёфтааст, ки аз раққосии Сиёвуш истиқбол намуда, барои оилабарпокунӣ розӣ шудааст.
Ба гуфтаи ин раққоси ҷавон агар андешаи мардум нисбат ба ин намуди санъат тағйир ёбаду мақомоти давлатӣ онҳоро дастгирӣ намоянд, эҳтимол пеши роҳи азбайнравии рақси касбии мардона дар Тоҷикистон гирифта шавад. Зеро Сиёвуш то ин вақт якчанд ҷавонро ба сафи худ ҷалб намуд, вале бо сабабҳои гуногун онҳо дер напоида аз кор рафтаанд.
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи Ташаббуси “Нури Рушноӣ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.
Амонҷон Маҳкамов
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00