Занони низомӣ. Чанд гуфтание аз сафҳаи умри ибратомӯз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 октябр, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 378
Чун бо ин отифаи қалбаш саршор аз меҳру муҳаббати Ватани азиз, ки имрӯз дар ҳимояи амониву оромии он бо рӯҳи болидаву неруи мардона хизмат адо намуда истодааст, ҳамсуҳбат мешавӣ, хаёл мекунӣ, ки амсоли гули садбарг мешукуфаду гӯӣ ҳар суханаш шаккаромез аз забонаш мебарояд.
Рафти суҳбат симои гармаш аз табассуми зебою дилрабои азалиаш кушодатар гардида, ба он таровати тоза ато мекунад. Чун дар суҳбат калимаи муқаддаси Ватан ба забон меояд, ӯ гул барин мешукуфаду симояш беш аз пеш пур аз табассуму шодмонӣ мегардад. Охир кам не, зиёда аз 20 сол боз дар хизмати ҳарбӣ асту бо шарофати ҷасурию бурдбориаш амсоли мардони таҳамтан пеши барашро даҳҳо ордену медал ҷило медиҳанд.
Кист ин зани ҷасури дар вуҷуди худ қувваю матонати мардонадошта, ки намунаи олии ҷасорат барои ҷавонони имрӯза (хоса он ҷавононе, ки бо сад баҳона аз хизмати Модар-Ватан канораҷӯйӣ мекунанд) гардидааст?
Ин Гурдофариди соҳибватани замони нав Майсарабону Исмоилова буда, ҳоло дар қисми ҳарбии 45085-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, хизмати Модар-Ватанро сарбаландона ба ҷо оварда истодааст...
-Оча, имрӯз дар мактаб маҷлиси падару модарон мешавад. Роҳбари синфамон гуфт, ки яке аз волидонатон дар маҷлис иштирок кунад. Оё вақт меёбед, ки дар маҷлиси синфиамон иштирок кунед?- пиёлаи чойи рехтаашро ба сӯйи модар дароз намуда гуфт духтараш Домирахон, ки толибаи мактаб буд. Майсарабону ба рӯйи духтараш зеҳн монда табассуми маҳине намуду бо як меҳрубонии модарона:
-Албатта, вақт меёбам, духтарам, ба маҷлисатон меоям,-гуфта, ба хоҳиши ягона духтараш бо лабони пур аз табассум ҷавоб дод ӯ.
Барвақт ба ҷойи кораш ҳозир шуд. Охир ӯ афсар аст. Ба зиммаи афсарон бошад, дар артиш масъулияти бештаре гузошта шудааст. Афсарон барои аскарон давоми хизматашон амсоли падару модаронашон мебошанд.
Охир волидон ба онҳо ҷигарбандони худ-фарзандонашонро бовар карда супурдаанд. Аз ин рӯ, масъулияти баланде бар дӯши онҳост. Инро қаҳрамони нигоштаҳои мо Майсарабону хуб мефаҳмад ва вазифаи ба дӯшаш гузоштаро бо ҳама қоидаву талабот дар вақташ ба сомон мерасонад. Ва чун модар ба аскарон меҳру муҳаббати хосаро зоҳир мекунад. Хуб, зуд, босифат-ин аст хизмати афсарӣ.
-Омадӣ, Майсарабону?-гуфтани командири қисми ҳарбии 45085 полковник Файзуллозода Баҳром Убайд аз фикру андешаҳои лаҳзаина раҳонид.
Баргашта даст ба чакка бурда, ба таври низомӣ ба командир салом дод.
Онҳо ҳолу аҳвол пурсиданд. Ҳамин дам Майсарабону ба рӯйи сардор нигариста:
-Рафиқ полковник, имрӯз дар мактаб маҷлиси падару модарон мешудааст, агар иҷозат диҳед, дар он иштирок кунам,- гуфт.
-Албатта, ҷавобат медиҳам, рафиқ прапоршики калон. Гоҳо батамом саргарми кор шуда, аз чӣ тавр хондани фарзандонамону ахлоқи онҳо бехбар мемонем. Ин бехабарӣ бар зарари волидайн аст. Майсарабону, ин рисолати ҳар як падару модар аст, ки онро бояд бечуну чаро ба сомон расонад,-гуфт сардор.
-Раҳмат, рафиқ командир,-гӯён Майсарабону боз даст ба чакка бурда, хурсандона вориди ҳуҷраи кориаш гардид. - Майсарабону дар маҷлис ширкат варзид. Шукр аз он кард, ки духтарашро дар радифи пешқадамони синф номбар карданду ба ӯ раҳмат фиристоданд.
Ба хона омад, либос иваз намуда, ба хоначаи алоҳида, ки ҷойи кори хонагиаш маҳсуб мешуд, даромада, ба хараке, ки дар радифи мизи корӣ гузошта шуда буд, лаҳзае нишасту ба дунёи хаёлоти гузашта ворид шуд...
- Майсарабону, тахмин мекунам, ки бо ин чусту чолокӣ ва фаҳмишу донише, ки дорӣ, ту корманди тартибот, ё афсар, ё корманди ягон қисми ҳарбӣ мешавӣ, -чусту чолокона ва эҳтиёткорона ҷо ба ҷо кардани қисмҳои автоматро дида, гуфт муаллими тайёрии ибтидоии ҳарбиашон Умар Набиев.
-Муаллим, медонед, ки Майсара дирӯз барои аз баландӣ ҷаҳидан низ ҷойи аввалро гирифта, аз муаллими тарбияи ҷисмониамон Акрамхон Одинаев ҳам ҳамин гапро шунид, -гуфт ҳамсинфаш Солиҳамоҳ.
Шояд ҳамин лаҳзаҳои пурифтихор боис шуданд, ки минбаъд Майсарабону дар ҳақиқат ҳам корманди ҳарбӣ шуд. Акнун дар радифи номи зебояш боз ибораи ифтихории «ҳарбидухтар» илова гардид.
Майсарабону дар баробари дониши баланд, боз соҳиби ҳусни хати зебо мебошад. Раиси суди ноҳия Амирхӯҷа Ғоибназаров (сипас раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон ва баъдтар раиси суди иқтисодии ҷумҳурӣ) дар рӯзномаи ноҳиявӣ оид ба ишғоли вазифаи котиби суд эълон дарҷ намуд. Майсарабону эълонро хонда, барои кор ба суд омад. Ҳангоми суҳбат бо раиси суд ӯ бо донишу ахлоқу ҳусни хати зебояш мақбулаш гардид ва ба кор қабул шуд.
Майсарабону ҳамроҳи раисони суду судяҳо А. Ғоибназаров, А. Шамсов, Х. Назарова, адвокатҳо Ш. Сайфуллоев, Ф. Абдуллоев, А. Асроров, А. Ҳалимов ҳафт сол кор кард. Бо кори хубу ахлоқи ҳамидааш, дониши азхудкардаву муомилаи некаш соҳиби ҳурмати аҳли ҳамкорон гардид.
Баъди чанде волидонаш азм карданд, ки ба макони бобоӣ- ноҳияи Ховалинг кӯч банданд. Майсарабонуро бошад, ҳаваси дар артиш кор кардан аз сар дур намешуд. Бо ҳамин мақсад ба Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг ҳуҷҷат супурда, онро бомуваффақият ба итмом расонд. Раиси ноҳияи Ховалинг Тоҷиддин Рауфов аз хизматҳои шоистаи Майсарабону дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ огоҳ шуда, ӯро ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои фаъолият таклиф намуд. Дар як муддати кӯтоҳ бо донишу маҳорат ва санъати кордониаш дар байни занону духтарони ноҳия ном баровард. Бо дониши дар коллеҷ гирифтааш қонеъ нашуд. Аз ин рӯ, ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ҳуҷҷат супорид ва онро низ бомуваффақият ба итмом расонд.
Дилкашол буд ба кори ҳарбӣ. Мехост чун мардон дар сафи Артиши миллӣ бошаду баҳри Меҳани азизаш хизмати шоиста намояд. Бисёр мехост ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар ин ҷо қисмҳои ҳарбӣ ҷойгиранд, баргашта, дар яке аз онҳо орзуи хешро амалӣ гардонад. Волидонаш фотиҳа доданд, фотиҳаи нек. Омад ба ноҳияи орзуҳояш. Пайраҳааш ба кори ҳарбӣ ҳамвор шуду мақсадаш ҷомаи амал пӯшид.
Аввал ба қисми ҳарбии навташкилшудаи Артиши миллӣ ба кор даромад. Ҳамроҳи генералҳо А.Рогов, А. Муъминҷонов, А.Назаров хизмати Модар-Ватанро ба ҷо овард. Дар ин ҷо ҳамчун шахси масъул дар шуъбаи кадрҳо бенуқсон кор кард. Корро ҳаматарафа омӯхт. Донишу малакаи замони дар суди ноҳия кор кардан азхуднамудааш ин ҷо ба ӯ имконият дод, ки хубтар адои вазифа намояд.
-Ташаккур ба ту, Исмоилова. Тарзи иҷрои фармону супоришҳоро аз ҳамин бонуи ғайратманду кордон омӯзед.
Шарм накунед, аз ӯ пурсед, фаромӯш накунед, надонистан шарм аст, пурсидан не,- дар ҷамъомадҳо мегуфт генерал А.Муъминҷонов ӯро намуна нишон дода.
Се сол дар ҳамин қисми ҳарбӣ кор кард. Дар ноҳия қисми махсуси ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо тавсияи генерал Назаров Аслам Тӯраевич ин «ҳарбидухтар»-ро ҳамчун афсари соҳибмалакаю соҳибдониш ба ҳамин қисм ба кор гирифтанд.
Инак, 21 сол мешавад, ки ин Гурдофариди замони истиқлол дар ҳамин ҷо дар вазифаи сардори қисми махфӣ хизмат карда меояд. Таҷрибаи кор дар Артиши миллӣ собит намуд, ки чунин бонувони қавиирода - Гурдофаридҳо дар радифи мардон сипари боэътимоде мебошанд дар ҳимояи музаффариятҳои Ватани азиз-Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дастовардҳои беназири он. Хизматаш низ намуна асту сазовори таҳсину офарин. Майсарабонуи мо бошад, намунаи олии чунин бонувони қавиирода маҳсуб меёбад. Бонувоне, ки ҳар як миллату давлат доштани онҳоро орзу мекунанду аз кору пайкору ҷасорати онҳо мефахранд.
Абдуҳалим САЛИМЗОДА,
ноҳияи Ҳамадонӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00