Фалак - ганҷинаи бебаҳои миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 октябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 282
Ворид гардидани таронаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият боиси ифтихори тамоми сокинони Тоҷикистони азиз мебошад.
Имрӯз барои тамоми сокинони кишвар фараҳбору фархунда аст, зеро бо ибтикороту талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои узви ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса тариқи маҷозӣ баргузор гардид, ворид гардидани таронаи «Фалак»-ро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд.
Пешвои миллат дар бораи мусиқии миллии тоҷик гуфтаанд: «Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд.
Дар ин радиф Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ёдгор мондаанд».
Пешвои муаззами миллат пайваста мекӯшанд, ки таронасароиҳои Шашмақом ва Фалак ҳамчун ду боли фарҳанги мақомсароии тоҷикон рушду тараққӣ кунанд.
Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мусиқии «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуда, ҳар сол 10- уми октябр «Рӯзи Фалак» бо тантана ва шукӯҳи хосса таҷлил мегардад. Аз ҳар гӯшаву канори мамлакат ҳунармандони мардумӣ гирд омада, ҳунари баланди хешро ба мардум намоён месозанд.
Дар чорчӯбаи ин ҷашн фестивалҳои байналмилалии «Фалак» баргузор мешаванд, ки ба ғайр аз фалаксароёни тоҷик, ҳунармадони мардумӣ ва фолклоршиносон аз Россия, Эрон, Афғонистон, Чин, Ҳинд, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Миёна низ ширкат мекунанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки бо ташаббуси аҳли фарҳанг дар вилоятҳои Суғд, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва як қатор шаҳру навоҳии кишвар дастаҳои ҳунарии «Фалак» созмон дода шуданд.
Имрӯз анъанаи эҷодӣ ва ҳунари фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мавриди омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқи ба насли ҷавон асрори нозукиҳои онро меомӯзонанд.
Мусиқии Фалак, ки ба шеъри тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад ва дар бораи барбатнавоз будани Рӯдакӣ ва шаҳруднавоз будани Ҳофиз ва дуторнавоз будани Саидалӣ Вализода ва монанди он ёдкардҳои фаровон дар корҳои илмии донишмандони тоҷик дида мешавад ва дар мавриди дӯстии шоҳаншоҳ Хусрави Парвиз бо хунёгари бузург Борбад гуфтаҳо зиёданд. Ва гуфтаниам, ки мавзӯи Фалак ва паҳлуҳои гуногуни он ҳанӯз ба таҳқиқоти олимон ниёз дорад.
Чунон ки Фалак дар тарбияи худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ ва ҳимояи марзу буми бобоён ниҳоят нақши бузург дорад. Таронаи Фалак таронаи тоҷикон аст, ки мардумро ба якдилӣ, ғуруру нанги миллӣ, даъват мекунад. Ҳамин аст, ки мавзӯи Фалак ва Шашмақом барои олимони ҷавон, хусусан нақши Пешвои муаззами миллат дар рушди ин ҳунарҳои классикӣ, майдони густурда барои пажӯҳишҳои илмӣ мебошанд.
Фалак мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди «Фалак», асосан, рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.
«Фалак» маҷмӯи суруд ва навои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст. Зеро дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуд. Фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид. «Фалак» жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод– шогирд» то ба имрӯз расидааст.
Бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз ҷумла Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳромов, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии «Фалак» ривоҷу равнақ ёфт ва машҳури олам гардид. Дар замони мо низ Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии Фалак ғамхории зиёд зоҳир менамояд.
Фалак аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахш ду сабки иҷроӣ дорад: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ. Фалак таърихи бисёрасра дорад. Таърихан дар ду макон Кӯлобу Бадахшон ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷост, ки фалаки кӯлобӣ ва фалаки помирӣ мегӯянд.
Жанри мусиқии Фалак ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон маъмул аст. Аз рӯи анъана матни асосии Фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд. Албатта, замина, таърихи пайдоиш ва таркиби Фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ Фалакро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд. Фалак – жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои оси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро
тақозо менамояд.
Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...