Ин аст, ки ҷониби Тоҷикистон дар музокироти сарҳадӣ ҳоло на “барқарории адолати таърихӣ”, “бозгардонидани заминҳои аҷдодӣ” ё ислоҳу бознигарии тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1924-1932, балки, баръакс, риояти он ва барқарории комили натиҷаҳои онро талаб менамояд. Бо назардошти ин назокату воқеиятҳо Тоҷикистон дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон маҳз ба “ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1929 ва соли 1932” такя мекунад ва ба ин назар аст, ки танҳо дар асоси ин ҳуҷҷатҳо метавон сарҳади расмии байни ду давлатро дар ин минтақа муайян намуд. Зеро "ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927, 1929 ва 1932" ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст.
Агар ҷониби ҳамсоя мавзӯи баҳсро ба марҳилаҳои то 1932 ё пештар аз он барад, он мавзӯю моҳияти музокиротро комилан тағйир дода, метавонад тамоми бофти сиёсӣ ва марзҳои ҳуқуқии минтақаро пурра зери савол гузорад.
Ҳарчанд чунин манзараи марзҳо ҳанӯз дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ байни Русия ва Узбекистон тақсиму тасдиқ гаштааст, он тақсимотро ҳар ду ҷумҳурӣ (Тоҷикистон ва Қирғизистон) расман ба мерос гирифтаанд. Илова бар ин, дар тамоми давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз истиқлоли давлатии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, яъне аз соли 1932 то имрӯз ягон ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ин ду давлат дар ин минтақа ба тариқи расмиёти муқарраршуда дар сатҳи байниҷумҳуриявӣ ва сатҳи давлатии ИҶШС қабул нашудааст.
Бинобар ин, бори дигар таъкид мешавад, ки агар ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1929 ва 1932, ки ҳуҷҷатҳои расмии таъсисии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳастанд, эътироф нагарданд ва сарфи назар шаванд, вазъияти сарҳадҳо ба ҳолати таърихии то барқарории Иттиҳоди Шӯравӣ бармегардад. Яъне он гоҳ сухан аз марзҳои Аморати Бухоро ва Русияи подшоҳӣ ва ҳатто хонигариҳои Хеваю Хуқанд меравад. Дар чунин сурат ду тараф ҷонибият ё субъективияти худро дар музокироти сарҳадӣ умуман аз даст дода, ҳам мавзуъ, ҳам миқёс ва ҳам қоидаҳои музокирот комилан дигар мешаванд.
Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳои мазкур, ГАРЧӢ АЗ НАЗАРИ САРНАВИШТ ВА ҲАҚҚИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКОН ДАР МИНТАҚА ҲАРГИЗ ОДИЛОНА НЕСТАНД, феълан ягона ҳуҷҷати такягоҳӣ барои мавзӯият, чорчӯб ва мазмун пайдо кардани музокироти марзӣ байни ин ду кишвари мушаххас мебошанд.
Нуктаи сеюм, бо таваҷҷуҳ ба ду нуктаи боло, баҳс ва даъвои Тоҷикистон дар музокироти сарҳадӣ бо Қирғизистон ТАНҲО МАСЪАЛАИ ЗАМИНҲОЕРО ДАР БАР МЕГИРАД, КИ КИШВАРИ ҲАМСОЯ МАҲЗ ПАС АЗ АНҶОМИ ИН ТАҚСИМОТ ВА ПАС АЗ ТАСДИҚИ РАСМИИ САРҲАДҲОИ БАЙНИ ДУ КИШВАР, СОЛҲОИ БАЪДӢ ҚАДАМ БА ҚАДАМ АЗ ХУД НАМУДААСТ. Яъне, дар ин баҳс ягон бахш аз он 211 000 га замине, ки Тоҷикистон онро дар асоси тақсимоти зикршуда ҳаққи худ мешуморад, ба ҳудудҳои расмии Қирғизистон то соли 1932 дохил нашуда, маҳз пас аз анҷоми тақсимоти марзӣ ва дар даҳсолаҳои баъдӣ ба ихтиёрдории кишвари ҳамсоя гузаштаанд.
Ин аст, ки мавзӯи баҳси марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бисёр мушаххас буда, танҳо ба заминҳое тааллуқ дорад, ки пас аз анҷоми тақсимоти миллию марзии зикршуда, яъне пас аз соли 1932, аз ҳисоби заминҳои қонунии Тоҷикистон дар ихтиёри кишвраи ҳамсоя қарор гирифтанд. Ин марзи мушаххаси гуфтугӯ бояд ҳам аз ҷониби кишвари ҳамсоя ва ҳам аз сӯи иштирокдорони фазои сиёсию иттилоотии минтақа ба таври дақиқ дарк шавад.
***
Аз ин рӯ, дар бораи даъвои нав ва “ҳуҷҷатҳои нав”-и ҷониби ҳамсоя бояд гуфт, ки дар фосилаи аз соли 1932 то 2023, ки мавзуъ ва замони таърихии мавриди музокираи ду ҷониб аст, ҳеч ҳуҷҷати наве, ки ба Тоҷикистон додани заминҳои Қирғизистонро исбот кунад, вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Ин масъала борҳо баррасӣ гашта, тамоми бойгониҳои мавҷудаи ду кишвар ва фазои Шӯравии собиқ ба таври зарурӣ омӯхта шудаанд. Бинобар ин, музокироти марзӣ танҳо дар бораи марҳилаи замонии байни соли 1932 (анҷоми тақсимоти расмӣ) то 2023 (имрӯз) маъно пайдо карда, мавзуъ ё предмети он танҳо заминҳои дар ҳамин фосила азхудшуда мебошанд.
Аммо тавре гуфта шуд, агар ҷониби ҳамсоя мавзӯи баҳсро ба марҳилаҳои то 1932 ё пештар аз он барад, он мавзӯю моҳияти музокиротро комилан тағйир дода, метавонад тамоми бофти сиёсӣ ва марзҳои ҳуқуқии минтақаро пурра зери савол гузорад. Чунин гузориши масъала дасти ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла дасти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам барои даъвоҳои таърихӣ дар бораи сарзаминҳои аҷдодию таърихӣ боз мекунад. Вазъияте, ки метавонад фазою суботу амнияти минтақаро барои дарозмуддат барҳам занад.
Ва муҳимтар аз ҳама, агар баҳси марзҳо ба мавзӯи “ҳақиқати таърихӣ”, “заминҳои аҷдодӣ” ва вазъияти “садҳо сол пеш” кашида шавад, бозандаи асосии он маҳз худи он даъвогарон хоҳанд буд, зеро дар он замонҳо дар ин минтақа аз ин қавм ва хоса аз замину давлати он ному нишоне набудааст. Тамоми ҳуҷҷатҳои наву куҳнаи таърихӣ ҳаминро исбот карда метавонанд.