Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ватандорӣ аз назари устод Садриддин Айнӣ


Ватандорӣ аз назари устод Садриддин Айнӣ





Эҷоду эъҷоз, меросу осор ва ҷаззобияти афкори бузургон як қувваи фавқултабиии оҳанрабо дорад. Дар ҳақиқат, афкори бузургони тоҷик ба худ як ҷолибияти махсусеро дорост. Ҳангоме ки хонанда як сатри онро мехонад, мафтуну шайдои он асар гардида, ҳатман онро то ба охир, мутолиа ва таҳлил менамояд. 

Ин бештар ба маҳорати шоир ва нависанда зич алоқамандӣ дорад. Чун намуна пеши назар меорем осори Рӯдакиву Фирдавсию Сино, Саъдиву Ҷомию Айнӣ ва Турсунзодаю Лоиқро, ки аз аввал то кунун хонандаи худро гум накарда, баръакс, рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш аст.

Садриддин Айнӣ таърихнигор, забоншинос, луғатдон, мураббӣ, омӯзгор ва марди пуркору меҳнатдӯст буд. Ҳар гоҳ, ки шахс бо муҳаббат ба чини пешонии устод назар андозад, дар он мавҷҳои дарёҳои бузурги ақлу хирад ва илму донишро мебинад. Он мавҷҳо ҳам васеъ, ҳам амиқ, ҳам мусаффо менамоянд. Он мавҷҳо аз меҳнати чандинсолаи ин адиби бузург шаҳодат медиҳанд. Аз ин рӯ, асарҳои эҷодкардаи устод оинаи дили халқи мо шудаанд. Онҳо орзу, умед ва муборизаҳои халқи моро инъикос мекунанд. Осори устод Айнӣ яке аз кони ниҳоят бошукӯҳи илму ҳикмат мебошад. 

Устод бо мероси гаронмояи худ ба мо пасандози маънавие вогузоштааст, ки дар айни ҳол он асоси зиндагии моро дар бар мегирад. Бештари эҷодиёти устод Айнӣ ба таълиму тарбия ва маорифпарварию ватандӯстӣ бахшида шудаанд. Ин ақидаҳои шоир бештар дар асарҳои “Ёддоштҳо”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, “Исёни Муқаннаъ”, мақолаҳои “Модар-Ватан”, “Мубориза дар роҳи бесаводӣ”, “Акнун навбати қалам аст” ва ғайраҳо матраҳ шудааст.

Дар асарҳои худ Айнӣ дар бораи бисёр масъалаҳои ҳаёти инсон, бахусус, таълиму тарбия, мақому вазифаи падару модар ва арҷ гузоштан ба муқаддасот, яъне ВАТАН ва марзу буми он таъкид намуда, ҷавононро аз ғофилию нодонӣ ва торикӣ ба сӯйи равшанӣ даъват намуда, мегӯяд: 

Ташналабӣ то ба кай ба водии ғафлат?
Хез, биё, нӯш об аз дари мактаб.

Айнӣ мактабу маорифро ҳамду сано гуфта, диққати башариятро ба илмомӯзиву маорифу мактаб ҷалб намуда, гуфтааст:

Гуфтаи Айнӣ гар бупазирӣ,
Хезу равон шав сӯи дабистон.

Ғояҳои маорифпарварӣ дар осори устод ниҳоят зиёд буда, ӯ тамоми инсонҳоро ба илмомӯзиву касбомӯзӣ даъват менамояд, маҳз роҳи расидан ба хушбахтиву саодати рӯзгорро дар одами бо илму маърифат мебинад. Аз ин ҷост, ки ӯ чунин мегӯяд:

Саъд аст мактаб, хайр аст мактаб,
Из аст мактаб, шаън аст мактаб.
Дар чашми синиш нур аст дониш,
Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.

Шукӯҳу шони устод Айнӣ аз он замоне ки осори гаронмояаш эҷод шудааст, то имрӯз арзиши волоро дорост. Ва ин барои ман, як фарди тоҷикистонӣ, ниҳоят боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамватани воқеан ҳам ватандӯсту ватанпарваре чун устод Айнӣ ҳастам. 

Мавзӯи Ватан ва ватанпарварӣ яке аз қисматҳои асоси эҷодиёти устод Айниро ташкил намудааст. Ӯ тамоми қувваю ғайрати худро баҳри ободиву зебогии ватани чун ҷонаш азизу муътабар бахшидааст. Ватанро баробари модар азизу муътабар нишон додааст: “Модар-Ватан. Ин ду чизи бо ҳамдигар сахт вобаста буда, ба одам аз ҳама чизи азизтар ва наздиктаранд”. Ҳақиқатан, ин ду мафҳум бо якдигар зич алоқаманд буда, яке инсонро меофараду дигаре онро парвариш намуда, ба воя мерасонад.

Ҷолибияти дигари ватанпарварӣ дар осори устод баръало мушоҳида карда мешавад, ки ӯ барои барпо намудани Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон ва баъдан ҶШС Тоҷикистон ниҳоят азму талош намудааст. Шабро шаб нагуфта пайваста заҳмат кашидааст, то насли минбаъда, ба гуфти худаш “Қавми бечораи тоҷик”, аз азобу уқубат раҳо ёбанду ба орзую ормони ҳазорсолаҳои худ расанд:

Мо тоҷикон дар кишвари ободи худ,
Барпой карда байрақи озодии худ.
Охир нишон додем, ки мо будем
Фарзандҳои некӯи аҷдодии худ.

Садриддин Айнӣ асоси бакамолрасиву ташаккулёбии шахсиятро дар тинҷиву оромӣ ва якдиливу якдигарфаҳмӣ арз намуда, инсонҳоро ба дӯстиву тифоқ даъват намуда, дар ҳамон замон исбот намудааст, ки халқи тоҷик аз азал то кунун пайрави сулҳу оромӣ буда, дар ҷустуҷӯи дӯстиву тифоқии башариятанд:

Эй Тоҷикистони советӣ, зинда бош!
Дар дӯстии халқҳо поянда бош.

Тараннуми ватану дӯст доштани онро чизи аз ҳама муқаддас шуморидаву онро аз ҳама чиз болотару авлотар гузоштаасту ба ҳамватанонаш чунин мегӯяд: “Ҳамаи осудагӣ, озодӣ ва шарафи худро дар Ватани худ аз Ватани худ меёбед”. Ватандӯстиро дар ашъори устод метавон хеле зиёд мушоҳидаву мутолиа кард. 
Устод айнӣ ҷавонону наврасонро дар дӯст доштани Ватан ва эҳтиром гузоштан ба роҳбарияти онро талқин намуда ва пешравию хушбахтии Ватанро дар роҳбари оқилу доно ва бомаҳорат мебинаду бас:

Фирқае коммунисти ленинӣ,
Зери сардории сталинӣ,
Мулки махруба бин, гулистон шуд,
Номи ин мулк Тоҷикистон шуд.

Воқеан ҳам асоси хушбахтии ҳар як қавму миллат ин сарвари он маҳсуб меёбад. Барои мо-ҷавонон, шахсан барои ман, ин як хушбахтӣ ва саодатест, ки Худованд маро дар замони ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон барин роҳбар офаридааст. Он ҳама пешравиву гулгулшукуфие, ки дар Ватани азизамон мебошаду шуда истодааст, ин ҳама маншаъ мегирад аз сиёсати хирадмандонаву ақлу заковати волои инсонии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Мо-ҷавононро мебояд, ки пайрави ин марди худодод шуда, кӯшиш намоем, ки дар оянда номбардори ин миллати соҳибтоҷамон гардем.

Лоиқ ҒАЮРОВ, 
устоди кафедраи фалсафаи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода