Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Аз насли Каёнем в-аз он ҳам пешем


Аз насли Каёнем в-аз он ҳам пешем



«Сияҳҷангал» китоби ёддошт ва хотираҳоест аз зиндагинома ва роҳи дар сияҳҷангали душворгузари зиндагӣ тайкардаи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва Шамсиддин Шоҳин Алимуҳаммад Муродӣ. 

Ин роҳ тахту ҳамвор ва кӯтали осонбаро набуд. Он пур аз шебу фароз, шодиву ғам, кашталгириву кашталканӣ бо ғаму дард, мушкилоти зиндагӣ, афтодану нашкастану азму талошҳо барои расидан ба қуллаи мурод аст. 

Китоб аз се қисмат-дар печу хами зиндагӣ, ҳикоя ва мақолаҳо, қиссаҳои сарироҳӣ иборат буда, 13 хотира, 6 ҳикоя ва 4 қисса дорад.

Китоб аз 276 саҳифа иборат буда, зиндагиномаи шоирро бозгӯ мекунад.Умедворем, хонандаи гиромӣ аз мутолиаи ин китоб баҳра бардошта, навсафарони роҳи зиндагӣ сабақе мегиранд.

Ин сатрҳоро, ки ҳоло рӯйи коғаз меорам, эҳсоси лаҳзаина не, ташвишҳои ҳамешагӣ, хавотирии доимии мананд. Нохудогоҳӣ, бепарвоиву бетарафии ҳаммиллатони худро нисбат ба сабақҳои таърихи пур аз шебу фароз ва тақдири ояндаи худ мебинаму дуд аз димоғам мебарояд. Ин рӯҳи нохудогоҳӣ, ба ҳар он чӣ худист, санг задану он чи бегона аст, парастишу ситоиш кардан дар ин замони хатарзои ҷаҳонишавӣ кам не, ки зам мешавад. Хатар аз чанд самт ба ояндаамон таҳдид мекунад. 

Аввалан сели ахлоқу тамаддуни фасодзадаву фаҳшолуди ғарб, ки тақлидгарони он миёни ҳаммиллатонамон хеле рӯ ба афзоиш дорад.

Душманони миллати мо дар ниқоби дини ислом тамоми таъриху тамаддун, анъанаву оинҳоямонро дар назари ҷавонони камсаводи зудбовар ва аз таърихи пурифтихори худ бехабар сиёҳ карда, дар онҳо рӯҳияи бегонапарастӣ, аз ҷумла паст задани миллати хешу парастиши арабҳои биёбониро мепарваранд ва бо ин теша бар решаи миллат мезананд. 

Ҳуҷуми муллоҳои иртиҷоӣ ба номҳои тоҷикӣ ва зери таъсири тарғиботу ташвиқоти онҳо номҳои тоҷикии фарзандони худро ба номҳои арабӣ иваз кардани мардум худ то кадом андоза хатарнок будани ғафлати мову бедории душманони миллати тоҷикро нишон медиҳад. 

Аз гуфтугӯҳои дар маъракаҳо шунидаам ҳис мекунам, ки барои қисмате аз ҷавонони зери таъсири ғояҳои бо ном исломӣ монда, арзишҳои муҳиму муқаддаси миллӣ, аз ҷумла ҳисси миллӣ, муҳаббати Ватан дигар қиммате надоранд. 

Одатан мо ба туркӣ ё тоҷикӣ будани номи маҳалу деҳотамон эътиборе намедиҳем (хушбахтона, баъзе роҳбарони ватанпарасту ба миллат дилсӯз вақтҳои охир ба тоҷикӣ кардани номи маҳалҳо даст задаанд), вале туркгароён бо иваз намудани як ё ду ҳарфи номҳои тоҷикии маҳалҳо онҳоро туркӣ карда, шарҳу эзоҳ медиҳанд. 

Дар назари аввал ин кор чандон муҳим наметобад, аммо вақте кас аз асли мақсадашон огоҳ мешавад, ҳуш аз сараш мепарад. Замони дар рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (ҳозира «Хатлон») кор карданам бо супориши рӯзнома ба мактаби ҳизбии шаҳри Тошканд барои такмили ихтисос рафта будам. Дар дарсе муаллим, ки марди рус буд, баромади калимаи Тошкандро шарҳ медод. "Тош" калимаи узбекӣ буда, маънояш санг аст, "кант" маънои шаҳрро дорад. Худи ҳамин гувоҳӣ медиҳад, ки ин шаҳрро мардуми узбек бунёд намудаасту ин сарзамин аз қадим сарзамини мардуми туркнажод, гузаштагони узбекҳост, мегуфт он мард. 

Диққат кардед? Бо иваз кардани як ҳарф арабҳо Чочро Шош карданду туркҳо ш- ро ба т иваз намуда, даъвои қадимӣ будану соҳиби ин марзу бум буданро доранд. Чун охири дарс буду фурсат наёфтам он ҷо эътироз кунам, зуд дар берун сари роҳашро гирифтаму гуфтам:

-Шумо, доктори илм шуда баромади калимаи Тошкандро намедонед? 
-Гуфт:
Чаро чунин мегӯед?
Гуфтам:
-Ин шаҳр дар қадим Чоч ном дошт.
Гуфт:
-Дуруст аст.
Гуфтам:
-Арабҳо омаданду ч-ро ба ш мубаддал карданду Чоч Шош шуд.
Гуфт:
-Дуруст аст.
Гуфтам:
-Туркон омада ш-ро ба т иваз карданду 
Шош Тош шуд.
Гуфт: Ҳамин тавр аст.
Гуфтам:
-Пас чаро ҳангоми дарс Тошкандро чунон шарҳ додӣ? 
-Здес так надо, -ҷавоб дод ӯ.
Дар маъракаи дигаре ҷавоне, ки пешаи омӯзгорӣ дошту ба хонандагон алифбои ниёгонро таълим медод ва даъвои муллоӣ ме-кард, гуфт:
-Кӯҳи Хоҷа Муъмин аслан Муғултош ном доштааст. Вақте ки кофарони Ҳулбук лашкари муъминонро шикаст медиҳанд, сарбозони араб ба болои ҳамин кӯҳ мегурезанд ва кофарони Ҳулбук онҳоро шаҳид гардонидаанд. Би-энобар ин, номи ин кӯҳ Хоҷаи муъминон шуд, вагарна, Муғултош ном доштааст.

Ин омӯзгори ҳамадони муллотарош барои тасдиқи суханаш шеъри «Аз Хуталон омадия»-ро, ки ба эътирофи аксари донишмандон яке аз аввалин шеърҳои тоҷикист, «Аз Муғултош омадия» гуён қироат намуд. Шунидаам, ки замоне Абраҳа ба Макка 
лашкар мекашад, яке аз мардумони араб ӯро роҳбаладӣ мекунад ва ин роҳбалад дар наздикии Макка мемурад. Ӯро ҳамон ҷо мегӯронанд. 

Асрҳои аср ҳар арабе, ки аз назди он гӯр мегузашту мегузарад, гӯрро санге мезанад ва ба он марди раҳбаладу авлоду аҷдодаш лаънат мефиристонад.

Мегӯянд, ки сари гӯри он одам кӯҳе аз санг пайдо шудааст. Ҳамчунин, ҷое хонда будам, ки солҳои аввали ислом арабҳо дар ҷанги зидди румиҳо шикаст хӯрда бармегарданд. Занҳо ва модарони араб шавҳарон ва фарзандони худро бо таъну маломат пешвоз мегиранду мегӯянд, ки чаро дар майдони ҷанг намурда зинда баргаштеду моро дар чашми душман хору забун кардед.

Офарин ба худшиносӣ ва ватанпарастии он арабҳои биёбонӣ! Шояд яке аз сабабҳои ҷаҳонро тасхир карданашон маҳз ҳамин ғурури 
миллӣ ва худшиносиашон буд.Чунин мисолҳо дар таърихи гузаштаи мо ҳам кам набуданд. Дар миллати мо низ ғурури баланди миллӣ ва ҳисси худшиносиву ватанпарастӣ аз дигарон зиёд буду кам не. Барои исботи ин гуфта ҳазорон мисол овардан мумкин аст. Ман фақат яке аз онҳоро ба ёди хонандагони гиромӣ меорам.

Вақте Баҳроми Чӯбинаро ҷосусони Хусрави Парвиз дар Чин ба қатл мерасонанд, хоқони Чин мехоҳад хоҳари ӯро ба занӣ гираду вайро маликаи Чин гардонад. Хоҳари Баҳроми Чӯбина қабул намекунаду мегӯяд, намехоҳад, зани турке бошад ва бо лашкари хоқон ҷангида ба ватан бармегардаду бо як сарбози қатории ҳамватану ҳаммиллаташ хонадор мешавад. 

Аммо имрӯз моро чӣ шудааст? Гӯри падару модар, пешвоёну бузургон, ҳатто гӯри Рӯдакиро аз ёд мебарорему қабри қотилони миллат, онҳоеро, ки ба сари ватани мо шамшер кашида омадаанд, ба зиёратгоҳ табдил дода, онҳоро обод месозему парастиш мекунем.
Оринасабему бо худоён хешем,
Аз насли Каёнем в-аз он ҳам пешем.

 Гуфтем ба бегонаву гӯем ба худ:

Мо пайкарасози қотилони хешем.Яке аз ихлосмандон, ки вақтҳои охир шогирди ким-кадом муллое шуда буд, рӯзе ба наздам омада расонд: «Устод, мо мазори ҳазрати Султон Остонақулро ёфта, бо ёрии мардуми деҳа обод кардем. Мардуми деҳаро фаҳмондем, ки сабаби ҳама мушкилиҳои ба сарашономада (чанд сол боз дар ин деҳа бемории сил паҳн шуда, боиси фавти одамон гардида буд) беэҳтиромиашон нисбат ба мазори ин бузургвор аст.

Мардак чунон хушу хурсанд ва аз кори кардааш қаноатманд буд, ки гӯӣ қаҳрамоние карда бошад. Чи тавре мегӯянд: «дар куртааш намеғунҷид». Азбаски номи чунин «бузургвор»-ро пештар аз касе нашунидаву ҷое нахонда будам, кӣ буданашро пурсидам.

-Ин бузургвор яке аз саркардагони ҳазрати Амир Темури Курагонӣ буданд, ки дар ҷанги зидди куффор шаҳид шудаанд,- ҷавоб дод ӯ.

Эътибор медиҳед? Ин «бузургвор»-и шаҳидшуда яке аз каллабурҳои Темури Ланг ва он кофироне, ки ӯро шаҳид кардаанд, гузаштагони ватанхоҳу ҷонфидои мо - точиконанд. Ва ин ҳазрати Амир Темури Курагонӣ, ки бо ин қадар эҳтирому эътиқод номашро мегиранд, ҳамон Темурлангест, аз каллаи тоҷик манора сохтаву ҳазорон ҳазор занону кӯдаконро дар зери пойи аспҳояш ба тӯдаи гӯшт табдил дода, қасам хӯрда буд, ки то ба рикоби аспаш хун нахезад, куштанро бас намекунад. Худаш дар хотираҳояш навиштааст, ки ҳар гоҳ фаввораи хунро медидаму оҳу нолаи занону кӯдаконро мешунидам, мисли шаробхӯрда маст мешу-дам.

Шояд агар ин суханро аз каси бесаводу омие мешунидам, ин қадар дардам намекард, аммо онро касе мегуфт, ки худ омӯзгор буду ҳаваси шеърнависӣ дошт. Вақте чунин касон, ки ба қавле зиёианд, ин қадар зери таъсири ақидаҳои бегонагону бадхоҳони миллати тоҷик монда, нисбат ба қотилони қавми хеш эҳтирому ба таърихи худ беэҳтиромӣ мекунанд, аз дигарон чӣ ҷойи умеду гила мемонад?

Ҳарчанд, ки мекунам зи худ огоҳат,
Огоҳ намешавад дили гумроҳат.
Гӯри падарат намерасад бар ёдат,
Қабри хари Исост зиёратгоҳат. 

Таърих моро борҳо барои нохудогоҳӣ, бегонапарастиамон ҷазо дода, Исфандиёрро бо Рустаму Рустамро бо Суҳроб ҷанг андохтани душманонамонро гӯшзадамон кардааст. 

Борҳо Ҷамшедҳоямонро аз рӯйи нодонӣ ва бо иғвои душман ба куштан додаву Заҳҳокҳоро ба тахт шинондем, ки мағзи сарҳоямонро ба хӯрди морҳояшон додаанд. Афсӯс, мо шогирдони кундзеҳне ҳастем, ки ҳеҷ наметавонем ин сабақҳои таърихро азбар кунему дӯстро аз душману худиро аз бегона фарқ намоем.
Чаро чунинем?
Чаро намеандешему намефаҳмем, ки тақдир хонаи мо, ватани моро дар селроҳаи балохезу балобори манфиатҳои шарқу ғарб сохтаасту бояд ҳамеша бедору ҳушёр бошем. 

Дар селраҳа сохт қазо хонаи моро,

Обод кӣ созад дили вайронаи моро?

Чун оби дарё ба ҷӯйҳои кандаи бегонагон наравему заифу нотавон нашавем. Ҳоло моро зарур аст, ки чун шохобҳо ба ҳам оему дарё шавем, зӯру тавоно шавем, то тавонем биёбонҳои дарёдамкаши замонҳоро бигузарем, пушти сар кунем.

Мо ба ҳам ноҷӯру душман ҷӯр шуд бар қасди мо, 

Мо чунин камзӯру душман зӯр шуд бар қасди мо.

Ҳамдиёри офтобему чунин зулматпараст,

Аҳриман шоҳи диёри нур шуд бар қасди мо.

Эй Худо,

Моро чӣ шуд?

Гардшинро садршини тахту минбар сохтем,

Қотилонро ҳазрату шоҳу паямбар сохтем. 

Аз низои мазҳабу куфру мусулмонии худ,

Хасмро бо тоҷу фар, худро 

 қаландар сохтем. 

Эй Худо,

Моро чӣ шуд?

Алимуҳаммад МУРОДӢ, 

(Аз китоби «Сияҳҷангал», саҳ. 240 то 246)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода