Шаробхорӣ зиндагиро талх месозад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 248
Ҷомеа бе дарду иллат нест. Яке аз онҳо майзадагӣ мебошад. Шаробхорӣ бошад, одати бади инсонӣ аст. Шахси майзада зиндагии талх дорад. Хонавайрону ҷойи зисташ кӯча мебошад. Қалбаш дардманд, танаш заиф, мағзу устухонаш сӯхтаю гурдаву ҷигараш обшудааст. Пайваста дар азоб буда, умри хеле кӯтоҳ мебинад.
ЯК МУШОҲИДА БА ҶОЙИ САРСУХАН
Чанд рӯз қабл, баъди анҷоми кор роҳи хонаро пеш гирифтам. Дар курсии пеши нақлиёт (автобус)-и мусофирбар менишастам. Марди заифу рангпарида такя ба асодаст карда, кӯшиши вориди автобус шудан менамуд. Вале дармонаш намерасид. Оқибат, бо кумаки ронанда ворид гашта, дар паҳлуи ман нишаст. Аз даҳонаш бӯи шароб меомад, либосҳои танаш ифлос буданд ва мусо-фирони дохили нақлиёт аз назди ӯ дур мерафтанд. Бо мард ҳамсуҳбат шудам. Ӯ аввал синну соламро пурсид. Ҷавобаш додам, бовар накард. Синну соли ӯро пурсидам, гуфт, ки 63-сола аст.
Бовар накардам. Зеро афту андомаш нишон медод, ки ӯ 80-85-сола аст. Суҳбатамон қӯр гирифт ва ҳаёти худро нақл намуд...
Мард дар гузашта устои номдори пойафзолдӯзии собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа будааст.
Вай касбу корашро таъриф кард. Аз ин касб даро-мади хуб ҳам меёфтааст. Соҳиби зану се фарзанд низ буда. Пулдорӣ мардро ба кӯи майхорагӣ бурда, ҳамзамон рафиқон (ҳамқадаҳҳо)-и зиёд пайдо кард. Ҳамин тавр бандии шароб шуда, ихтиёр аз даст додаю бешуғлу сари кӯча мондааст.
Бармегардем ба суҳбатамон. Дар куҷо будани хонаашро пурсон шудам.
-Хонаи ман кӯча, зери дарахтон аст,-гӯён ишора ба берун кард.
-Ҳоло куҷо меравед? Пайвандонатон дар куҷоянд?
-Дар хонаи падарӣ зиндагӣ мекардем. Завҷаам фавтид. Духтарон калон шуда, ба шавҳар баромаданд. Хонаи падариро фурӯхта, ба онҳо хона харида додем. Як хоҳар дорам, хонаю дари худро дорад. Ҳоло хонаи ӯ хабаргирӣ рафта истодаам. Хонаи духтаронам гоҳ-гоҳ меравам. Домоду набераҳоям хоҳиши ташрифу дидани маро надоранд.
-Нафақа мегиред?
-Мегирифтам, вале картаи пулгириамро гум кардаам. Акнун ба талбандагӣ рӯз мегузаронам.
-Одамон пул медиҳанд?
-Хеле кам, онҳо “сахт” шудаанд. Моро-ману боз се нафар ҳамроҳонамро (майзада дар назар аст), дида, роҳашонро тағйир медиҳанд.
-Шояд медонанд, ки хайри додаашонро ба арақнӯшӣ сарф мекунед?
-Шояд. Охир мо ҳам каси маъюбу беморро мемонем-ку?!
Суҳбатамон қатъ гардид. Зеро мард дар истгоҳи хонаҳои нуҳошёна фаромада, базӯр-базӯр, асозанон қадам мезад...
МАЙЗАДА ЗАНРО АЗ ДАСТ ДОД
Баъзан ҳодисаҳои ғайриодию гӯшношуниде низ рух медиҳанд, ки афсонаҳои хаёлиро мемонанд.
Зане аз тангии рӯзгор ва аз дасти шавҳари ношуду майзада номус карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту дар он ҷо бахти дигаре ёфт...
... Дар деҳа хабари аз мардикорӣ барои гирифтани хати талоқ баргаштани Фирӯза ҳамагонро ба ҳайрат овард. Мардум аз ин амали зани ҷавон ангушти ҳайрат газида, тавба мекарданд. Ин воқеа сақичи даҳони занҳои ғайбатчӣ шуда монд.
-Аҷаб хуб кардааст-да! Аз шавҳари алкаш ҷонаша халос намуд. Шавҳари нокорааш ба ҷойи рӯзгорро таъмин намудан, ёфту тофти занаша сарфи арақ мекард. Аз ризқи фарзандонаш канда мегирифт, сазои сараш,- амали занро ҷонибдорӣ мекарданд қисме аз занҳо.
-О, ин гӯрсӯхтаи алкаголик вақтҳои охир ба занаш мегуфтааст, ки “Рав, ғарӣ мекунӣ ё дуздӣ, ба ман арақпулӣ ёфта те”. Ё тавба!-ба ин овозаҳо шира баст зани дуюмӣ.
-Зана аз даст дод, ана акнун арақнӯшӣ карда гардад,- ба суҳбат ҳамроҳ шуд ҳамсояи Фирӯза.
...Фирӯза ба Нодир ба шавҳар баромада, дар дил орзую нияти зиёд дошт. Мехост бахти неку зиндагии ширин бинад. Нодир дар яке аз корхонаҳои калон муҳандис буд ва маоши хуб мегирифт.
Зиндагии навхонадорон аз рӯзҳои аввал хушу гуворо оғоз ёфт. Фирӯза рӯи дасту болои дидагони шавҳар буд.
Дар оилаи ҷавон тифли нахустин ба дунё омад. Ба писарча Шодӣ ном ниҳоданд. Шодии ба оила шодиоварда дар оғӯши гарми падару модар калон мешуд. Шодӣ панҷсола буд, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, қалбҳои пурорзуро пора-пора намуд. Оташи ҷанг бахти ҷавононро низ фурӯ
бурд.
Нодир дар ҷанг чанд нафар наздиконашро аз даст дод. Ӯ барои рафъи ғаму мусибат ба майнӯшӣ дода шуд. Беиродагӣ ҷавонро ба майзадагӣ расонд ва шароб ӯро вобастаи худ намуд. Ҷанг ҳам тамом шуд, вазъ ором гашт. Бо гузашти вақт корхо-нае, ки дар он Нодир кор мекард, ба фаъолият даромад. Вале бадмастиҳои ҳаррӯза ба Нодир имкон надод, ки дар вазифаи аввала бимонад. Ӯ аз ин носипосиҳо ранҷид ва сахт аламаш кард. Аз ин рӯ, майнӯшиаш боз зиёдтар шуд.
Ташвишҳои рӯзгор ба дӯши Фирӯза монд. Зан ба тиҷорати хурд машғул шуда, оиларо пеш мебурд. Шавҳар ҳамоно аз шароб дил канда натавонист. Аз даромади зан ҳаққашро мерӯёнид ва ҷониби майхона мешитофт. Оқибат ӯ барои оила сарборӣ шуда монд. Зан борҳо шавҳарро таъкид намуд, ки писарашон ба синни зангирӣ расидааст. Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта маблағе барои тӯй биёрад.
-Худат ба мардикорӣ рафта, пул ёфта меоӣ.
Дар он ҷо кор мекунӣ ё ғарӣ, ба ман фарқе надорад. Пул биёр, пул!-Нодир ҳамарӯза талаб менамуд.
Шиканҷаҳои пайваста занро ба куи мардикорӣ бурд. Шодӣ бошад, аз падари майзадааш аз хона фирор кард. Ба Россия, назди модар рафт. Онҳо дар бозор нишаста, молҳои як тоҷири ҳамватанро мефурӯхтанд.
Тақдир ба сари инсон чӣ рӯзҳоеро намеовардааст. Фирӯза бо тоҷири тоҷик унс гирифт. Поккорию ҳусну ҷамоли зан қалби тоҷирро рахна кард.
Фирӯза акнун назди шавҳар омада, хати талоқ гирифту боз ба Россия баргашт. -Ту маро ба муҳоҷират ба кор не, балки ба шавҳаркунӣ фиристода будаӣ,-гуфт зан вақти бозгашт ба шавҳар.
Нодир қавл дод, ки майнӯширо партофта, до-мони зиндагиро медорад. Вале тавбаи майзада дер шуда буд, зан аз даст рафт...
НАКУӢ КАС НАДИД АЗ МАЙ...
Азиза аз дасти шавҳари майпарасташ кулфати зиёд дид. Шавҳар бо мақсади дарёфти қути лоямут ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Тӯли ду сол на аз худ дарак доду на ба хона пул фиристод. Зан рӯзгори вазнин дошт. Тарбия ва хӯрондану пӯшонидани 5 фарзанд ба дӯшаш монда. Духтари калонашро аз даромади ширфурӯшию ҳунармандӣ тӯй карда, ба шавҳар дод. Зиндагӣ зӯраш омад. Ноилоҷ, аз ҳамдеҳагон нишонии шавҳарро гирифта, ба суроғаш баромад. Ӯро дар яке аз шаҳрҳои Россия ёфт. Мард майнӯшию оворагардӣ карда мегашт.
Зан ӯро ба хона баргардонид. Ҷойи кори хуб ҳам барояш муҳайё сохт. Мард чанд моҳ хуб кор кард. Вале бо пайдо шудани пул боз майнӯшиашро идома дод. Корфармо ӯро пеш намуд. Агар зан насиҳаташ кунад, дар ҳолати мастӣ ӯро дашном дода, ба сараш даст мебардошт. Зан ба ин ҳама тоб оварда, хотири фарзандонаш, аз ҷудошавӣ худдорӣ мекунад...
Имрӯз баъзе занонро мебинем, ки ба ҷойи дар хона фарзандонро тарбия кардан, аз ноилоҷӣ ба корҳои вазнин машғуланд. Зеро шавҳаронашон ба шароб дода шуда, номусу обрӯ гум кардаанд. Фарзандон аз чунин падари шаробхӯр чӣ ибрат мегиранд?
Дар ин маврид гуфтаҳои шоирро рӯйи коғаз меорем:
Накуӣ кас надид аз май ба олам,
Бувад шодии ӯ пайваста бо ғам.
Шарри дунё саросар дар шароб аст,
Фаровон хонумон аз май хароб аст.
Зи пурхӯрии май бадном гардӣ,
Табоҳ бар чашми хосу ом гардӣ.
P. S. Майзадагӣ ба инсон зарари зиёди молӣ ва ҷонӣ мерасонад. Агар чунин аст, пас, биёед, тарзи ҳаёти солимро интихоб намуда, ҷомеаро солим нигоҳ дорем. Зеро солимии ҷомеа, солимии насли оянда аст...
С. АТТОР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...