Таҷриба
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 222
Дар канали Ютуб суҳбати як тоҷири муваффақеро тамошо кардаму завқи иҷрои гуфтаҳои ӯ дар дили ман ҳам бедор шуд, мегуфт модаре, ки андешаҳояш хело ҷолиб буд. Он тоҷир дар бораи касбомӯзии фарзандон суханронӣ менамуду мегуфт, ки ба кӯдакон интихоби мустақилонаи касбро бояд омӯзонд.
Онҳо худ бояд касби дилхоҳашонро интихоб намоянд, аммо дар баробари ин бояд донанд, ки чӣ касберо интихоб карда истодаанд. Ӯ мегуфт ман аз фарзандонам пурсидам, ки чӣ касберо дар оянда доштан мехоҳанд? Вақте касбҳои дӯстдоштаашонро гуфтанд, ман ҳар яки онҳоро ба маҳалли кори кормандони ин пешаҳо бурдаму фаҳмонидам, ки “вижагӣ”-ҳои корашон дар чист? Баъди фаҳмонидан фикри онҳо нисбат ба интихоб дигартар, боз ҳам мустақилонатар гардид.
Ман ҳам азм кардам, ки чунин таҷрибаро ба фарзандони худам гузаронам. Падарашон солҳост, ки дар муҳоҷират, дар фикри таъмини хӯроку пӯшокашон. Ва акнун ман ҳам бояд масъулияти хешро адо кунам. Бо ҳамин фикр онҳоро саф кашондаму гуфтам, ки чӣ касберо дар оянда интихоб кардан мехоҳанд? Якумӣ духтур мешавам гуфт, дувумӣ тоҷир, сеюмӣ муфатиш ва чорумӣ милиса. Акнун ба саёҳати ошноӣ бо касбҳоятон мебароем, гуфтам ман ба онҳо.
Бояд шумо донед, ки ин касбҳо чӣ сабукиву чӣ вазниниҳое доранд. Агар баъди донистан фикратон иваз нашавад, шумо воқеан мутахассиси пешбари ин соҳа мешавед. Бо ҳамин ба “саёҳат” баромадем. Аввал ба беморхонае даромадем.
Роҳравҳои он аз бемор пур, ғалоғула. Яке барои навбат ҷанҷол мекунаду дигаре барои ба эътибор нагирифтани “лгот” ё варақаи камбизоатӣ. Нафари дигар аз “черезбозӣ”-ҳои духтурон менолид, ки аввал “одамони худашон”-ро муоина мекунанду дигаре аз кори сусти ҳамшираҳои шафқат. Хулоса, як ҷойи пурмағал. Аммо бо вуҷуди ин ҳама ғалоғула, духтурон бо “асаби ором”, андешамандона беморонро муоина мекарданду паси ҳам ҷавоб медоданд. Шояд ин андешамандиашон ба он хотир буд, ки медонистанд бо вуҷуди ин ҳама кору асабхарошиҳо бо нафақаи кам аз кор “гусел” мешаванд ва барои ҳамин ҳамарӯза бояд барои нафақаи ояндаашон “замина” гузоранд...
Мо бо ин манзара аз дур як ошно шудему лаҳзае худро дар чунин муҳит тасаввур кардем ва баъдан роҳ пеш гирифтем ба сӯи бозор. Акнун бояд кори тоҷирон-савдогаронро бинем. Аз бозор, ки акнун ҷойи гап нест. Яке барои асал-оби наботҳои “табиӣ”-аш ҷор мезанаду дигарӣ барои молҳои Туркияву Дубай. Растаҳои бозор ҷойи гашт надорад. Ман ба писарам гуфтам:
-Айни ҳол мо маблағе надорем, ки туро барои тиҷорат омода кунем. Аммо агар калон шудиву ақлат даромад ва бо ҷӯраҳоят аз майдачуйда сар карда, ба тиҷорати калон расидӣ, зуд хушҳол набош. Ва инро ҳам фаромӯш накун, ки кори бозор дар баробари тохтану фурӯхтанҳо боз “сӯхтанҳо” ҳам дорад. Ва ту ба ҳама ҳолат бояд омода бошӣ, то дар ҳолатҳои ногаҳонӣ ба сактаи қалбиву мағзӣ дучор нашавӣ.
Навбат ба муфаттиши оянда расид, аммо мо хоҳиши ӯро бароварда карда натавонистем. Чун ба ин “доступ” наёфтем. Аммо ман ба таври худам шарҳ додам.
-Писарам, кори муфаттиш осон нест. Ӯ бояд мӯйро аз хамир ҷудо кунад ва бо вуҷуди ин агар “орд” аз “фирмаи хуб” набошад, маҷбур мешавӣ, ки барои хунук нашудани “танӯр” аз баҳри он гузариву орди пешниҳодкардаи дигареро бишӯрӣ.
Адолатро ҳамеша риоя кардан хубтарин ҷиҳати кори муфаттиш аст. Хайр акнун чун як зани “хонашин” ба ҳамин қадараш фаҳмам расид.
Билохира ба сари кори милиса расидем. Бечора милисаҳо. Душвортарин масъулиятро бар дӯш доранд. Танҳо ба як “форма”-и онҳо дилхуш нашав писарам, гуфтам. Чун онҳоро лозим меояд, ки ҳамеша сари по рост бошанд. Махсусан, вақте самти корашон дар роҳ бошад. Ҳар як мошинро боздоштану аз ӯ “ҳуҷҷат” пурсидан, хатогиашро маҷбур ба сараш бор кардан, арзиши “радар”-ро нишон додан магар кори осон аст?
Худо накунаду мошинеро боздоранд, ки мабодо аз “худашон” бошад. Беҳад вазифаи душвор.
Аммо онҳо бо вуҷуди ин душворӣ кӯшиш мекунанд, ки амнияти моро таъмин кунанд, то мо озоду осуда бошем.
Бо ҳамин саёҳати мо ба анҷом расид. Ва акнун интихоб аз шумост, фарзандонам. Ростӣ ин саёҳат барои худи ман хеле писанд омад, аммо то ҳанӯз мунтазири ҷавоби бачаҳоям, ки интихобашон чӣ шуд?
МАҲҶУБ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...