Баҳри тавозуни иҷтимоъ дар ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 328
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд барои сатҳи хуби иҷтимойи шаҳрвандон саъй менамояд.Ин ҳадафи давлат дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф,риоя ва ҳифз менамояд”.
Масъалаи тавозуни гендерӣ, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ,ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ба қабули қарор, меҳнат, таҳсил , рушди маънавию ахлоқӣ, маърифати ҳуқуқӣ , пешгирии хушунат нисбати занон дар барномаҳои аксар давлатҳои мутамаддин баррасӣ гардида, яке аз самтҳои муҳими сиёсати онҳо ба ҳисоб меравад.
Таваҷҷуҳ ба мавқеи занон дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон қувваи бузурги ҷомеаи мо буда, ба ин неру эътимод доштан лозим аст . Зеро занон дар рушди ҷомеа нақши муҳим доранд.
Тоҷикистон чун аъзои фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ба масъалаи занон таваҷҷуҳи хоса дошта, барои ин як қатор барномаву стратегияҳои баланд бардоштани нақши онҳоро дар кишвар, имкониятҳои баробари занону мардон, пешгирии зӯроварӣ дар оиларо амалӣ менамояд. Яке аз аввалин санадҳои ҳуқуқие, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол барои дастгирии занон 19 марти соли 2013 ба тасвиб расонид, Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”мебошад Барои татбиқи ин ҳадаф шуъбаҳо, раёсатҳо ва Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ бо лоиҳаҳои паст кардани зӯроварии иқтисодӣ, ҷисмонӣ , шаҳвонӣ ва равонии занон саҳми назаррас доранд.Таъсиси машваратҳои ҳуқуқии ройгон, Марказҳои буҳронӣ барои занон, корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар доираи барномаи асосии давлатӣ гузаронида мешаванд. Зеро масъалаи тағйир додани мафкураи на танҳо занон, балки мардон мушкилест, ки бе саъю талоши дастҷамъона натиҷа намедиҳад.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иттилоъ дод, ки: Дар вилояти Хатлон 1 780 ҳазор бонувон ҳастанд. Бо Қарори раиси вилояти Хатлон аз 30.05.2014 таҳти №111 Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 амалӣ мешавад. Дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят Шуроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шудаанд. Се Маркази пешгирӣ ва кор бо зӯроварон дар ТҶ”Ғамхорӣ”ва “Дилафрӯз” -и шаҳрҳои Бохтар ва Левакант баъди муроҷиати занону мардоне, ки зери хушунат қарор доранд, машваратҳои ҳуқуқию равоншиносии ройгон медиҳанд. Дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, ноҳияҳои Фархору Шаҳритус ва Панҷ утоқҳои алоҳида барои гирифторони зӯроварӣ ташкил шудаанд.
Ҳамаи таҳаввулоте, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, дар ВАО инъикос мегардад. Бозтоби мавзуи муваффақ шудани занон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷумҳурӣ-сиёсат,иқтисодиёт,илму фарҳанг, варзиш ва тарбияи фарзандон ҷиҳати мусбати масъала бошад, баррасии хушунат нисбати занон, ҷинояткорӣ, гаравидани занону духтарон ба фарҳанги бегона, ҳатто шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳаёти оила, никоҳҳои барвақт ,пошхӯрии оилаҳои ҷавон масъалаҳое мебошанд, ки пайваста дар матбуот, радио ва телевизион, сомонаҳои иҷтимоӣ интишор мегарданд.Азбаски журналистика имкони фарогирии васеи мухотабонро дорад, пешниҳоди иттилоот дастрас ва муассир сурат мегирад.
Дар фазои иттилотии вилоят, ки аз 60 воситаҳои ахбори омма , аз ҷумла 54 нашрияи расмӣ , 2 радио ва 4 телевизион, намояндагиҳои ВАО-и ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ба мухотабон маводҳои гуногунро пешниҳод мекунад.Дар рӯзномаву маҷаллаҳои вилоят дар бораи занони муваффақ , саҳми онҳо дар рушди кишоварзӣ, саноат, маорифу фарҳанг , варзиш мавод нашр мешавад. Барномаҳои махсус барои занон дар радио ва телевизионҳои маҳаллӣ таҳия мегарданд. Бояд қайд кард, ки журналистикаи шаҳрвандӣ дар инъикоси мавзуи зӯроварӣ ва гендерӣ фаъолтар аст. ТВ-5 Қӯрғонтеппа ва ТВ“Мавҷи озод”-и ноҳияи Восеъ ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи занон ,баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбати инсон таваҷҷуҳи хосса доранд.
Соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурии мо бо дастгирии ташаббуси як шарикии глобалӣ ва бисёрсолаи байни Иттиҳоди Аврупо ва СММ “Нури рӯшноӣ” бо мақсади аз байн бурдани ҳама шаклҳои шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон то соли 2030 лоиҳае роҳандозӣ шуда истодааст, ки ба нақши ВАО дар инъикоси масъалаҳои ҳассоси гендерӣ нигаронида шудааст.
Таҷриба нишон дод, ки муаллифи мавод бояд ба умқи масъала сарфаҳм равад, ба андешаронии яктарафа ва таҳрифомез роҳ надиҳад, баробарии занону мардонро дар пасманзари арзиши инсон ва будани проблема бозгӯ намояд.
Дар ДДБ ба номи Носири Хусрав, ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара дар омода кардани журналистони оянда тадриси фанҳои интихобии гендер ва журналистика ба роҳ монда шудааст. Ин маълумот басанда набуда, бо дарназардошти бархӯрди тамаддунҳо, омезиши фарҳангҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири интернет қолабҳои гендерӣ низ дар ҷомеаи мо тағйир ёфтаанд.
Тибқи маълумоти журналистони Ӯзбекистон Ёқутхон Маматова ва Ашот Даниелиян, масоили гендерӣ дар ду кишвари ҳамсарҳаду дӯст ҳамсон буда, дар инъикоси ин мавзуъ пешравиҳо доранд. Дар 15 факултетҳои журналистии макотиби олии Ӯзбекистон курсҳои махсус оид ба ҳассосияти гендерӣ таълим дода мешавад.Ба ғайр аз нашрияҳои чопӣ , радио ва телевизионҳо рӯзномаҳои интернетии “Анхор.уз”ва сомонаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, блогу шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мешаванд. Дар кишвар журналистони дар мавзуи гендер эҷод мекардаро хуб мешиносанд.Синамои ӯзбек ҳам барои баррасии ин масъала саҳми назаррас дорад. Истифодаи маводи санъат –акс, расм, филм, шеър, саҳна барои баён кардани андеша дар бораи ҳуқуқҳои занон ва гендер хеле муассир буд.Ин таҷриба дар кишварҳои Осиёи Миёна маъмул буда, қабули он аз тарафи мухотабон мусбат арзёбӣ мешавад.
Омӯзиши таҷрибаҳои дигарон барои интихоби мавзуъ, усули нигориш, принсипҳои омода кардани мавод манфиатбахш мебошад.
Журналистон дар ин самт метавонанд бо маводи худ аҳли ҷомеаро ба андеша водор карда, дар мавқеъгирии онҳо муосидат намоянд. Маводи журналистӣ бояд беғаразона, бозтоби воқеа не, балки мушкилот бошад. Риояи одоби журналистӣ, эҳтироми эҳсоси мусоҳиб ва манбаи иттилоъ , худдорӣ аз таҳқиру забони хушунатомез, интихоби қаҳрамонҳое, ки аз саддҳои гендерӣ гузашта, муваффақ шудаанд, метавонанд маводро хонданбоб ва аз ҳама муҳим, муассир ва манфиатбахш намоянд. Ҳар гуна омӯзиш барои такомули маҳорати журналистӣ ва беҳтар гардидани сифати маводи ВАО боис мегардад.
Журналистон ҳамчун зиёиён бо ибрати шахсӣ ва маводи эҷод дар ташаккули афкори мардум ҳиссаи арзанда гузошта метавонанд.
Инъикоси ҳамаи дастовардҳо ва мушкилоти онҳо, ҳифзи ҳамаҷонибаи бонувон, эҳтироми арзишҳои миллиамон нисбати модар , зан, амалӣ шудани тавозуни гендерӣ дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд барои ҳар як эҷодкор ҳам масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳам касбист. Чунин муносибат аз самимият ба инсон ва тақозои замон маншаъ мегирад
Дилором Маҳкамзода
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...