Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҷавонон бо дашномдиҳию гуфтугӯи кӯчагӣ забони тоҷикиро коста месозанд


Ҷавонон бо дашномдиҳию гуфтугӯи кӯчагӣ забони тоҷикиро коста месозанд



Хушсухану хушрафтор будан яке аз рисолатҳои асосии инсон ба шумор меравад. Инсонро бо рафтору гуфтор ва лаҳни зебояш мешиносанду баҳо медиҳанд. Аммо имрӯз дар ҷомеаи мо чизе, ки мардумро нигарон мекунад, ин ба дашном рӯй овардани ҷавонон мебошад. Аксар маврид бо ҳолатҳое рӯ ба рӯ меоем, ки ҷавонон байни ҳам бо алфози қабеҳ муроҷиат мекунанд.

Ҷавононро ояндаи миллат мегӯянд. Аммо бо ин рафтору кирдор то кадом андоза метавон ояндаро сохт? Дашном додан, пеш аз ҳама, дар фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик аз азал набуд ва инро метавон ҳамчун як воситаи халалдорсозии фарҳанг номид. Боиси нигаронист, ки имрӯз дар баробари ҷавонон, инчунин дар забони кӯдакон низ алфози қабеҳ ҷой гирифтааст, ки бояд онро пешгирӣ намуд.

Сухан аз забони “қаҳрамон”

Зимни пайгирии мавзуъ, бо ҷавоне рӯ ба рӯ гардидем, ки бо дашном ба рафиқи худ муроҷиат мекард. Худро Сорбон Холов (номи шартӣ) муаррифӣ намуд. Сабаби бо чунин тарз муроҷиат карданашро пурсидем.

- Ман дар оилаи камбизоат ба дунё омадам. Барои таъмин кардани вазъи иқтисодии оила бояд ба корҳои гуногун машғул мешудам. Дар ҷомеа бо афроде кор мекардам, ки ҳамеша дар даҳонашон дашном буд, - изҳор дошт зимни суҳбат ҳамсуҳбати мо. Ба гуфтаи ӯ, таъсири атрофиён ба афкор ва гуфтугӯи инсон нақши калон дорад. Ҳар як аксуламали ҷомеа метавонад барои на танҳо забон, ҳамчунин барои рушди ақлониву равонии инсон таъсиргузор бошад.

Нигоҳи коршинос

-Бо вуҷуди он ки забони адабии мо таркиби луғавии бой дорад, баъзе ҷавонони мо аз калимаҳои дағалу номатлуб истифода мебаранд. Ин аз ахлоқи бади онҳо бошад, аз ҷониби дигар фаросати пасти забонии онҳо аст. Мо аксар маврид шоҳиди он мешавем, ки дар ҷомеа  нафарони зиёд бо забони адабӣ фикри худро баён карда наметавонанд. Алббата, истифодаи калимаҳои дағал ин ба ғановату зебогии забон таъсир мегузорад ва сабаби роиҷ гардидани калимаҳои дағал дар забони ҷавонон мешавад, - изҳор медорад омӯзгор Райҳона Раҳматова. 

Барои гирифтани пеши чунин зуҳурот, пеш аз ҳама, ба самти таълиму тарбия диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Бе таълиму тарбия ва бе огоҳонии ҷомеа пеши роҳи онҳоро гирифтан ғайриимкон аст.

Фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар 

Ба забони хуб ва лаҳни гуворо сухан гуфтан яке аз хислатҳои хуб ба ҳисоб меравад. Давлатхӯҷа Давлатзода, донишҷӯ, зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки хушахлоқу хушрафтор будан аз оила вобаста аст.

- Маро ҳамеша волидонам таъкид мекарданд, ки хушгуфтор бошам ва ба калонсолон эҳтиром намоям. Ман низ пеши худ мақсад гузоштаам, ки касе бо ман бо алфози қабеҳ сухан гӯяд, аввал ӯро бо суханҳои хуб мефаҳмонам, ки бояд фикр кунад ва пасон ба дигаре чизе гӯяд. Чунончи, дар ин маврид Саъдӣ мегӯяд:
Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,
Бар ман макун, эй бародари ман.
Гар модари хеш дӯст дорӣ,
Дашном мадеҳ ба модари ман. 

Мегӯянд, ки фарзандон оинаи оилаҳои худашон ҳастанд ва онҳое, ки ахлоқи хуб доранд, маълум аст, ки тарбияи хонаводагии мустаҳкам гирифтаанд. Чун тарбия аз хонавода мустаҳкам бошад, ҳеҷ омили беруна ӯро вайрон карда наметавонад. Бисёр хуб мешуд, ки ахлоқи хуби ҷавонони мо ба онҳое, ки ахлоқи бад доранд, таъсиргузор бошад ва сафи ҷавонони ҳақоратгӯю дуруштсухан дар ҷомеа кам гардад.

Назари равоншинос

Муносибат бо алфози қабеҳ на танҳо инсонро беобрӯ мекунад, ҳамчунин аз ҷиҳати равонӣ низ ба афкори насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Барои саҳеҳтар муайян намудани ин ҷанбаи масъала бо Миҷгона Раҷабова, равоншинос, суҳбате доштем. Ӯ изҳор медорад, ки вазъи кунунии алфози ҷавонон барои насли наврас ва кӯдакон нигаронкунанда боқӣ мемонад. 

- Ҷавонони имрӯз ба дашном додан одат кардаанд. Вақте ки забон ба дашном одат мекунад, ислоҳ кардани он мушкил мешавад. Агар хонавода оилаи ботарбия бошад, ҳеҷ вақт ҷавонон ба дашном додан рӯй намеоранд. Ҷавонон бояд тарбиятгари худ бошанд. Онҳо агар ба ин корашон идома диҳанд, ба насли наврас таъсири манфии худро мерасонанд. Ҷавонон бояд намунаи ибрати кӯдакон бошанд. Мо забони бой дорем, чаро ба дашном додан одат кунем?- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Воқеан, илму ихтироот барои зиндагии хуби инсоният шароити мусоид фароҳам овард. Аммо аз паҳлуи дигар назар афканем, рушди техникаву технология ва батадриҷ пеш рафтани “маданияти ақлонӣ”-и ҷавонон ба костагии фарҳанг оварда расонид.

Ба гуфтаи М. Раҷабова, сабаби дигари зиёд шудани дашном миёни ҷавонон ин тамошои пайвастаи филмҳои хориҷӣ мебошад. Бояд ҷавонон бештар филмҳоеро тамошо кунанд, ки хусусияти тарбиявӣ дошта бошанд. Набояд фарҳанги худро ба фарҳанги ғайр иваз намоем.

Хулоса

Мо-ҷавонон бояд забони тоҷикии худро ҳифз намоем, зеро забони мо ифтихори мост. Мо забони худро бояд тавре ҳифз намоем, ки намунаи ибрати дигарон бошад. Мо тоҷик ҳастем ва набояд алфози қабеҳ истифода намоем.

Тилло САИДОВ ,
коромӯзи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода