Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Нашри китоби нав бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ


Нашри китоби нав бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ




Дар доираи солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” қисми якуми китоби нави дарсӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз систематикаи растаниҳои дараҷаи олӣ бо номи “Ботаника” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расид.

Муаллифони китоб доктори илмҳои биологӣ, профессор Сайфиддин Давлатзода ва муҳаққиқи соҳа Азиз Ибрагимов мебошанд.

- Систематикаи растаниҳои дараҷаи олии Тоҷикистон масъалаи бисёр мубрами илми ботаника мебошад, - мегӯяд муаллифи аср С. Давлатзода. - Омӯзиши он барои олимону мутахассисони оянда ва ҳаводорони касбҳои дигар, инчунин, барои муаррифии онҳо дар байни аҳолӣ ва ташаккули илмии ҷаҳон зарур мебошад. Китоби мазкур барои истифода дар машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, инчунин, корҳои мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тавсия карда мешавад. Аксҳои рангаи растаниҳо имкон медиҳанд, ки морфология ва систематикаи онҳо ба таври аниқу дақиқ омӯхта шавад.

Китоби мазкур бо мақсади номгузории ягонаи илмӣ, таснифи дурусти растаниҳо ва морфологияи онҳо дар ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Ин китоб шомили маълумот дар бораи 84 оила, 150 авлод ва 270 адад растанӣ ва 288 номгӯи истилоҳи соҳавӣ ҷамъоварӣ карда шудааст.

- Ҳамон тавре ки маълум аст, забони лотинӣ, забони илмии ҷаҳон маҳсуб меёбад, - қайд кард профессор С. Давлатзода. - Бахши лотинии китоб барои омӯзиши систематикаи намудҳо, авлод ва оилаи онҳо, инчунин, расмҳои овардашуда ранга барои омӯзиши аломатҳои фарқкунандаи онҳо хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши забони лотинӣ бо шарҳи систематикаи дурусти олами наботот вазифаи аввалиндараҷа дар факултетҳои биологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб ёфта, нишондиҳандаи баланди кадрӣ дар соҳаи дахлдори ин муассисаҳо мебошад. 

Махфӣ нест, ки бо сабабҳои гуногун олимон ва табиатшиносон-ташаббускорон дар соҳаи омӯзиши систематикаи растаниҳо дар ҷумҳурӣ он қадар зиёд нестанд. Аз ин хотир, яке аз ҳадафҳои китоби мазкур низ диққат додани масъулони соҳа ба ин масъала ва тарбияи ҷавонон дар ин самт мебошад.
Дар таҳияи китоб мавод аз сарчашмаҳои мухталиф истифода шуда, фарогири таҷрибаҳои интрадукторҳо, флораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мебошад.

Китоби дарсии “Ботаника: барои машғулиятҳои амалӣ аз систематикаи растаниҳои дараҷаи олӣ: тавсияҳои методӣ барои иҷрои дарсҳои амалӣ донишҷуёни соҳаи биология” бо қарори Шӯрои илмӣ-методии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” ба чоп тавсия шудааст.

Қисми якуми ин китоб бо теъдоди 600 нусха ба табъ расида, муаллифон ният доранд, ки ояндаи наздик қисмати дувуми онро низ омодаи чоп намоянд.
Қобили зикр аст, ки асари мазкур барои истифодаи доираи васеи мутахассисони соҳаи биология, аз он ҷумла, ботаника, дендрология, экология ва кишоварзӣ, омӯзгорони фанни биологияи мактабҳои миёна, мутахассисони соҳаи тиб ва фармокология низ аз манфиат холӣ нест.

Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода