Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Доми печида духтари пурорзуро гумроҳ кард


Доми печида духтари пурорзуро гумроҳ кард



Тоҷикистонро як пораи ҷаннати рӯйи замин ном мебаранд. Он ободу зебо, сабзу хуррам буда, кӯҳҳои манбаи обҳои зулолу гиёҳҳои шифобахш ва заминҳои пурфайзу меваҳои шаҳдбор дорад. Дар диёри ҳамешабаҳори мо дар чор фасли сол ҳосил мерӯёнанд ва дастурхони мардум пур аз нозу неъмат аст. Дар ватани соҳибистиқлоламон барои ҳар як шаҳрванд шароити табобату меҳнати фоидабахш фароҳам аст. Ҳар як фард дар ҳаёт роҳи озоди худро интихоб мекунад, ки инро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як сокини кишвар кафолат додааст.

Иддае бо меҳнати ҳалол нон ёфта, ба ободонию созандагӣ даст мезананд ва шукронаи фаровонӣ, сулҳу ваҳдатро доранд. Мутаассифона, нафарони тангназаре низ ёфт мешаванд, ки ба қадри ин ҳама нарасида, ба харобкорию амалҳои нобахшиданӣ машғуланд. Ин гурӯҳ кӯрнамаку ношукранд, ки оқибат нони Ватан кӯрашон хоҳад кард.

Қаҳрамони қиссаи мо нафарест, ки дар Тоҷикистони азиз чашм ба олами ҳастӣ кушод, дар оғӯши он ба камол расид, соҳиби хату савод шуд. Аммо бо ағёр ёр гашт, ки ақлашро рабуд. Аз пайи дарёфти бахту дороӣ ба истиқболи марг рафт. Бо нияти ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудан аз зодгоҳаш фирор карда, озими Россия шуд.

Ин духтарак, ки аз иштибоҳу сарсониҳои хеш қисса мекард, хоҳиш дошт, ки номи насаби ӯву дигаронро иваз намоем, то боиси коҳиш ёфтани обрӯяшон дар ҷомеа нагардад. Ба хотири он ки дигарон хатои ӯро такрор нанамоянду ба миллату Ватани хеш хиёнат накунанд, саргузашти худро ошкоро нақл кард...

Салим ва Саодат ҳамдеҳа буданд. Ҳар ду дар як хоҷагии деҳқонӣ кор мекарданд. Бо мурури замон ба ҳам унс гирифтанд. Ин ду дилдода аввал якдигарро хуб омӯхтанд, ситораҳояшон мувофиқ омад ва бо розигию дуои волидайн оила барпо намуданд. Якдигарфаҳмӣ, эҳтирому боварӣ муҳаббати онҳоро қавӣ гардонда, зиндагиашонро рангин сохт. Ба дунё омадани тифлакони ширину дӯстрӯяк боиси хушбахтии зану шавҳар гашт. Зиндагии хубу хушбахтона доштанд. Фарзандон ҳама писар буданду волидайни ҷавон орзу мекарданд, ки соҳиби як духтарча шаванд. Зеро, ба қавле, духтар чароғи хонадонро мунаввару меҳру муҳаббатро зиёд мекунад. Баъди интизориҳои зиёд Салим ва Саодат соҳиби духтарчаи зебое шуда, бо умеди ояндаи нек ӯро Умеда ном гузоштанд. Умеда духтарчаи орзуҳо дар оғӯши гарму меҳрубониҳои модар ва ғамхорию рӯйи дастони падар ба воя мерасид. Ӯ фарзанди эркаи хонадон буду ҳарчӣ мехост, падару модар барояш муҳайё менамуданд.

Бо гузашти вақт духтарча мактабхон шуд. Як фасли гармо Умеда ба бемории сироятӣ гирифтор шуд ва аз хӯрду хоб монда, танаш рӯз аз рӯз лоғар мегашт. Гӯё дар пеши чашми волидайн обу адо мешуд. Аз ин ҳолати духтар модар нафари зиндадаргӯрро мемонд. Зеро Саодат баробари духтари маризаш дард мекашид, мағзу устухонаш ба сӯзиш меомаду аз тақдири талх шабу рӯз мегирист. Вақте аз гиристанҳои дурудароз чашмони модар мехушкид, сари ҷойнамоз нишаста, аз Эзиди пок шифои ҷигарбандашро металабид.

Оҳ, чӣ рӯзҳои сиёҳу сангин буданд он лаҳзаҳо барои модар. Ҳаёти духтарча ашки рӯйи миҷгонро мемонд ва модар ҳар лаҳза мемурду боз зинда мешуд. Ин ҳама азобро модар медонисту Худо. Зан ин ҳама азобро дар худ таҳаммул мекард, мехост бар ивази умри хеш ҷони духтарчаи талбидаашро бихарад. Оқибат азобҳои зан аз худ дарак доданду модари зор ба бемории сактаи дил гирифтор шуд. Саодатро гӯё тақдир имтиҳон мекард. Ва ӯ аз ин имтиҳони сахти тақдир гузашт. Бо баҳои саломатии хеш ба духтарчаи ширинаш умри дубора бахшид...

Умеда дар оилаи аҳлу тифоқ ба камол расид. Мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм кард. Имконияти таҳсил дар муассисаҳои олии кишварро дошт, вале таҳсилро идома надод.

Барояш шароити интихоби касб низ фароҳам буду метавонист дар сехҳои дӯзандагии деҳа кор карда, соҳибкасб шавад. Ин корро ҳам накарду хонанишиниро ихтиёр намуд. “Шуғл”-и дӯстдоштааш телефонбозӣ буд. Рӯзи дарозу то поси шаб тариқи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо нафарони бегона шиносоӣ пайдо намуда, рози дил мекард. Ҳамин тавр, бо Шодмон ном ҷавоне аз кишвари ҳамсоя, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Россия қарор дошт, шинос шуд.

Шиносоии онҳо ба муҳаббати калон табдил ёфт. Ҷавон ба Умеда рози дил карда, аз покии ишқу муҳаббаташ қиссаҳои ширин бофта, бо ваъдаҳои ба қавле “аз осмон ситора фаровардан”, дили духтарро ба худ гарм мекард. Ҳар замон ваъдаҳои афсонавӣ дода дилдодаро наздаш мехонд. Умеда ба ваъдаҳои дурӯғину ишқи хасакии Шодмон бовар карда, орзуи ба зудӣ назди ҷавон рафтанро кард. Модарро аз ин нияти худ огоҳ намуд.

-Ман бо Шодмон ҳамхона мешавам,- маънидод кард нияти хешро Умеда.

-Ин амали хуб нест, ба ин роҳ нарав, хато мекунӣ,-насиҳат кард модар.

-Мо якдигарро дӯст медорем,-якравӣ кард духтар.

-Ин ишқи хаёлӣ туро хушбахт намегардонад. Аз хоб бедор шав, ба худ омада, ба роҳи  печида марав.

-Модарҷон, ту чӣ будани ишқро намедонӣ, ҳа, гуфтагӣ барин, дар умрат ақаллан ошиқ шудаӣ? Ишқ сӯхтан асту сохтан ва пайвастшавии ду қалб мебошад...

Ҳамин тавр, Умеда дар баҳри беканори орзуҳояш шино мекард. Барои худ афсонаи ширини бахт эҷод менамуд, бехабар аз он ки рӯзе дар ин баҳри пурталотуми орзуҳояш ғарқ мешавад. Ҳамин орзуҳои ширин духтари гумроҳшударо ба сафари давлати Россия омода сохт. Шодмон ба ӯ роҳкиро фиристоду Умеда барои ба висоли ӯ расидан ба сафар баромад. Ҷавон ӯро истиқбол гирифта, ба хонаи иҷораи як дӯсташ бурд. Дере нагузашта онҳо издивоҷ карда, зану шавҳар шуданд.

Умеда мушоҳида кард, ки шавҳараш тез-тез бо ким-кадом шиносаш телефонӣ суҳбат менамуд. Ҳатто боре хабари оиладориашро низ ба шиносаш расонд. Зани ҷавон кунҷковӣ мекард, то муаммои барояш сарбастаро кушояд.

-Шодмон, бо кӣ ва дар бораи чӣ суҳбат мекунӣ?-пурсон шуд Умеда.

-Азизакам, моро зиндагии шоҳона дар пеш аст. Ба наздикӣ соҳиби пули калон мешавем,- посух дод ҷавон. 

-Чӣ хел?

-Дӯстонам маро ба давлати Туркия даъват кардаанд,-гуфт ҷавон.

Умеда боз ба Шодмон бовар кард. Онҳо ба давлати Туркия рафтанд. Чанд рӯз меҳмони шиносҳои Шодмон шуданд. Одамони ношинос ба Шодмон фаҳмонданд, ки вақти амал расидааст. Ӯ ҳамроҳи завҷааш бояд ба “ҷиҳод” равад. Ҷавон розигиашро дод. “Соҳибхона субҳи рӯзи дигар онҳоро ба автобусе шинонда ба ҷанги давлати Шом гуселонд. “Бор”-и зинда ба манзил нарасид. Кормандони полис гурӯҳи ба ном муҳоҷиронро боздошт. Умеда танҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз мақсади нопоки ҷиҳодиён огоҳ шуд. Дар ин ҷо якчанд занону духтарон, ҳатто занҳои рус низ буданд.

-Моро ба куҷо мебаранд?-пурсид Умеда аз русзане.

-Оё ба куҷо омаданатро намедонӣ? Ба ҷанг, ба истиқболи марг омадаӣ, дугона,-посух дод зани рус.

-Агар шавҳарамро дар ҷанг кушанд, ҳоли ман чӣ мешавад?

-Ғам махӯр, дар ин ҷо бева намемонӣ. Туро ягон араб ба никоҳаш медарорад. Ҳамин тавр, аз дасти як шавҳар ба дигараш мегузарӣ, то замоне ки зиндаӣ.

Умеда ба ваҳшат омад. Сар ба зону гузошта, мехост соате хоб кунад. Вале, хобаш намеомад. Дар худ мепечид. Поси шаб хобаш бурд. Дар хобаш хобҳои даҳшатнок медид. Боз дар хобаш дид, ки силоҳбадастон пайдо шуданд.

Онҳоро бо худ бурданд. Ҳангоми убури дарё қаиқи онҳо ғарқ шуд. Умедаро ҷараёни об ба марг мебурд ӯ ба гирдобе дучор омад. Гирдоб духтарро ба коми худ бурданӣ мешуд.

Ҳарчанд ӯ фиғон мебардошт, садояш намебаромад. Банохост, суроби шавҳар пеши чашмонаш пайдо шуд. Аз шавҳар кумак хост. 

Шавҳар бо овози баланд қоҳ-қоҳзанон хандида, якбора аз чашм нопадид шуд. Дар ҳамин вақт дасти ҳалиму гарме дасти Умедаро дошта, аз об берун баровардаш. Духтар ба қафо нигариста, модарро дид. Худро ба оғӯши ӯ андохта, “Модарҷон, ба ман ҳаёти дубора бахшидед”, -гӯён бо тамоми ҳастӣ овоз бароварда, аз хоб бедор шуд...

Умедаро баъди 4-5 рӯз ба Тоҷикистон баргардониданд. Ватан гуноҳи шаҳрванди гумроҳро авф кард. Бо амали ғамхоронаю падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Умеда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд.

Умеда сӯи хонаашон роҳ пеш гирифта, ба худ меандешид: “Оё модар хиёнати ӯро мебахшида бошад?” Назди модар расид. Модар ӯро ба оғӯш гирифту мисли он шабу рӯзҳои бемории духтараш ашк мерехт.

-Модарҷон, маро бубахш, иштибоҳ кардам,- гуфт бо сари хам Умеда.

-Ман туро бахшидаам,-посух дод модар. 

Умеда модарро боз сахттар ба оғӯш гирифта, бо овози гиряолуд канда-канда мегуфт: “Модарҷон, гумон мекардам, ки бахт ва орзуи зан дар шавҳар кардан, тифл ба дунё овардан ва сарвати зиёд доштан аст. Ба ҳамин мақсад ба роҳи хато рафта, ба Ватан хиёнат кардам. Сари шуморо дар назди ҳамдеҳагон хам намудам, обрӯятонро дар ҷомеа коҳиш додам.

Вале ба ҳамаи гуноҳҳоям нигоҳ накарда, маро бахшидаӣ?! Ту бузургу беназирӣ, модар! Мани нодон вақте дар мулки бегона дар вартаи марг монда, ба худ омадам, ба қадри модар, Ватан, сулҳу озодӣ, ваҳдати миллӣ расидам. Бе модару ватан ҳамаи дороии дунё ҳеҷ будааст. Зеро модар ватан асту аз ватан бӯйи модар меояд...» 

Умеда аз карда пушаймон аст, зеро сафҳаи китоби умрашро худ доғдор кард. Гумроҳию зудбоварӣ ӯро ба истиқболи марг бурд. Акнун вай ба ҳамсолонаш, бахусус ҷавондухтарон, муроҷиат карда мегӯяд: «Иштибоҳи ман барои шумо дарси ибрат аст. Ба сулҳу ваҳдати Ватан арҷ гузореду модар-Ватанро дӯст дошта, эҳтиром кунед. Ба ваъдаҳои дурӯғину дасисаҳои хоҷагони хориҷӣ бовар накунед.

Терроризм ин марг аст, ба ягон гурӯҳи ифротӣ, ки мехоҳанд суботу оромии Тоҷикистонро халалдор сохта, монеи рушду пешрафти Ватани мо шаванд, шомил нагардед. Дар хотир доред, ки мо Ватани ободу озоду биҳиштӣ дорем, ки номи он Тоҷикистон аст. Ватан оинаи зиндагист ва нагузоред, ки гарде рӯйи онро олуда созад”.

С. АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода