Тарҷумони оилавӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 339
Аз зане, ки дар ҳаёти оилавиаш муваффақ буду то ҳол касе аз аъзои хонаводааш аз ӯ шикояте накарда буданд, сабаби ин комёбиашро пурсиданд: -Ҳаёти оилавӣ мушкилоти зиёди гуфтаву ногуфта ва қонунҳои навиштаву нонавиштаи зиёде дорад. Чӣ боис гашт, ки Шумо аз ҳамаи ин шебу фароз бо сари баланд баромада тавонистед?
-Ман тарҷумон шудам. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали оиладорӣ ҳолати оиларо ба инобат гирифта, ба хулосае омадам, ки бояд пеш аз “муташанниҷ” шудани авзоъ масъулияти “тарҷумонӣ”-ро ба дӯш гирам.
Бояд ин воқеиятро қабул намоем, айни замон оилаҳое, ки келинро чун фарзанди худ қабул намоянд, ангуштшуморанд. Ва оғози ҳаёти оилавӣ ин оғози муборизаҳои шадид барои “мустамликадорист”. Дар чунин муборизаҳои шадид “тарҷумонҳо” нақши боризе доранд. Чун ҳар амале аз сухан ибтидо мегирад. Ман, ки ин сиёсатро хуб дарк намуда будам, аз рӯзҳои аввал чун тарҷумони масъулиятшинос ба адои вазифа оғоз намудам. Аммо, бояд ба шумо гӯям, ки дар фаъолияти тарҷумонҳои оилавӣ нисбат ба тарҷумонҳои касбӣ баъзе фарқиятҳо вуҷуд дорад. Масалан, тарҷумони касбӣ барои тарҷума кардани мавод мунтазири сухани гӯянда мешавад, то онро ба забоне, ки худ балад аст, баргардонад. Аммо барои зантарҷумони оилавӣ ин қоида андаке фарқ мекунад ва иҷрояш душвортар аст. Чун ӯро лозим меояд, ки ҳарфҳои ҳанӯз ба забон наовардаро дарк намояду ба забони худ баргардонад ва барои “ҳолатҳои фавқулода” , ки имкони берун кардани ӯро аз “ҳайати тарҷумонҳо” пеш меорад, “страховка” дошта бошад.
Агар тарҷумони оилавӣ бомаҳорат бошад, метавонад ҳарфҳои зери ҷабини фишурдаи хушдоман, ниқоби қаҳри шавҳар, салобати падаршавҳар ва кинояҳои хоҳаршавҳар пинҳоншударо бо як нигоҳ дарк намояду “тарҷумаи синхронӣ” кунад. Илова бар ин, дар ҳаёти оилавӣ садои ба ҳам кӯфта шудани дегу табақу коса, сахт пӯшида шудани дару тиреза, садои пасту баланди ҳар аъзои хонавода низ забоне ва ҳарфи ниҳоне дорад, ки инро низ бояд келин-тарҷумони хона дарёбад ва барои аксуламали эҳтимолии пешакӣ тарҷума карда монад. Ва, албатта, ки матни ин тарҷумаҳо, пеш аз ҳама, барои худи ӯ лозим аст.
Қоидаи дувуме, ки дар фаъолияти тарҷумонҳои касбӣ ва тарҷумонҳои оилавӣ аз ҳам фарқ мекунанд, ин донистани матни асл ва нигоҳ доштани моҳияти он дар тарҷума аст. Барои тарҷумони оилавӣ донистани матни асл амри зарурист, аммо айнан тарҷума кардани он кори хубе нест. Шуморо баръакси тарҷумонҳои касбӣ лозим меояд, ки “матнҳои асл”-ро андаке таҳриф намоед, вагарна, дар сурати бо шакли асл баргардонидани он эҳтимол меравад, ки осоиши оилавиатон таҳриф гардад.
Бар замми ин, агар барои тарҷумони касбӣ донистани забони модарӣ ва забони омӯхтааш кифоя бошад, барои тарҷумони оилавӣ донистани забони натанҳо аъзои оила, балки забони “авлод” лозим аст, то бо ҳар кадоми онҳо ба забони худашон ҳарф занаду мавқеи “геополитикӣ”-и худро низ нигоҳ дошта тавонад. Агар “тарҷумони оилавӣ” чунин қобилиятро дошта бошад, ҳеҷ омиле оромиши оилаашро барҳам зада наметавонад.
МАҲҶУБ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...