ҚУБОДИЁН. МАРДУМ РӮ БА КИТОБ МЕОРАНД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 16 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм, Боздид 1 236
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...», ки дар саросари кишварамон ҳаводорони зиёд пайдо кардааст, дар тарбияи маънавии ҷомеа ва ташаккули зеҳнии наврасону ҷавонон нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид. Ин озмун ба баланд бардоштани шавқи китобхонӣ, кашфи чеҳраҳои ояндадори соҳаи илму адаб ва роҳ кушодан ба донишмандону суханварони оянда равона гардида, ҳамзамон, барои дубора ба китобу китобхонаҳо рӯ овардани меросбарони адабиёти пурғановати форсу тоҷик заминаи муҳиме фароҳам меорад.
Дар радифи омодагиву баргузории даврҳои гуногуни озмуни мазкур оғоз аз маҳалҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ сол аз сол вазъи соҳаи китобдорӣ дар китобхонаҳои шаҳру деҳоти мамлакат беҳтар гардида, сокинон ба ин махзани пурасрор таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Дар ноҳияи Қубодиён 18 китобхонаи маҳаллӣ арзи вуҷуд дошта, хазинаи умумии адабиётҳои бадеии онҳо ба 44 ҳазору 628 нусха мерасад. Тибқи иттилои Дӯстмурод Мирзода, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия, новобаста ба он ки мисли солҳои пешин барои хариди адабиёти бадеӣ аз буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо намешавад, аммо то ҳадди имкон китобхонаҳои ноҳияро бо китобҳои тозанашр таъмин намуда истодаем.
- Соли сипаригардида аз нашриёти «Адиб» 22 номгӯи китобҳои бадеӣ гирифта будем. Ҳамчунин, дар ин давра ба китобхонаҳои ноҳияи Қубодиён 14 нусха китобҳои Сарвари давлат тариқи ройгон ворид гардид. Қобили зикр аст, ки таъмини хонандаи имрӯза бо адабиётҳои бадеии бо забони тоҷикӣ аз мавзӯъҳои мубрами соҳаи китобдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро аз хазинаи умумии адабиётҳои бадеии китобхонаҳои ноҳия ҳамагӣ 33 дарсади онро асарҳои бо забони тоҷикӣ нашршуда ташкил медиҳанду халос. Аз сӯи дигар, бинобар таваҷҷуҳи зиёди сокинони деҳу рустоҳои дурдаст барои ширкат дар озмунҳои оянда, вақтҳои охир талаботи сокинон ба мутолиаи китобҳои бо забони тоҷикӣ зиёд шуда истодааст. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» завқи мардумро ба ғазалу достонсароӣ ва хониши асарҳои насрӣ бедор кардааст, - иброз медорад Дӯстмурод Мирзода.
Масъулони соҳаи фарҳанги ноҳияи Қубо-диён баҳри дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ва иҷрои дастуру супоришҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи фарҳанг, баланд бардоштани маърифтнокии мардум тавассути ҷалби мардум ба китобхонаҳои оммавӣ чораҳои муассир андешида истодаанд. Дар доираи ҷалби бештари толибони каломи бадеъ ба китобхонӣ дар назди китобхонаҳои маҳаллӣ маҳфилҳои адибони навқалам ва озмунҳои шеъру достонсароӣ таъсис дода мешавад.
Аҳли фарҳанги ноҳияи Қубодиён итминони комил доранд, ки дар доираи рушди соҳаи китобдорӣ ва ҷалби сокинони деҳот ба китобу китобхонаҳо анъанаҳои неки ниёгонамон, аз ҷумла фаъолияти китобхонаҳои сайёр, маҳфилҳои адабӣ-фарҳангӣ ва эҳёи китобхонаҳои хонаводагӣ дубора ҷоннок мешаванд. Барои дар амал иҷро шудани орзуву ҳадафҳои пешгирифтаамон дар самти рушди китобдорӣ ва ҷалби ҷомеа ба китобу китобхонаҳо, бешубҳа, падару модарон, бузургсолони ҳикматдӯст ва устодону тарбиятдиҳандагони муассисаҳои таълимию тарбияи томактабӣ нақши муҳим доранд.
«Хатлон»
-
16-01-2021, 08:39
-
16-01-2021, 08:00