Соҳибкории муваффақи ду арӯси як хонадон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 589
«Шумо – соҳибкорони бонангу номус, ҳамеша иқдомоти Ҳукумати мамлакатро бо дарки амиқи масъулият самимона пуштибонӣ менамоед, барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш мекунед, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳмгузор ҳастед».
Эмомалӣ РАҲМОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ташаббусҳои созандаи бонувону духтарони соҳибкору ҳунарманд, бомаърифату ватандӯст ва худогоҳу худшиносро, ки пояҳои давлатдории миллиамонро таҳким мебахшанд, ҳамеша дастгирӣ менамояд. Танҳо дар соли ҷорӣ тавассути грантҳои Президенти Тоҷикистон барои рушди соҳибкории занон ҷудо гардидани 8 миллион сомонӣ ҷиҳати оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди он гувоҳи баръалои гуфтаҳои болост.
Дар ҳақиқат, Роҳбари давлатамон ҳанӯз аз замони оғози фаъолияти худ бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи занону духтарон тадбирҳои судманд андешида, ба Ҳукумати кишвар ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ дастур додаанд, ки ҷиҳати муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намоянд. “Ин иқдом имкон медиҳад, ки аз сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то зинаҳои болоӣ духтарону бонувони бомаърифат, фаъолу ташкилотчӣ ва пешқадаму ташаббускор ба кор ҷалб карда шаванд ва ба халқу Ватан хизмат намоянд”, - таъкид медоранд Пешвои миллат.
Қобили зикр аст, ки дар мавриди сиёсати гендерӣ Ҳукумат ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд.
Гулчеҳра ва Заррина - ду арӯси оилаи Набиевҳоро метавон аз ҷумлаи чунин занони ташаббускор номид, ки бо истифода аз ҳунари худ на танҳо вазъи иҷтимоии хонаводаашонро беҳтар намудаанд, балки мушкили дигар шаҳрвандонро низ осон мекунанд.
Зиндагии Гулчеҳра ва Зарринаро иштирок дар як курси омӯзишӣ оид ба пухтупази маҳсулоти қаннодӣ ҷиддан тағйир дод. Ба самти мусбат. Ин ду сокини ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ тӯли як ҳафта омода намудани беш аз 20 намуди маҳсулоти қаннодиро омӯхтанд. Сипас, бо дархости Гулчеҳраю Заррина ва гурӯҳе аз занону бонувон дар маркази ноҳияи мазкур доир ба оғози фаъолияти соҳибкорӣ семинар барпо гардид.
Гулчеҳра ва Заррина, ки то ин дам занони хонашин буданд, баъд аз омӯзишҳо тасмими оғози тиҷорати худро гирифтанд. Онҳо якҷоя вазъ ва талаботи бозори маҳаллиро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ба истеҳсоли ширинию кулчақандҳо ва дигар намуди маҳсулоти қаннодӣ шурӯъ кунанд.
Бо ҳамин тартиб, онҳо бизнес-нақша сохтанд ва барои амалӣ намудани мақсади худ бо розигии аҳли оила Гулчеҳра Набиева аз Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ қарз гирифт. Вай 2600 сомонии ин маблағро барои харидории тафдон ва дигар таҷҳизоти лозимӣ сарф намуда, 600 сомонии боқимондаро ба бонк баргардонид.
Гулчеҳра бо кумаки модаршӯяш аз бозори марказии ноҳия «Баҳор» 1,5 метр ҷойро ба иҷора гирифт. Барои расман пеш бурдани фаъолияти соҳибкориаш худро дар мақомоти андоз ба қайд гирифта, соҳиби патент низ шуд.
- Роҳбари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд, ки рушди бемайлони соҳибкориву бахши хусусӣ бояд ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат густариш бахшида шавад, - мегӯяд Гулчеҳра Набиева. - Бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, дар навбати худ, барои ташаккули табақаи миёна заминаи мусоид фароҳам оварда, дар маҷмӯъ, тараққиёти босуботи иқтисоди кишварро таъмин менамояд. Бо меҳнати софдилонаи худ мо низ мекӯшем, ки дар баробари беҳтар намудани шароити зисти худ, инчунин дар пешрафти иқтисодиёти мамлакатамон саҳмгузор бошем.
Ҳамакнун Гулчеҳра ва Заррина бо пешниҳоди 10 намуди маҳсулоти қаннодӣ ба мизоҷон дар бозори марказии ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба соҳибкорӣ машғул мебошанд. Ширинӣ ва кулчақандҳои омоданамудаи онҳоро мардум асосан барои тӯю маъракаҳо ва дастовезҳояшон мехаранд. Ба гуфтаи Гулчеҳра, савдояшон “хеле гарм” буда, аз ҳисоби фоидаи беш аз нақша бадастомада маблағи қарзи бонкиро пеш аз муҳлат супурданд.
Гулчеҳра ва Заррина мехоҳанд дар оянда доираи фаъолияташонро фарохтар намуда, бо даст додани имконият ва якчанд бонуи дигарро ба кор ҷалб намоянд.
Тазаккур бояд дод, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон беш аз 138 ҳазор нафар буда, сарварии 20 ҳазору 500 хоҷагии деҳқониро занон ба уҳда доранд. Бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул шудааст. Дар ин асос, тибқи маълумоти расмӣ, тайи се сол тавассути сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қариб ба 6000 нафар занон дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ пардохта шудааст.
Барои духтарону занони хонанишин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои касбомӯзӣ ташкил шуда истодаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои таълими калонсолон беш аз 21 ҳазор нафар ба омӯзиши ҳунарҳои дастӣ ва корҳои хонагӣ машғул буда, касби барояшон мувофиқро аз худ карда истодаанд.
Бо вуҷуди ин, тавре ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба ифтихори Рӯзи модар 7 марти соли 2017 таъкид намуданд, қисми зиёди занону духтарон ҳоло ҳам соҳиби касбу кор ва шуғли муайян набуда, ба захираҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва моддӣ кам дастрасӣ доранд. “Барои ислоҳи чунин вазъият моро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии кадбонуҳо ва модарону хоҳарон тадбирҳои иловагӣ андешем, дар маҳалҳо соҳибкории хонаводагӣ ва соҳибкоронеро, ки дар ин самт фаъолият доранд, дастгирӣ карда, ҷалби духтарону бонувонро ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла ҳунарҳои дастӣ ва дигар навъҳои косибӣ ҳарчи бештар вусъат диҳем”, - қайд доштанд Пешвои миллат.
Таъкиди Сарвари мамлакат барҳақ аст, ки занону бонувони соҳиби касбу ҳунар ҳамеша рӯзгори ободу осуда доранд, ба қадри заҳмати мардон бештар мерасанд ва худашон низ ҳеҷ гоҳ хору муҳтоҷ намешаванд.
Дар ҳақиқат, ҳунар як рукни фарҳанги миллӣ аст. Ҳунарро беҳуда «чашмаи зоянда ва давлати поянда» нагуфтаанд. Ҳар шахсе, ки чун қаҳрамонони матлаби мо Гулчеҳра ва Заррина – бонувони соҳибирода ва ҷасур - агар ҳунар дорад, метавонад муаррифӣ кунад, онро сайқал диҳад, эҷодкорӣ намояд. Яқинан, кораш дар фурсати кӯтоҳ рушд карда, ҳатман пирӯзу комгор хоҳад шуд.
Ҳангомаи ИСМАТ