АЗ ВНМО (ВИЧ) ТО БПНМ (СПИД)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 145
![]()
Яке аз масъалаҳо муҳим ва ташвишовари ҷомеаи имрӯз ва махсусан соҳаҳои тандурустии ҷаҳон ин ВНМО ё ба қавле ВИЧ ба шумор меравад. Бо вуҷуди пешрафтҳои илмӣ тиб, то имрӯз ВНМО ҳамчунон таҳдиди ҷиддӣ ба саломатии ҷомеа буда, зарурати баланд бардоштани огоҳии мардум, пешгирӣ ва муолиҷаро талаб мекунад.
Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) барангезандаи бемории хусусияти музминдошта мебошад, ки пас аз ворид шудан ба организм пеш аз ҳама ба ҳуҷайраҳои муҳофизатии бадан, махсусан ба ҳуҷайраҳои CD4 (яке аз муҳимтарин ҷузъҳои системаи масунияти инсонанд) осеб мерасонад. БПНМ ё ба қавли дигар СПИД бошад, марҳилаи охирини сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошад ва бо мурури вақт ҳуҷайраҳои масуният, махсусан лимфоситҳои CD4-ро нобуд сохта, имунитети баданро заиф менамояд, ки дар натиҷа имкони мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва варамҳоро аз даст медиҳад.
ВНМО пас аз сироятёбӣ дар бадан солҳои зиёд ноаён мемонад ва танҳо тавассути ташхиси махсуси хун ошкор карда мешавад. Мавҷудияти вирусро аз рӯи аломатҳои зоҳирӣ ташхис кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин, ташхиси лабораторӣ ягона роҳи боэътимоди муайян кардани сироятёбист.
Дар вилояти Хатлон айни ҳол 26 маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО фаъолият мекунанд.
Танҳо дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 283 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 179 нафар мардон (63,2 фоиз) ва 104 нафар занон (36,8 фоиз) мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 254 нафар ё 89,7 фоизи ҳолатҳо бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд.
Тибқи иттилои мутахасисон хизматрасониҳои тиббӣ барои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ройгон буда, доруҳои зиддиретровирусӣ дар Тоҷикистон пурра дастрасанд ва онҳо аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушд ройгон дастрас карда мешаванд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...