ДАНҒАРА. БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 117
![]()
Санаи 29 ноябри соли 2025 дар шоҳроҳи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид, ки бо ширкати варзишгарони минтақаҳои гуногуни кишвар дар сатҳи баланд анҷом ёфт.
Чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи велосипедронӣ, дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара ташкил карда шуд. Дар рафти мусобиқа маросими ифтитоҳ низ доир гардида, масъулони соҳа дар бораи аҳамияти рушди велосипедронӣ баён намуданд.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Гулаҳмадзода Аҳмад, раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин, раиси Федератсияи велосипедронӣ Озодхон Давлатшоев ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ карданд.
Масъулон зикр намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ ба ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тақвияти тарбияи ҷисмонӣ, боло бурдани шавқу ҳавасмандии ҷавонон ба варзиш ва муайянсозии варзишгарони боистеъдод мусоидат мекунад. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди инфрасохтори варзишӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон ва оммавӣ гардонидани намудҳои гуногуни варзиш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Дар мусобиқа дастаҳо аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, инчунин дӯстдорони ин навъи варзиш аз ноҳияи Данғара иштирок намуда, маҳорати худро дар ин намуди варзиш санҷиданд. Мусобиқа бо рӯҳияи баланди рақобат, ҳавасмандӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон баргузор гардид.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Чорабинии мазкур барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни ҷавонон, инчунин густариши велосипедронӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ заминаи муҳим гузошт.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00