Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бунёди 6 ҳазор иншооти ҷашнӣ


Бунёди 6 ҳазор иншооти ҷашнӣ




Ба истиқболи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмону азнавсозии 6260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда,  то имрӯз наздик ба 6 ҳазор иншоот бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки вилояти Хатлон дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Танҳо дар солҳои охир садҳо иншооти саноатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуда, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам омадааст. Ташаббусҳои бунёдкорӣ ҷиҳати бунёди иншооти соҳаи иҷтимоӣ,  бахусус  муассисаҳои  таълимӣ,  томактабӣ,  марказҳои  саломатӣ  ва бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар ҳар як шаҳру ноҳия ва деҳаву маҳаллаҳои дурдаст низ идома дошта, сокинони вилоят, бахусус соҳибкорони ташаббускор ба ин васила дар ободии ватан ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд.



http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода