Асабоният ва роҳҳои пешгирии он
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 301
![]()
Асабоният ҳолати равониест, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои гуногуни дохилию беруна ба вуҷуд меояд. Ин эҳсоси равонӣ ва ҷисмонӣ нисбат ба вазъиятҳое мебоша, ки боиси нофаҳмӣ, нокомӣ, беадолатӣ, фишори равонӣ ё изтироб мегарданд. Дар зиндагии ҳаррӯза инсон бо чунин ҳолатҳо дучор мешавад ва маҳз ҳамин вазъиятҳо сабаби барангехтани эҳсоси асабоният мегарданд.
Бо вуҷуди ин, вақте асабоният аз ҳад зиёд мегардад ё шахс онро идора карда наметавонад, ба саломатӣ ва муносибатҳои иҷтимоии ӯ таъсири манфӣ мерасонад.
Асабонияти шадид метавонад боиси баланд шудани фишори хун, нооромии дил, хастагии равонӣ, бемориҳои музмин ва ҳатто коста гардидани муносибатҳои оилавӣ, баҳсу нофаҳмиҳо ва хусумат миёни одамон гардад. Дар ин хусус мусоҳибае доштем, бо дотсенти кафедраи психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав Сафаралӣ РАҲИМОВ, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем.
- Асабоният дар ҳаёти инсон чӣ таъсир гузошта метавонад?
- Аз нуқтаи назари илмӣ, асабоният як ҳолати равонию ҷисмонӣ мебошад, ки дар натиҷаи эҳсоси таҳдид, ноумедӣ ё норозигӣ ба вуҷуд меояд. Агар инсон натавонад асабонияти худро идора кунад, он метавонад ба хашм, муноқиша, рафторҳои зӯроварона ва стресс оварда расонад, ки дар ниҳоят ба ҳаёти шахсӣ, саломатӣ ва муносибатҳои иҷтимоии ӯ таъсири манфӣ мерасонад.
Аз дидгоҳи равоншиносӣ, эҳсосот, аз ҷумла асабоният ҷузъи муҳими фаъолияти равонии инсон ба ҳисоб мераванд. Онҳо ба рафтор, қарорқабулкунӣ ва тарзи муносибат бо дигарон таъсири мустақим доранд. Идоракунии дурусти эҳсосот, аз ҷумла асабоният, барои ҳаёти солим, муоширати созанда ва рушди шахсӣ нақши калон мебозад.
- Сабабҳо ва омилҳои пайдоиши асабоният аз дидгоҳи равоншиносӣ чист?
- Назарҳои олимон дар ин бора гуногунанд. Ҳанӯз дар асриIV пеш аз милод духтури машҳури Юнони қадим Гиппократ чор гурӯҳи мизоҷи одамонро(холерик, сангвиник, флегматик, меланхолик) муайян намуда буд. Ӯ бар ин назар буд, ки ҳамаи одамон аз рӯи мизоҷ(яъне табъи равонӣ ва ҷисмонӣ) ба ин чор гурӯҳ ҷудо мешаванд. Маҳз фарқият дар мизоҷ боис мегардад, ки одамон дар ҳолатҳои гуногун ба таври мухталиф вокуниш нишон диҳанд, аз ҷумла дар ҳолати асабоният.
Холерикҳо - одамони пурэнергия, серҳаракат ва босуръат дар гуфтору рафтор мебошанд. Онҳо эҳсосоти баланд доранд ва зуд ба ҷаҳл меоянд, зеро системаи асабии онҳо фаъол ва ҳассос аст. Аз ин рӯ, холерикҳо бештар аз дигарон ба ҳолати асабоният гирифтор мешаванд.
Сангвиникҳо- шахсони зиндадил, некбин ва кушодадиланд. Онҳо эҳсосоти худро хуб назорат мекунанд, зуд асабонӣ намешаванд ва дар муҳити иҷтимоӣ муносибатҳои хуб доранд.
Флегматикҳо- одамони ором, ботамкин ва боэҳтиёту сабур мебошанд. Онҳо ҳар амалро пешакӣ меандешанд ва хеле кам ба ҳолати асабоният дучор мешаванд.
Меланхоликҳо- шахсони ботинӣ ва ҳассосанд, ки танҳоиро бештар дӯст медоранд ва аз муҳитҳои пуродам канораҷӯӣ мекунанд. Онҳо эҳсосоти амиқ доранд, вале онро зоҳир намесозанд. Дар ҳолати ноумедӣ ё фишори равонӣ зуд ба стресс ё дистресс гирифтор мешаванд.
- То чӣ андоза донистани мизоҷ ба шахс имкон медиҳад, то аз асабоният дур бошад?
- Дар маҷмӯъ, таҳқиқоти муосири равоншиносӣ исбот мекунад, ки асабоният ва дигар ҳолатҳои эҳсосӣ ба хусусиятҳои мизоҷ ва фаъолияти системаи асаб вобастаанд. Фаҳмидани мизоҷи худ ва дигарон барои нигоҳ доштани муҳити ором ва муносибатҳои нек аҳамияти калон дорад.
Ҳар як мизоҷ новобаста аз он ки холерик, сангвиник, флегматик ё меланхолик бошад, дар муносибат ва иҷрои кор нақши хосса мебозад. Агар шахс аз қонунҳои психологияи сину сол ва равоншиносии умумӣ огоҳ бошад, метавонад муносибати дурустро бо дигарон интихоб намояд ва аз нофаҳмиҳо пешгирӣ кунад.
Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва касбӣ, идоракунии дурусти хислатҳои равонӣ ба муваффақият мусо-идат мекунад. Масалан, омӯзгор бояд бидонад, ки хонандааш чӣ гуна мизоҷ дорад, зудранҷ аст ё ором, фаъол аст ё камгуфтор. Агар муаллим бо ин нозукиҳо ошно бошад, метавонад бо ҳар як шогирд муносибати инфиродӣ ба роҳ монад ва аз муноқиша дар синф пешгирӣ кунад. Аз ҳамин сабаб мегӯянд: «Ҳамаи одамонро бо як тарз муносибат кардан хатост».
Тибқи таҳқиқоти илмӣ, ҳангоми асабонӣ шудан садҳо нейрони системаи асаб осеб мебинанд ва мутаассифона, онҳо дигар барқарор намегарданд. Аз ин рӯ, назорати эҳсосот ва пешгирии асабоният барои ҳифзи саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ бисёр муҳим аст.
- Баҳри рафъ намудани асабоният чӣ тавсия медиҳед?
- Равоншиносон бар ин назаранд, ки барои нигоҳ доштани оромии равонӣ, шахс бояд дар ҳаёти худ низому тартиби муайян дошта бошад.
Яке аз роҳҳои муассир ин доштани нақшаи рӯзона мебошад. Агар шахс корҳои худро пешакӣ ба нақша гирад ва онҳоро пайдарпай анҷом диҳад, эҳсоси фишори вақт ва изтироб коҳиш меёбад.
Вақте инсон ба коре даст мезанад, ки аз уҳдааш намебарояд, ё масъулиятеро ба зимма мегирад, ки бо қобилияту таҷрибаи ӯ мувофиқат надорад, ногузир ба изтироб ва асабоният гирифтор мешавад. Аз ҳамин сабаб равоншиносон тавсия медиҳанд, ки шахс танҳо ба он корҳо машғул шавад, ки воқеан аз уҳдааш мебарояд.
Ба ғайр аз ин, равоншиносон як қатор тавсияҳои амалӣ барои рафъ ва пешгирии асабоният пешниҳод менамоянд:
Нафаси чуқур гиред ва оҳиста хориҷ намоед. Ин амалро чанд маротиба анҷом диҳед, зеро ба паст шудани фишори асаб кӯмак мекунад. Агар вазъият ё шахсе боиси асабонӣ шудани шумо гардад, беҳтар аст, барои муддате аз он дур шавед, то эҳсосотатон ором шавад.
Мубодилаи фикр бо дӯстон ё наздикон ба шумо кӯмак мекунад, ки эҳсосотатонро сабуктар гардонед.
Ба варзиш машғул шавед, чунки машқҳои ҷисмонӣ сатҳи гормонҳои стрессро коҳиш медиҳанд ва фаъолияти системаи асабро муътадил месозанд. Ба мусиқиҳои ором гӯш диҳед ва нафаси амиқ бикашед, ин ба системаи асаб таъсири мусбат дорад.
Ғизои солим истеъмол намоед ва хуб хоб кунед, зеро камхобӣ ва ғизои носолим сабаби суст шудани фаъолияти асаб мегарданд ва эҳсоси асабониятро зиёд мекунанд.
Шахсе, ки ба кори худ дилбастагӣ надорад, зуд хаста мешавад ва муҳити нохуш ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, интихоби дурусти касб ва иҷрои масъулият бо дилгармӣ яке аз роҳҳои муҳимтарини ҳифзи оромии равонӣ аст.
Дар маҷмӯъ, идора кардани асабоният нишонаи зиракии зеҳнӣ ва камолоти шахсӣ мебошад. Шахсе, ки эҳсосоти худро таҳти назорат мегирад, на танҳо оромиву саломатии худро нигоҳ медорад, балки муҳити атрофро низ аз низоъ ва нофаҳмӣ эмин месозад.
Барои нигоҳ доштани тавозуни рӯҳӣ ва пешгирии асабоният, инсон бояд дидгоҳи мусбат дошта бошад.
Мусбатандешӣ ва“нури умедро дидан” ба паст шудани фишори равонӣ мусоидат мекунад. Хубиро дар дигарон дидан ва онҳоро дастгирӣ намудан муҳити ором ва солим эҷод менамояд. Баръакс, интиқодҳои доимӣ ва фишори равонӣ нисбат ба дигарон танҳо эҳсоси асабоният ва нофаҳмиро зиёд месозанд.
Мунавваршои ЗАФАР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...