Эмкунӣ (ваксина) кай пайдо шуд ва он чӣ аҳамият дорад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 044
Соли 1796 духтури англис Эдвард Ҷеннер аввалин шуда эмкуниро ҷорӣ намуд. Мизоҷи ӯ ҷавони ба бемории гузарандаи нағзак гирифторшуда буд. Ҷеннер муайян намуд, ки агар ба организми инсон вируси бемории муайяни дар говҳо мушоҳидашаванда ворид карда шавад, он гоҳ инсон аз бемории нағзак наҷот меёбад. Ин ихтирои худро ӯ ваксина номид, ки дар забони лотинӣ маънояш “гов” аст.
Пас аз ин ҳамаи доруворие, ки нисбат ба ин ё он беморӣ сироятпазиранд, ваксина номида мешуданд. Муҳимияти эмкунӣ (ваксина) дар он аст, ки ба воситаи сӯзандору ба хуни инсон барангезандаҳои бемориро ворид менамоянд, вале онҳо коркард шуда, дар ҳаҷми ниҳоят кам мебошанд, бинобар ин, дар организм хуруҷ намекунанд. Чунин сӯзандору эмкунӣ номида мешавад.
Вақте ин вирусҳо ба организм ворид мешаванд, организм моддаҳоеро ба вуҷуд меорад, ки бар зидди он беморӣ мубориза бурда, онро нобуд мекунанд. Аз ин рӯ, агар дар оянда вирусҳои бемориҳои сироятӣ ба организм ворид шаванд, организм аллакай худро муҳофизат карда метавонад ва инсон ба ин бемориҳо гирифтор намешавад.
Таҳияи Набӣ САИД, “Хатлон”