Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Довталабон аз Хатлон чаро онҳо имсол фаъол набуданд?


Довталабон аз Хатлон чаро онҳо имсол фаъол набуданд?



Довталабон аз вилояти Хатлон дар ягон номинатсияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷойи якумро аз худ карда натавонистанд. Танҳо 10 нафари иштирокдорон ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карданду халос. Суоли матраҳи мо ин аст, ки чаро вилояти Хатлон, ки ҳам аз ҷиҳати масоҳат калон асту ҳам аз ҳисоби аҳолӣ, дар озмуни мазкур ҳамагӣ соҳиби 10 ҷой гардид? Ё довталабон бе тайёрӣ ба озмун роҳ ёфтанд? Сабабу омилҳои нокомии аксари иштирокчиёни озмун аз Хатлон дар чист? Оё довталабоне, ки аз вилояти Хатлон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, арзанда набуданд?

Тибқи иттилои маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар, соли 2020 аз вилояти Хатлон 20 нафар довталаб ба гирифтани ҷойҳои 1, 2, 3 мушарраф гардида буданд. Аммо, бо гузашти на он қадар вақти зиёд шумораи ғолибон ба ҷойи афзоиш, якбора коҳиш ёфт. Чунин сатҳи поёнравӣ хатлониёнро дар тааҷҷуб гузошт. Зеро аз рӯйи маълумоту ҳисоботҳо раванди омодагии довталабон таҳти назорат ва дастгирии махсус қарор дошт.

ОЁ ҲАВАСМАНДӢ КАМ АСТ?

- Масъулин ба ҷойи мусоидат интизор мешаванд, ки кай довталабон дар озмун иштирок карда, ғолибиятро ба даст меоранд, то ин ки онҳо бо ҳашамат ғолибонро қадрдонӣ намоянд. Масалан, соли гузашта раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супориш дода буданд, ки ҳар нафари ба даври ҷумҳуриявӣ роҳёфта дар сатҳи маҳал ҳавасманд карда шавад. Аммо, чунин иқдом дар шаҳру ноҳияҳо дер давом накард,- бо нигаронии ҷиддӣ изҳор дошт сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафармуҳаммад Алимардонов. Худи раиси вилоят ба ҷоизадорони даври ҷумҳуриявӣ мукофотпулии иловагӣ дар ҳаҷми то 7 ҳазор сомонӣ доданд.

Аммо нафарони дахлдори баъзе шаҳру ноҳияҳо, ки дар гузаронидану ҳавасмандгардонии довталабони озмунҳо масъуланд, чаро бо Ифтихорномаву Сипоснома ё ақаллан 500 сомонӣ қадрдонӣ намекунанд? Чунин муносибат ба насли китобхон, албатта (шукр, чанд соли охир мардум рӯ ба китоб овардаанд) шубҳае меорад. Бояд дар хотир дошта бошем, ҳар қадаре, ки ҳавасмандгардонӣ зиёд шуд, ҳамон қадар шавқмандон (мутаассифона, имрӯз чунин шудааст) бештар мегардад. Пас, зарур аст, ки баҳри саводнокии ҷомеа чораҳои муассири мотиватсионӣ андешид.

ДАРИ БАСТАИ КИТОБХОНАҲО

Мушкилоти дигаре, ки дар мактабҳои миёна ва олии касбӣ ба мушоҳида мерасад, ин аз хонанда талаб накардани ҷиҳози таълим, китоб ва дониш мебошад. Аз нуқтаи назари дигар нигарем, хонандаи имрӯза, то агар омӯзгор бо ҷиддияти сахт бархӯрд накунад, на ба дарс омода мешаваду на китоб мутолиа мекунад. Як хонандаи мактаби №10-и шаҳри Бохтар (нахост номаш зикр гардад) дар суҳбат бо мо гуфт: “Аксар вақт дари китобхона қуфл аст.

Корманди китобхона соати дарсӣ дорад. Агар дарсаш оғоз гардад, дари китобхонаро маҳкам мекунад. Ин ба хайр. Дар баробари ин, дар мактаб ҳеҷ кас намепурсад, ки оё китоб хондед ё не. Омӯзгорон танҳо маблағи китобҳои додаашонро талаб мекунанду халос”. Ба андешаи ин хонанда, бояд омӯзгорон талабаҳоро чунон ба китобхонӣ шавқманд кунанд, ки худи онҳо пас аз дарс ба китобхона рафта китобҳои тавсияшударо мутолиа намоянд. Ё, ба қавле, пеши роҳи онҳоро аз “ломка”-шавии Интернет гиранд. Ташкилу баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хуб аст.

Аммо боз ҳам хубтар мешуд, агар дар ин баробар мақомотҳои маҳаллӣ озмунҳои “Китобхонаи беҳтарин”, “Беҳтарин китобхонаи хусусӣ”, “Беҳтарин бунёдкунандаи китобхона” ва ба ин монандро ба роҳ мемонданд. Мушоҳида мешавад, ки аксар китобхонаҳои шаҳру навоҳӣ ва мактабҳои миёна дар ҳолати на он қадар фаъол қарор дошта, довталабони озмунҳо китобҳои заруриро аз он ҷо дастрас карда наметавонанд. Ё пайдо кунанд ҳам, онҳоро ба иҷора намедиҳанд.

“НОФАҲМӢ”-ҲОИ ҲАКАМОН ОШКОР ШУД

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҷомеаи шаҳрвандӣ аз камбудиву ноадолатиҳои даври ҷумҳуриявии озмун гиламанд шуда, бархе аз ношаффоф будан ва бархеи дигар аз камбудиҳои ҷойдошта дар озмуни мазкур норозигӣ баён доштанд. Аз ҷумла, шоири хатлонӣ Озар Салим бардошти худро дар саҳифаи фейсбукии худ нашр кард ва хостори ба назар гирифтани синну соли иштирокдорон дар номинатсияи назму наср шуд. Аммо мавсуф ҳайрон аст, ки оё пешниҳоди ӯ ба назар гирифта мешавад ё не? -Дар вақти гузаронидани даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳакамони озмун аз вилояти Хатлон на он қадар ҳамраъй буданд. Аммо дар даври ҷумҳуриявӣ ин чиз баръало эҳсос мешавад. Фикр мекунам, ки бояд сараввал миёни ҳакамон ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад,-гуфт Озар Салим.

Сафармуҳаммад Алимардонов таъкид дошт: “Аъзои ҳакамон набояд дар зери фишори намояндаҳои ҷумҳурӣ қарор бигиранд. Дар чунин сурат ҳакамон наметавонанд ба довталаби воқеиву соҳибилм баҳои арзанда диҳанд. Шояд дар ин миён чанд ҷавони воқеан ҳам арзандаи озмун аз назар дур монду мо дар ин ҷо ҳадс мезанем, ки арзандаҳо кам буд. Дар ҳоле, ки ҳакамони даври вилоятиро худи онҳо интихоб мекунанд, чаро ба онҳо боварӣ надоранд? Мебояд бе ягон мудохила худи ҳакамон озмунро хулосабарорӣ кунанд”. -Чанд рӯзе, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон будам ва бевосита рафти озмунро медидам, шаффофият дар он мушоҳида мешуд. Ҳакамон ҳар як нафарро 50 дақиқа ё бештар аз як соат мепурсиданд, ки ин далели ҷиддӣ санҷидани довталаб ва дарёфти китобхон мебошад. Ҳар як довталаб аз санҷиши ҷиддии ҳакамон мегузашт, - қайд кард ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур Лоиқ Собиров.

“НАЁФТАМ” ГУФТАНИ КИТОБ БАҲОНА ШУДА НАМЕТАВОНАД

Фарида Баротова, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав, бар он андеша аст, ки худи мардум дар вуҷуди хеш завқи китобхониро бедор созанд. Дар шароити имрӯза ягон нафарро маҷбуран ба коре ҷалб карда намешавад. Ба гуфтаи ӯ нафароне, ки “дар китобхонаҳо китоб нест”- мегӯянд, ин як баҳонаи маҳз аст ва як роҳи худфиребист. Кас агар дар дил завқи китобхонӣ дошта бошад, бо ҳар роҳе китоб меёбаду мехонад. -Шахсан ман китобҳое, ки аз китобхона намеёбам, дар интернет ҷустуҷӯ мекунам.

Хушбахтона, имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои махсуси китоб мавҷуд аст. Як пешниҳоди ҷолиб доштам. Дар боғу гулгаштҳо китобхонаҳои сарироҳӣ ташкил карда шавад. Фикр мекунам, ба ин васила ҷомеаи мо китобхону китобдӯстдор мешаванд. Аммо пеш аз он ки ин корро кунем, бояд маданияти истифодаи онро риоя кард. Яъне ҳар нафаре, ки китобро мутолиа кард, бозпас ба ҷояш гузорад, то нафари дигар онро гирифта мутолиа кунад,-афзуд Фарида Баротова.

Агар, мушкилоти асосӣ мавҷуд набудани китобҳои калидӣ бошад, чаро масъулини дахлдор китобхонаҳои электронӣ ташкил намекунанд? Бо як китобхонаи электронии донишгоҳу китобхонаи оммавии ба номи Ш.Шоҳин қонеъ шудан магар дуруст аст? Ташкил кардани китобхонаҳои электронӣ дар мактабҳо ҳам ба нафъи омӯзгору ҳам ба нафъи хонандагон аст.

Бо ин роҳ метавон ноёбтарин китобҳои адибони классику муосири дохилу хориҷро дастраси аҳли китоб кард. Ба қавли аъзои ҳакамони озмун дар вилояти Хатлон Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” аз вилояти Хатлон, ки аҳолиаш аз 3 миллион бештар аст, танҳо 5 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда мешавад. Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам, ки аҳолиаш на зиёда аз 250 000 аст, 5 нафар. Аз вилояти Суғд ҳам, ки зиёда аз 2,6 миллион нуфуз дорад, 5 нафар. -Адолат куҷост? Гапро ба тарафи дигар бурдан лозим нест.

Ҳаминро пешниҳод карданиям, ки аз ҳар 250 000 аҳолӣ 5 нафар аз номинатсияҳо ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод гарданд. Агар вилоят 2 миллион аҳолӣ дошта бошад, пас, бояд 40 нафар ба даври ниҳоӣ аз ҳар номинатсия роҳхат ёбад. Мо дар вилояти Хатлон зиёда аз 50 довталаби беҳтарин дарёфтем, ки хеле хуб баромад карданд ва бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуданд. Аммо аз ин 50 нафар танҳо бояд 5 нафар пешниҳод гардад,-дар суҳбат бо мо гуфт Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ.

ЯК МОҲИ ҶУСТУҶӮЙИ КИТОБ ДАР ДУШАНБЕ

Ба назар чунин менамояд, ки аксари масъулине, ки иштирокчиёнро ба озмун омода мекунанд, барои ғолиб омадан дар озмун не, балки барои намоишкорӣ иштирок мекунанд. Оё дар ҳақиқат омӯзгороне, ки роҳнамунсози шогирдон дар озмун ҳастанд, сидқан кор мекунанд? Афзалшо Сироҷиддинов, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, назари хешро оид ба рафти озмун чунин изҳор дошт: “Довталабоне, ки Хатлонро дар ҷумҳурӣ намояндагӣ мекарданд, наметавонем гӯем, ки набуданд. Аммо назар ба иштирокчиёни шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд омодагиашон сусттар буд. Дар ин ҷо омӯзгорон ба саҳлангорӣ роҳ дода, шогирдонашонро хубтар омода накарданд”.

- Аксарияти китобҳое, ки дар низомномаи озмун аст, дар китобхонаҳое, ки дар ҳудуди вилоят ҳастанд, дасрасиашон душвор аст. Аз ин сабаб ман қариб як моҳ дар шаҳри Душанбе хонаеро ба иҷора гирифтам ва ҳар рӯзи худро дар Китобхонаи миллӣ гузарондам. Ин аст яке аз мушкилоти умдаи довталабони хатлонӣ. Китобхонаҳо дуруст фаъолият накунанд, китобҳои дар низомномаи озмунбуда дарёфт карда нашавад, пас чӣ гуна интизор шавем, ки бисёриҳо ғолиб меоянд?,-бо нигаронӣ гуфт Афзалшо Сироҷиддинов.

ОХИРСУХАН, Ё “МО ОДАМ НАМЕШАВЕМ!”

Ин ҷо гап сари гунаҳкор кардани касе нест. Мақсад ин аст, ки ба худфиребиву “тағабозӣ” дода нашавем. Барои ҳамин ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин озмунҳоро роҳандозӣ намуданд, то фикрамон машғули кори беҳуда набошад. Худ қазоват кунед, аз зеҳни заиф нобиға аз куҷо пайдо мегардад? Чуноне мегӯянд: “Фалсафаи қашшоқ идеяи бузург тавлид карда наметавонад”. Маълум мешавад, ки тафаккури мо маҳдуд аст. Зеро дар ҳама кор як камбудӣ, ноадолатӣ, беэҳтиромӣ нисбати дастуру супоришҳое, ки ба нафъи ҷомеа аст, зоҳир мегардад.

Тавре Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ изҳор медорад: “Чанде аз иштирокчиёнро дидем, ки аз даври шаҳрӣ ва ноҳиявӣ нагузашта буданд, аммо дар даври вилоятӣ “бо сари баланд” ширкат варзиданд. Падару модарони гиромӣ! Фарзандонро чунин тарбия накунед! Ба фарзандон роҳи дурӯғу «тағобозӣ»-ро нишон надиҳед! Фардо бо чунин тарбия аз гиребони шумо мегиранд! Агар кӯдаконамонро дар чунин рӯҳия тарбия кунем, гуфти Азиз Несин, “Мо одам намешавем!”

Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода