Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР ФОРУМИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ-2025» НАЗДИК БА 30 ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ИМЗО ШУД


ДАР ФОРУМИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ-2025» НАЗДИК БА 30 ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ИМЗО ШУД




Кори Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» нимаи дуюми имрӯз дар се панел идома кард.

Дар панели якум «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир» Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба механизмҳои ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ маърӯза кард.

Ашӯрбой Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва рақамикунониро дар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ муаррифӣ намуд. Намояндаи Бонки Арупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармоягузориҳои ин бонк, Маҳмудзода Кароматулло, муовини директори МД “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, доир ба пешбурди лоиҳаҳои инфрасохторӣ бо истифода аз механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва Холматиён Рустам, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ суханронӣ карданд.

Дар панели дуюм «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ», ки кори онро Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, гардонандагӣ мекард, намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон ва КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» баромадҳо карданд. Онҳо доир ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ барои сармоягузорон дар сатҳи вилоят, брендинг ва рақамикунии содирот: “Made in Khatlon”, таъсис ва таблиғи брендҳои ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, имкониятҳо барои рушди соҳибкорӣ тавассути рақамисозӣ, шаклҳои муосири сармоягузорӣ, механизм ва имкониятҳои маблағгузории Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдии роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар ва дигар масъалаҳои муҳими самти рақамикунонӣ андешаҳо баён карданд.

Дар панели сеюм «Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, перомуни ташкили кластерҳои агроиндустриалӣ ва коркарди маҳсулот дар вилояти Хатлон, тақвияти корхонаҳои бастубандӣ, яхдонҳо ва коркарди сабзавоту мева, Абдуғаффор Ҷамолзода, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба иқтидори содиротии мамлакат, Заррина Абдумаинзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, дар мавзуи «Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - омили пешрафти соҳибкории занон» ва Исфандиёри Абдулло, роҳбари Фонди соҳибкорӣ ва рушд, доир ба таҷрибаи Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд” ба аҳли нишаст маълумот доданд.

Пас аз муҳокимарониҳо дар панелҳо, силсилаи мулоқотҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ дар формати В2В баргузор гардид.

Дар натиҷаи мулоқоту тавофуқи ҳосилшуда миёни доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ наздик ба 30 ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, маблағи умумии лоиҳаҳои тасвибшуда зиёда аз 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» фардо, 12 ноябр, иштирокчиён аз корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, инчунин Фестивали анор дар шаҳри Норак боздид хоҳанд кард.

Носирҷон Маъмурзода,
РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода