14 СОҲИБКОРЗАН СОҲИБИ ГРАНТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» имрӯз 14 нафар соҳибкорзани вилояти Хатлон бо гранти Раиси вилоят барои соли 2025 сарфароз гардиданд. Ҳаҷми умумии грантҳои дарёфтшуда 245 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Грантҳои раиси вилоят барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар соҳаҳо пешбинӣ гардидаанд.
Тавре ки ба рӯзномаи «Хатлон» аз Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, грантҳо бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар самтҳои кишоварзӣ, истеҳсолот, дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ тибқи қарори раиси вилоят аз 25 апрели соли 2025, №95 «Дар бораи таъсис додани гранти раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон» тақдим гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ки дар маросими тантанавии супоридани грантҳо иштирок дошт, гуфт:
«Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкории занон аҳамияти махсус медиҳад. Мо ифтихор дорем, ки дар Хатлон садҳо зани ташаббускор имрӯз ба эҷоди ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва густариши фаъолияти иқтисодии вилоят саҳм мегузоранд».
Вай афзуд, ки дастгирии молиявӣ дар шакли грантҳои раиси вилоят имкон медиҳад, ки занони соҳибкор фаъолияти худро тавсеа дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди устувори иқтисодӣ саҳми бештар гузоранд.
Айни замон дар вилояти Хатлон зиёда аз 30 ҳазор зан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ки аз онҳо тақрибан 20 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои 2024-2025 дар доираи дастгирии ташаббуси таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба 44 нафар занони соҳибкор грантҳои раиси вилоят супорида шудаанд, ки ба рушди бахшҳои кишоварзӣ ва ҳунармандӣ равона гардидаанд.