ФЕСТИВАЛИ «АНОР» ДАР ШАҲРИ НОРАК: ҶАШНИ МЕВАИ ШИРИН ВА РАМЗИ ФАРОВОНӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 12 ноябр, дар шаҳри Норак Фестивали «Анор» баргузор гардид, ки дар он хоҷагиҳои анорпарвар аз шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни ин меваи серғизо ва шифобахшро ба намоиш гузоштанд.
Дар чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, инчунин меҳмонони Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз намоишгоҳи фестивал таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои табодули таҷриба миёни боғпарварон, рушди соҳаи мевапарварӣ ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ имконияти хуб фароҳам меорад.
Дар доираи фестивал олимон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба боғпарварон оид ба интихоби навъҳои серҳосил, нигоҳубин ва парвариши босифати ниҳол тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.
Тибқи омори расмӣ, дар кишвар 2722 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз ин 1359 гектар ҳосилдеҳ мебошанд. То аввали моҳи октябри соли ҷорӣ боғпарварони мамлакат 4917 тонна анор ҷамъоварӣ намудаанд.
Дар Тоҷикистон айни ҳол панҷ навъи асосии анор парвариш меёбад. Яке аз бузургтарин анорбоғҳои вилояти Хатлон дар Ҷамоати деҳоти «Пули Сангин»-и шаҳри Норак, маҳаллаи Дӯстӣ, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст. Ба гуфтаи роҳбари хоҷагӣ Алишод Асоев, масоҳати умумии он 174 гектарро ташкил дода, дар 124 гектари он ниҳолҳои анор парвариш меёбанд. Ҳар сол аз ин боғ то 60 тонна анор ҷамъоварӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи мутахассисон, анор аз қанд, витамини С ва моддаҳои минералӣ бой буда, дорои калтсий, калий, марган ва натрий мебошад. Шарбати анор, ки то 60 дарсад аз ҳаҷми меваро ташкил медиҳад, барои табобати камхунӣ, касалиҳои меъда ва барқарорсозии қувваи инсон хеле муфид аст.
Фестивали «Анор» дар шаҳри Норак ба як ҷашни зебои анорпарварон, нишони меҳнати созанда ва рамзи фаровонӣ табдил ёфт.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00