Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КОНСТИТУТСИЯ -КАФИЛИ ОЗОДИИ СУХАН ВА МАТБУОТ


КОНСТИТУТСИЯ -КАФИЛИ ОЗОДИИ СУХАН ВА МАТБУОТ




Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо иродаи озоди мардуми кишвар қабул гардид, ҳамчун омили асосии таъмини давлатдории миллӣ, ваҳдати сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа нақши таърихӣ гузоштааст. Ин санади муҳими ҳуқуқӣ сохтори сиёсӣ ва иҷтимоии давлатро муайян карда, пояи устувори озодии баён, андеша ва матбуотро гузошт.


Дар  моддаи  30-юми  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муқаррар  шудааст:  «Ба  ҳар  кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешпавад...  Сензураи  давлатӣ  ва таъқиб барои танқид манъ аст».

Ин муқаррароти конститутсионӣ, ки аз руҳи демократияи муосир сарчашма мегирад, баёнгари он аст, ки давлат  ба  озодии  сухан,  дастрасӣ ба  иттилоот  ва  фаъолияти  озоди расонаҳо,  ҳамчун  як  рукни  муҳими ҷомеаи  шаҳрвандӣ,  аҳамияти махсус  медиҳад.  Ҳамин  меъёри конститутсионӣ  заминаи  қонуниву сиёсиро  барои  ташаккули  фазои иттилоотии  муосири  Тоҷикистон  ва фаъолияти  озоди  рӯзноманигорон фароҳам овардааст.

Қобили  зикр  аст,  ки  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар  тамоми  давраи роҳбарии  худ  ба  масъалаи  рушди  воситаҳои  ахбори  омма таваҷҷуҳи  пайваста  зоҳир  намудаанд.  Дар  паёмҳо,  суханрониҳо ва  мулоқотҳояшон  бо  аҳли  қалам ва  зиёиёни  эҷодкор  борҳо  таъкид кардаанд,  ки  матбуот  чашму  гӯши халқ  ва  муҳимтарин  рукни  ҷомеаи мардумсолорӣ  мебошад,  он  бояд “мактаби  андешаи  солим”,  “минбари ҳақгӯиву миллатсозӣ” ва “оянда-сози ҷомеа” бошад.

Дар  асоси  дастуру  ҳидоятҳои Сарвари  давлат  давоми  солҳои соҳибистиқлолӣ  як  қатор  қонунҳо ва  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ  қабул шуданд,  ки  фаъолияти  ВАО  ва рӯзноманигоронро  ба  танзим  медароранд.  Аз  ҷумла,  Қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори  омма»,  «Дар  бораи  иттилоот»,  «Дар  бораи  телевизион ва  радиошунавонӣ»,  «Дар  бораи ҳуқуқи  дастрасӣ  ба  иттилоот», «Дар  бораи  фаъолияти  ноширӣ  ва полиграфӣ», «Дар бораи реклама», Фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  вокуниши шахсони мансабдор ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО» ва дигар санадҳо  ҳамчун  заминаи  ҳуқуқии фаъолияти  озоди  расонаҳо  хизмат мекунанд.

Қонунгузории  миллӣ  барои фаъолияти  журналистон  шароити  мусоид  фароҳам  овардааст. Рӯзноманигорон  ҳуқуқ  доранд  иттилоотро  ҷустуҷӯ,  дастрас,  таҳрир ва  интишор  намоянд,  фаъолияти  мақомоти  давлатӣ,  ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдорро ба таври ошкоро таҳлил кунанд, ақидаи  шахсии  худро  баён  доранд ва  мавқеи  шаҳрвандиро  озодона ифода намоянд.

Тибқи қонун, ҳар шаҳрванди кишвар метавонад иттилоотро талаб ва истифода  кунад,  вале  ҳамзамон уҳдадор  аст,  ки  ба  ҳақиқат,  обрӯи шахс ва суботи ҷомеа эҳтиром гузо-рад. Ин тавозуни ҳуқуқ ва масъулият асоси устувори фарҳанги иттило-отии миллӣ мебошад.

Қонун  инчунин  вазифаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро дар самти таъмини шаффофият ва дастрасӣ ба иттилоот муайян кардааст. Маҳз ҳамин меъёрҳо ба рушди матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма мусоидат намуданд.

Имрӯз дар Тоҷикистон садҳо воситаи  ахбори  чопӣ,  электронӣ  ва интернетӣ  фаъолият  доранд.  Фазои  иттилоотии  миллӣ  пурра  шакл гирифта,  муносибати  созандаи давлат бо расонаҳо эътидоли хуби ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд овардааст.

Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои  рушди  соҳаи  ВАО  шароити  муносиб  фароҳам  овардааст. Аз  ҳисоби  буҷети  давлатӣ  дастги-рии  молиявии  як  зумра  нашрияҳо, шабакаҳои  телевизионӣ  ва  радиоӣ таъмин  мешавад,  расонаҳои хабарӣ  бо  таҷҳизоти  муосири компютерӣ,  воситаҳои  техникии навин,  интернет  ва  дигар  шароити муносиби корӣ таъмин гардидаанд. Дар  вилоятҳо  ва  шаҳру  ноҳияҳо марказҳои  иттилоотӣ,  шабакаҳои телевизион,  радио  ва  нашрияҳои маҳаллӣ фаъолияти муназзам доранд,  ки  ин  хидмати  муҳим  дар таҳкими низоми иттилоотии кишвар ба шумор меравад.

Бо дастгирии давлат имрӯз дар як  қатор  муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ мутахассисони соҳаҳои рӯзноманигорӣ  тарбия  карда  мешаванд.  Аз  ҷумла  дар  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон,  Донишгоҳи славянии  Русия  ва  Тоҷикистон, Донишгоҳи  байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода,  Донишкадаи  давлатии фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ,  Донишгоҳи  давлатии Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ,  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.  Раҳимов,  Донишгоҳи  давлатии Хоруғ  ба  номи  Моёншо  Назаршоев,  Донишгоҳи  давлатии  Данғара аз  рӯйи  ихтисосҳои  гуногуни рӯзноманигорӣ  ва  коммуникатсия ҷавонон  таҳсил  мекунанд.  Солҳои охир  дар  донишгоҳҳо  як  қатор студияҳои  таълимӣ-таҷрибавии журналистӣ  низ  таъсис  ёфтанд,  ки ба  тайёр  кардани  мутахассисони ҷавону  соҳибкасб  мусоидат  менамоянд.  Аз  ҷумла,  дар  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон,  Донишгоҳи давлатии  Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав  ва  дигар  муассисаҳои таҳсилоти  олӣ  марказҳои  амалии расонаӣ  фаъоланд,  ки  таҷрибаи донишҷӯёнро ғанӣ мегардонанд.

Дастгирии доимии Пешвои миллат  дар  самти  рушди  маориф  ва баланд бардоштани сатҳи саводно-кии иттилоотӣ имкон дод, ки журналистикаи тоҷик симои нав бигирад, яъне бештар таҳлилӣ, илмӣ, созан-да ва масъулиятшинос гардад. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби  худ  “Уфуқҳои  Истиқлол”  таъкид  намудаанд:  «Яке аз омилҳои таъмини амнияти иттилоотии кишвар рушди воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ аст, ки фаъолияти иттилоотии  ватаниро  бо  ахбори  шаффоф  ва  беғарази худ  пур  мекунад.  Манфиат  ва  арзишҳои  миллӣ  ва  суботу оромии ҷомеа тақозо менамояд, ки воситаҳои ах-бори  оммаи  ватанӣ...  дар  муборизаи  иттилоотӣ  барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус, амнияти давлатӣ ва ҷомеа хизмат намоянд... Дар шароити нав матбуотро зарур  аст,  ки  бо  назардошти  амнияту  манфиати  давлат  амал  намуда,  дар  рушди  бахшҳои  муҳимми  ҳаёти мардуми  кишварамон  саҳмгузор  бошад,  афкори  созандаи  ҷомеаро  ташаккул  диҳад  ва  баҳри  рушду  пешрафти  давлати  соҳибистиқлоли  Тоҷикистон  заминаи мусоид  фароҳам  орад».  Ин  андеша  барои  насли  нави рӯзноманигорон ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад.

Давлат  барои  танзими  фаъолияти ВАО ва таъмини амнияти иттилоотии миллӣ як низоми қонунгузории мукаммалро роҳандозӣ намудааст. Қабули Стратегияи  миллии  амнияти  иттилоотӣ,  Кон-сепсияи  сиёсати  давлатии  иттилоотӣ ва  дигар  барномаҳои  давлатӣ  имкон дод, ки фаъолияти расонаҳо дар доираи масъулияти  шаҳрвандӣ  ва  манфиатҳои миллӣ сурат гирад.

Ҳамзамон,  қонунгузорӣ  барои  ҳифзи  ҳуқуқи шаҳрвандон  аз  паҳншавии  ахбори  бардурӯғ,  туҳмат ва  хабарҳои  иғвоангез  низ  механизмҳои  самаранок пешбинӣ кардааст. Ҳамин тавозуни ҳуқуқӣ, яъне озодӣ ва  масъулият,  нишонаи  муҳимми  таҳаввули  фикрии ҷомеаи иттилоотии тоҷик мебошад.

Имрӯз  матбуоти  тоҷик  ҳамчун  пояи  муҳими Истиқлоли миллӣ ва ваҳдати ҷомеа фаъолият мекунад. Расонаҳои кишвар бо риояи меъёрҳои касбӣ, арзишҳои миллӣ ва сиёсати созандаи давлат дар таҳкими ваҳдату ҳамбастагии  миллӣ,  тарбияи  ватандӯстӣ,  мубориза  бо таҳдидҳои  иттилоотӣ,  масъулияти  шаҳрвандӣ,  ташаккули ҳувият ва афкори миллӣ ва таблиғи дастовардҳои сиёсиву  иқтисодӣ  саҳми  назаррас  доранд.  Матбуоти тоҷик имрӯз бозгӯйи воқеият ва оинаи пешрафти ҷомеа аст.  Бо  итминон  метавон  гуфт,  ки  расонаҳои  хабарии кишвар ҳамчун василаи иттиҳоди мардум ва пойдории давлатдорӣ имрӯз дар паҳлуи давлат ва миллат қарор доранд.

Дар ин замина, Конститутсия кафили озодии сухан ва матбуот,  ҳамзамон  такягоҳи  маънавии  рӯзноманигорон низ мебошад. Зеро ҳар як маводи нашршуда дар муҳити озоди  ҳуқуқӣ  ба  нафъи  ҷомеа  ва  давлат  хизмат  мекунад.  Яъне  Конститутсия  барои  ҳар  як  қаламбадаст озодӣ ва масъулият медиҳад, арзише, ки ҳифзи он қарзи виҷдонии ҳар як журналисти тоҷик мебошад.

Дар  арафаи  Рӯзи  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  ифтихор  метавон  гуфт,  ки  ин  санади олии  ҳуқуқӣ  бо  дарбар  гирифтани  меъёрҳои  муосири демократӣ ва инсондӯстона баёнгари иродаи мардум ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои онҳо мебошад.

Озодии сухан ва матбуот, ки дар Конститутсия сабт гардидааст, бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирии давлат ва иштироки фаъоли ҷомеа ба як арзиши устувори миллӣ табдил ёфтааст.

Ҳамин тавр, Конститутсия барои ҷомеаи тоҷик рамзи муҳимми  давлатдорӣ  буда,  кафили  ҳақиқии  озодии  сухан, матбуот ва андешаи солим маҳсуб мегардад, арзи-ше, ки дар замони ҷаҳонишавии иттилоотӣ беш аз ҳар вақти дигар муҳим аст.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода