Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Конститутсия заминаи пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардумро фароҳам овардааст


Конститутсия заминаи пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардумро фароҳам овардааст




ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Қабули  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ки  дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад. Бо ифтихори бузург ва самимияти беандоза сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба муносибати 31-умин солгарди  қабули  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо иқболи нек ва зиндагии босаодат таманно менамоям.

Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки ҳуҷҷати сиёсӣ ва иҷтимоиест, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро  мегирад.  Он  ҳадафи  асосии  давлаттаъмини  зиндагии шоистаи шаҳрвандон, адолати иҷтимоӣ ва рушди устувори миллиро амалӣ менамояд. Баъди қабули ин ҳуҷҷати муҳим дар таърихи навини кишварамон марҳилаи нав оғоз ёфт ва барои беҳтар намудани дараҷаи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон ва давом додани ислоҳоти иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам омад.

Бо  вуҷуди  вазъи  душвори  сиёсиву  иқтисодӣ  ва  нобасомониву  мушкилоти  солҳои  аввали  соҳибистиқлолӣ, дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қабули  Конститутсияи  нави  мамлакат  қарор дошт,  ки  бори  аввал  дар  таърихи  давлатдории  тоҷикон аз  тариқи  раъйпурсии  умумихалқӣ  сурат  гирифта,  дар он таҷрибаву андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба  озодии  инсон,  ҳуқуқи  шаҳрванд,  ҷомеаи  демократӣ, ҳуқуқбунёд  ва  дунявӣ  таҷассуми  равшан  пайдо  намуд ва  ҳамчун  ҳуҷҷати  раҳнамои  як  давлати  комилҳуқуқ  аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати  демокративу  ҳуқуқбунёд  ва  дунявию  иҷтимоӣ, ки  дар  Конститутсияи  давлати  соҳибихтиёри  тоҷикон дарҷ  шудааст,  ягона  роҳи  дуруст  ва  таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад. Таҳия,  муҳокима  ва  қабули  Конститутсия  ба  баргузории  Иҷлосияи  таърихии  ХVI  Шурои  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи қавӣ дорад. Дар ин иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  Конститутсияи  амалкунанда  ва  дигар  қонунҳои  ҷумҳуриро мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор дода, таъкид намуданд, ки яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоиву сиёсии ҷомеа Қонуни асосӣ ва қонунҳоеанд, ки ба талаботи шароити замона ҷавобгӯ бошанд.

Маҳз  Конститутсияи  Тоҷикистон  вазифаи  эъмори давлати  демократӣ,  ҳуқуқбунёду  дунявӣ  ва  иҷтимоиро ҳамчун  мароми  халқи  Тоҷикистон  муқаррар  намудаст. Пешвои миллат изҳор намуданд, ки: “Мардум ба хотири амният ва осоишу оромӣ давлат ташкил мекунад ва табиист, ки давлат сиёсатеро дастгирӣ менамояд, ки барои таъмини зиндагии шоиста шароит муҳайё намояд”.

Маврид ба зикри хос аст, ки Конститутсия ба сифати бахтномаи  миллат  аз  ҷумлаи  муқаддасоти  миллӣ  ме-бошад ва мо вазифадорем, ки омӯхтану эҳтироми онро ба  фарзандони  худ,  яъне  наслҳои  оянда  талқин  намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, гиромидошти  арзишҳои  миллӣ,  омӯхтани  илму  дониш  ва касбу  ҳунарҳои  замонавӣ,  риояи  қонунияту  тартибот  ва эҳтироми волоияти қонун тарбия намоем.

Ҳамдиёрони азиз!

Вилояти  Хатлон  низ  дар  солҳои  Истиқлоли  давлатӣ дар  доираи  фаъолияти  меъёрҳои  конститутсионӣ  аз пешрафт  ва  таҳаввулоте,  ки  дар  кишвар  ба  вуқуъ  пайвастанд, дар канор набуда, дар фазои орому осудаи ватан бо саъю талоши сокинони шарафмандаш дар рушди тамоми  саҳоҳои  иқтисодию  иҷтимоӣ  муваффақ  гардида  истодааст.  Сифатан  беҳтар  гардидани  рушди  устувори  иқтисодии  кишвар  ба  он  мусоидат  намуд,  ки  дар вилоят  ҳазорҳо  корхонаи  саноатӣ  ва  иншоотҳои  соҳаи иҷтимоӣ  сохта  ба  истифода  дода  шуда,  баро  сокинони вилоят садҳо ҷойи нави корӣ таъмин гардад. Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 6260 иншооти банақшагирифташуда то имрӯз 5955-тоаш (95 фоиз) ба истифода дода шудааст.

Инчунин, вилояти Хатлон имрӯз иҷрои пурраи дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахтаро 100 фоиз таъмин намуда, ба хирмани давлат 254 300 тонна «тиллои сафед» супорид.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ аҳли заҳмати вилояти  Хатлон  ба  шарофати  афкору  андешаи  солиму  созанда,  хештаншиносиву  худогоҳӣ,  ватандӯстиву ватанпарастӣ  ва  иттиҳоду  сарҷамъӣ  ҳувияту  ҳастии худро  ҳифз  карда,  дар  ҷомеаи  башарӣ  ҳамчун  халқи фарҳангиву  тамаддунсоз  ва  сулҳпарвару  озодихоҳ мақоми хос доштани худро ҳифз хоҳанд кард.

Бори  дигар,  сокинони  шарафманди  вилояти  Хатлонро  ба  ифтихори  ҷашни  муқаддасу  таърихӣ  –  31-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол  самимона  шодбош  гуфта,  ба  хонадони мардуми шарафманду соҳибсаодати вилоят файзу осоиш,  тандурустиву  иқболи  нек  ва  ба  Ватани  маҳбубамон суботи ҷовидонаву пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода