Ш. Абдураҳимова: «Омӯзгорӣ пешаи муқаддас аст»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 0
![]()
Дар роҳи пуршарафи омӯзгорӣ шахсоне ҳастанд, ки бо илму хирад, меҳру муҳаббат ва садоқати комил ба касби худ на танҳо шогирдон, балки тамоми ҷомеаро руҳбаланд месозанд. Яке аз чунин инсонҳои арзанда ва муаллимаи фидокор Абдураҳимова Шаҳринисо мебошад, ки беш аз се даҳсола умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли ҷавон бахшидааст. Дар ҳаёти инсоният муаллим нақши созгор дорад. Маҳз таълиму тарбияи дурусти омӯзгор дар самти амалишавии нақшаву орзуҳо ва расидан ба қуллаи мақсуд мусоидат мекунад. Ба ин хотир, шахсиятҳои бузурги дунё нақши омӯзгорро муассир арзёбӣ карда, дар сифаташ суханони нек гуфтаанд.
Тамоми шахсиятҳои муваффақу муаррификунандаи давлату миллат парвардаи дасти муаллим мебошанд.
ДАВРОНИ КӮДАКӢ ВА ТАҲСИЛ
Шаҳринисо Абдураҳимова 12 ноябри соли 1959 дар деҳаи Ленинюлии (ҳозира Баҳористон)-и Ҷамоати деҳоти Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омада, айёми наврасиашро дар ҳамин русто паси сар намудааст.
Таҳсилоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳия гирифтааст. Аз айёми кӯдакӣ ба хондан, эъҷоди шеър ва сухани бадеӣ шавқи беандоза дошт.
Китобҳои дӯстдоштаи ӯ забону адабиёти тоҷик буданд ва дар ҳар дарси мактаб бо зеҳни тезу завқи баланд иштирок мекард. Ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ орзу дошт, ки омӯзгор шуда, ба шогирдон забони модариро биомӯзонад. Ин орзу бо заҳмати пайваста ва иро-даи қавӣ ба воқеият табдил ёфт.
ДАР ҶОДАИ ИЛМ ВА ОМӮЗГОРӢ
Баъди хатми мактаб, соли 1976 барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуда, соли 1983 онро бо ихтисоси омӯзгорӣ забон ва адабиёти тоҷик хатм намуд.
Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва №32-и зодгоҳаш оғоз кард. Ӯ бо эҳсоси баланди масъулият, меҳрубонӣ ва садоқат ба шогирдон пайваста мекӯшид, ки дар қалби онҳо муҳаббат ба илму дониш, Ватан ва арзишҳои миллиро бедор созад.
36 СОЛИ САДОҚАТ БА МАОРИФ
Фаъолияти омӯзгории Шаҳринисо Абдураҳимова зиёда аз 36 сол идома дорад. Дар тӯли ин солҳо ӯ на танҳо омӯзгори фанни забону адабиёт, балки роҳнамо ва ҳамсуҳбати доимии шогирдонаш мебошад. Дарсҳои ӯ ҳамеша бо муҳтавои бойи илмӣ, услуби равон ва намунаҳои зебои сухани адабӣ фарқ мекунанд.
Бо такя ба таҷрибаи зиёдаш, муаллима кӯшиш менамояд, ки хонандагон донишҳои назариявӣ, зебоии фикр, завқи адабӣ ва эҳсоси ватандӯстию инсонпарвариро дарк намоянд. Ҳамчун омӯзгори навҷӯ усулҳои муосири таълимро ба кор бурда, барои баланд бардоштани сифати таълим саҳми назаррас мегузорад.
Омӯзгор як умр худ меомӯзад ва дигаронро низ меомӯзонад. Худ дар гирди шамъи илму маърифат бо тамом месӯзаду ба дигарон илму дониш медиҳад, тарзи зиндагӣ карданро меомӯзад. Худро дар роҳи илму дониш ва мактабу маориф фидо месозаду дар қалби шогирд чароғи маърифатро доимо фурӯзон нигоҳ медорад.
Омӯзгори асил касест, ки фикри миллати хешро бедор, ахлоқи ӯро поку зебо ва ақли ӯро ташаккул ва рушд медиҳад. Аз ин рӯ, омӯзгорро ҳамчун таълимдиҳандаву тарбиятгар метавонем пойдевори бақои қавму миллат, эҷодгари арзишҳои муқаддаси заминаи устувор ва рушду пешравии кишвару миллат эътироф намоем. Муаллима Шаҳринисо Абдураҳмонова ба ҳамаи ин сифатҳо арзанда асту маҳз дар ҳаққи ӯ ин суханон гуфта шудаанд.
ҚАДРШИНОСӢ
Меҳнати софдилона ва хизматҳои арзандаи Шаҳринисо Абдураҳимова дар соҳаи маориф бо унвони ифтихории “Аълочии маорифи халқи СССР” қадршиносӣ гардидааст. Ин нишонаи баланди давлатӣ шаҳодати он аст, ки фаъолияти омӯзгории ӯ на танҳо дар сатҳи маҳаллӣ, балки дар миқёси ҷумҳурӣ эътироф ёфтааст.
Ҳамчунин, ӯ борҳо бо Ифтихорномаю Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шуъбаи маориф сарфароз шудааст. Чуноне, ки муаллима Шаҳринисо мегӯяд: “Бузургтарин ҷоиза эҳтиром ва муҳаббати шогирдон аст”.
ИФТИХОРИ ОМӮЗГОР
Имрӯз бисёре аз шогирдони муаллима ҳамчун омӯзгор, рӯзноманигор, корманди давлатӣ ва фарҳангшинос дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ва хориҷ фаъолият доранд. Ҳар яки онҳо муаллимаи азизашонро бо ифтихор ёд мекунанд ва бо ифтихор мегӯянд, ки маҳз суханони ӯ онҳоро дар роҳи зиндагӣ ҳидоят намуда, одамиятро омӯхтаанд.
Муаллима Шаҳринисо Абдураҳимова ҳамеша таъкид мекунад: «Омӯзгор танҳо омӯзанда нест, балки равшангари қалбу руҳи инсон аст. Агар омӯзгор ба касби хеш содиқ набошаду муҳаббат ба шогирдон ва забони модарӣ дар қалбаш надошта бошад, дарс бе таъсир мемонад». Ин андешаи хирадмандона аз таҷрибаи солҳои тӯлонии ӯ сарчашма мегирад ва барои омӯзгорони ҷавон дастури амал мебошад.
Омӯзгор бояд инсони хоксору хушгуфтор, нуктасанҷ, хирадманду дурандеш, инсонпарвару ватандӯстро омода созад, шогирдони шоистаи давронро тарбия намуда, худ зиндагии ибратомӯз дошта бошад. Дар баробари дар қалби шогирдон афрӯхтани шуълаи илму дониш ва маърифат дар онҳо ҳисси одаму одамгарӣ, ихлоси зиндагиомӯзӣ, меҳру муҳаббат, некиву некукорӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносиву худогоҳиро бипарварад.
Бо ифтихор мегӯем, ки Шаҳринисо Абдураҳимова яке аз чеҳраҳои шинохта, симои созанда ва фидокори соҳаи маориф аст, ки бо меҳнати ҳалол ва садоқати беандоза дар рушду таҳкими забон ва адабиёти тоҷик саҳми арзанда дорад. Номи ӯ дар қатори омӯзгорони варзидаи ҷумҳурӣ бо эҳтиром зикр мешавад ва фаъолияти пурбаракати ӯ намунаи ибрат барои насли имрӯзу фардои омӯзгорон мебошад.
Бале, омӯзгори асил дар давоми фаъолияти педагогиаш мекӯшад, ки илму донишро ба шогирдон бевосита диҳад, балки ба онҳо роҳу тарзи мустақилона ҷустуҷӯ намудани донишандӯзиро омӯзонад. Яъне муаллим пайваста дар талоши он аст, ки шогирдони ӯ бо завқу ҳаваси баланд, озодона, мустақилона ва эҷодкорона илму дониш гиранд. Ин аст яке аз он роҳҳои дурусте, ки омӯзгор шогирдони худро ба он ҳидоят мекунад. Муаллима Шаҳринисо аз қабили чунин омӯзгорон буда, умри азизу ширини хешро сарфи таълиму тарбияи шогирдон намудааст ва аз ин танҳо ифтихор дорад.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...