НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ. Он бояд танҳо дар истгоҳҳо қарор кунад, на сари ҳар қадам!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 23
![]()
Имрӯз автобусҳо дар бисёр хатсайрҳои шаҳри Бохтар ва берун аз он: самтҳои Бозори “Фаровон” - вокзал - деҳаи Қаҳрамон, Беморхонаи вилоятӣ, Кайҳоннавардон, шаҳри Левакант, ноҳияи Кӯшониён, Вахш ба мусофирон хизмат мерасонанд. Автобусҳо махсусан пагоҳӣ ва бегоҳӣ пур аз мусофир аст. Дар ин вақт мактаббачагону донишҷӯён ба мактабу донишгоҳҳо мераванду бегоҳӣ аз машғулиятҳо бармегарданд, ҳамчунин кормандони муассисаҳо...
Аксарияти хонандагон, ки мактабашон дар чорраҳаю гардишҳои барои исти нақлиёт манъбуда ҷойгиранд, автобусҳоро манъ мекунанд. Баъзе ронандаҳо, шояд аз дилсӯзӣ бошад, онҳоро дар ҷойҳои дилхоҳашон мефароранд. Ин бошад, барои кӯдакон хатар эҷод мекунад. Вале, агар ронандае қоидаҳои ҳаракату манъ кардани нақлиётро вайрон накарда, дар ҷойи дилхоҳи онҳо намеистад, калонсолон ба шӯр омада, ронандаро танбеҳ медиҳанд.
Барои тақвияти ин гуфтаҳо делелеро меорам. Саҳарии 14 октябри соли ҷорӣ, автобуси мусофирбар (рақами давлатиаш 30-09 ТТ 03, ронанда дар сайрхати Автавокзал-бозори “Фаровон” ба мусофирон хизмат мерасонд. Мактаббачагону донишҷӯён ва калонсолон автобусро дар гардиши самти МТМУ №9, “Дурахшон”, “Марворид”, МТМУ №6 манъ мекарданд. Вале ронанда ба онҳо фаҳмонд, ки танҳо дар истгоҳҳои махсусгардонида меистад ва қоидаи ҳаракатро дар роҳ вайрон намекунад. Ин амали ронанда аксариятро ба шӯр овард. Даъво ме-намуданд, ки дигар ронандагони автобусҳо дар ҷойҳои ба мусофирон қулай меистанду чаро ӯ аз ин саркашӣ мекунад?! “Мо аз болои ронанда шикоят мекунем”, - мегуфтанд онҳо.
Хонандаи азиз! Дар ин маврид кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ? Нахуст, ман ҳам тарафи мусофиронро гирифтанӣ шудам. Вале баъдтар худдорӣ намудам.
Ба андешаи банда, дар ин мавридҳо ронандаи ин сайрхат, ки собиқаи калони ронандагӣ дорад, дар асоси қоидаи ҳаракати роҳ рафтор намуд. Пас, чаро мо - мусофирон ронандаҳоро ба инсону одамгарӣ мехонему бо ҳамин онҳоро ба қонунвайронкунӣ тела медиҳем? Бояд одат кард, ки автобусҳо танҳо дар истгоҳҳо истода, одамонро савор кунанду фароранд. Ин албатта, аз рӯйи қоида аст. Хуб мешуд, агар ҳамаи ронандаҳо онро риоя мекарданд ва мусофирон одат менамуданд...
Хотиррасон мекунем, ки қаблан аз хатсайри бозори “Фаровон” - Левакант дар рӯзномаи “Хатлон” маводе ба чоп расонида буд. Оё он ислоҳи худро ёфт?
С. АТТОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...