Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲАМОИШИ МУТАНТАН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ҲАМОИШИ МУТАНТАН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН




5 ноябр дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 31-умин солгарди қабули бахтномаи миллат ва яке аз шаҳсутунҳои кохи давлатдории навини худ - Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлолро ба тамоми мардуми шарафманди вилояти Хатлон шодбош гуфт. Қайд гардид, ки Конститутсия санади муқаддаси миллӣ, пояи устувори давлатдорӣ ва нишонаи сатҳи рушди ҳуқуқиву сиёсии ҳар як давлат мебошад. Он асоси давлатдории навини тоҷикон, пояи ҳуқуқии истиқлолияти миллӣ ва кафолати зиндагии шоистаи мардум гардид.



- Дар давраи пурташвиши таърихӣ маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо иродаи қавӣ ва хиради сиёсӣ ҷомеаро аз гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун оварда, барои эҳёи давлатдории миллӣ ва қабули Конститутсия замина фароҳам созанд, - афзуд раиси вилоят. - Бо қабули он марҳалаи нави давлатдорӣ оғоз гардид, ки имрӯз Тоҷикистонро ба кишвари устувор, ҳуқуқбунёд ва рушдёбанда табдил додааст.

Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусияти миллӣ мебошад. Он бо иродаи мардум қабул шуда, арзишҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи тоҷикро инъикос менамояд.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода низ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли толор ва сокинони шарафманди Хатлонзаминро ба муносибати Рӯзи Конститутсия ва ҳамзамон иҷрои дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта муборакбод гуфт. Қайд гардид, ки дар шароити ҷаҳони пуртазод ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки меъёрҳои Конститутсияро риоя намуда, ба сулҳу субот, амният ва ваҳдати миллӣ содиқ бимонад.



Дар ҳамоиши тантанавӣ бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру навоии вилояти Хатлон бунёду таъмир ва азнавсозии 6260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз 5955 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Аз он ҷумла дар соли ҷорӣ 1154 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, 1887 адад ба истифода дода шудааст, ки 165 фоизро дар бар мегирад. Ин раванд аз вусъати созандагиву бунёдкорӣ ва таъмини фардои босаодати сокинони вилоят шаҳодат медиҳад.



Ҷашни Конститутсия на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки ҷашни иттиҳоду саодати миллӣ мебошад. Изҳори итминон гардид, ки чорабинии имрӯза ба таҳкими волоияти қонун, татбиқи сиёсати хирадмандонаи давлат ва рушди устувори вилоят такони нав мебахшад.
Дар қисмати дувуми маҷлиси тантанавӣ барномаи пурмуҳтавои ҳунарӣ тақдими аҳли толор гардид.

Рӯзномаи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода